ТО НАФАС БОҚИСТ ДАР ТАН, КОР МЕБОИСТ КАРД…

03 июн 2025, Сешанбе
40
ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ С. ЯТИМОВ «САДРИДДИН АЙНӢ ВА ИНҚИЛОБИ МАДАНӢ» «ҶУМҲУРИЯТ», 21.05.2025, № 101
Шодравон С. Табаров таъкид доштааст: «Мусаннифи ин сатрҳо (Соҳиб Табаров) омӯзиши ҳамаҷонибаву мукаммали ҳаёт ва эҷодиёт, ба вуҷуд овардани таснифоти шаҷараву солнома, мураттаб сохтани Энсиклопедияи Садриддин Айнӣ, навиштани даҳҳо рисолаҳои гуногунмавзуи илмӣ ва ҳалли даҳҳову садҳо дигар масъала ва муаммоҳои ба зиндагӣ, хулқу атвор, рафтору кирдор, муносибатҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ, иҷтимоию сиёсӣ, адабию бадеӣ, таълимию дидактикӣ, динию ахлоқӣ ва ғайраҳоро вазифаи айнишиносони даҳсолаву асрҳои минбаъдаи чи халқи хеш ва соири халқҳои дигар ҳисоб менамояд”. (С. Табаров. Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ (1875-1899). Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни факултетҳои гуманитарӣ. – Душанбе: Матбуот, 2008.-479 с. – С. 4-5).
Нашри мақолаи пурарзиши ходими давлатӣ, сиёсатшинос С. Ятимов ба унвони «Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ» дар айнишиносии тоҷик на танҳо як диди нав, балки як такони ҷиддие барои таҳқиқи бештари афкор ва осори ин устоди зиндаёд дар даврони истиқлоли миллӣ мебошад.
Дар айнишиносии тоҷик дар замони шуравӣ даҳҳо рисолаҳои илмӣ, садҳо мақолаҳои пурарзиш таълиф шуда бошанд ҳам, аммо дар даврони истиқлоли миллӣ аз диди нав таҳқиқи афкори фалсафию иҷтимоӣ, сиёсӣ, диниву ҳуқуқӣ ва иҷтимоию ҷамъиятии устод Садриддин Айнӣ дар сатҳи зарурӣ мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор нагирифтааст.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Корномаи мондагори устод дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ӯ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст. Дар ин хусус худи устод дар мақолааш бо номи «Тақдири як халқ» навишта буд: «Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзуъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин китобҳо – дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кӯҳистони ман, дар бораи хоки муқаддас, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳафт ба худ номи «тоҷик»-ро гирифт».
Профессор С. Ятимов дар муқаддимаи мақолааш аз корномаи беназири устод Садриддин Айнӣ ёдовар гардида, қайд намудааст: «Муҳимтарин масъалае, ки устод Садриддин Айнӣ ҳаёти худро ба ҳаллу фасли он сарф намудааст, тарғиби зарурати донишандӯзӣ, маърифаткунонии саросарӣ, ташвиқи оммаи мардум барои расидан ба истиқлоли руҳиву равонӣ ҷиҳати ноил гаштан ба пирӯзии инқилоби маданӣ, таъсис, рушд ва пойдории давлати миллии тоҷикон буд».
Ҳангоми мутолиаи мақола аз оғоз хонанда дарку эҳсос менамояд, ки муаллифро «раванди ташаккули мафкураи қисме аз насли ҷавон самти диалектикии инкори баръакс – буҳрони хавфноктар аз замони Айниро касб кардааст» ҳамчун фарди худогоҳ, ходими давлатӣ, сиёсатшинос нигарон намуда, бо такя ба принсипи таърихии дарки воқеияти ҳастӣ дар заминаи як мақолаи илмии дар сатҳи академикӣ муҳокимаронӣ намудааст. Ҷомеа, махсусан, айнишиносон, зиёиёнро низ даъват намудааст, ки таълифоти минбаъдаи хешро бо такя ба принсипи таърихии дарки воқеияти ҳастӣ ба роҳ монанд.
Мебинем, ки агар даврони тоинқилобии зиндагии устод Садриддин Айнӣ хурофотпарастӣ, ҷаҳолати динӣ, решаи ҷаҳл ҳувияти миллии мардуми тоҷикро пароканда намуд, пас дар солҳои 90-уми асри ХХ, ҷаҳонбинӣ ва идеологияи хурофотӣ сабаб гашт, созмонҳои экстремистиву террористӣ давра ба давра шакл бигиранд.
Имрӯз ифротгароӣ дар шаклу равишҳои дигар зоҳир гардида истодааст. Муаллифи мақола сарчашмаи онро дар панҷ омил ба таври хеле асоснок аз нигоҳи илмӣ, таҳлили воқеӣ ошкор ва муайян намудааст. Аз ҷумла: камбуди тарбия дар шароити оила, нотавонии мактаб, заифии муҳити маънавӣ, инфрасохтори ташаккули ҳисси ватандории баробарвазн ба ҷаҳонбинии таассубгароёна, адами масунияти (иммунитети) ақидавӣ дар муқобили таҳрики ғояҳои зиддимиллӣ.
Ҳар як омили овардаи муаллифи мақола дар назди институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ходимони илм вазифаҳои мушахасро мегузорад, то дар доираи панҷ омили зикргардида барои таҳкими истиқлоли миллӣ ва ваҳдат, амну суботи ҷомеа, корҳои муҳимро анҷом диҳанд.
Мавзуи баҳси муаллиф дар заминаи як мақола агар хотиррасон кардани заҳматҳои эҷодии беназир ва мондагори устод Садриддин Айнӣ бошад, аз тарафи дигар муаллиф ба василаи ҳамин мақола ва таълифоти анҷомдодааш, кӯшиши наздик кардани адибон ва адабиёти муосирро ба дарки ҳолати буҳронии руҳиву равонӣ ва воқеияти вазъи маънавии қисме аз аъзои ҷомеаи имрӯза медонад.
Агар ба сохтори мақолаи муаллиф назар намоем, мебинем, ки дар бахшҳои «Зарурати иҷтимоии айнишиносӣ», «Садриддин Айнӣ- сарчашмаи маънавии таъсис ва таҳкими сохти давлатдорӣ», «Айнӣ- доҳии адабиёти навини тоҷик» як консепсияи навро дар самти айнишиносӣ ба таври хеле мушаххас пешниҳод кардааст.
Муаллиф дар мақола оид ба мушкили аслӣ ва фоҷиабори миллати тоҷик дар тули асрҳо хеле дақиқ ва дуруст хулосабарорӣ намудааст. Чунончи: «Акнун ҳамарӯза шоҳиди он муаммое ҳастем, ки ҷаҳолат, таассуб, торикӣ, бефарҳангӣ, нодонӣ, чорагарӣ, бедонишиву носипосӣ, осоиш аз омӯхтан, илмситезӣ ва натиҷаи он оҳарманӣ – ҳанӯз ҳам дар ҳазор шакли хурофот дар муқобили сохти давлатдорӣ, донишситоӣ, ақлгароӣ, нексиголӣ, додгарӣ, ватанпарварӣ, хидматгузорӣ ба халқу миллат, рисолатшиносӣ, ҳушмандӣ, балоғатсолорӣ, номусгароии аҳли Аҷам муборизаи ошкору пинҳон мебаранд. Дар олами ғаразпарвар растагор меҷӯянд. Пуштибон меёбанд. Гоҳе муваффақ ва дастболо мешаванд».
Таъкид ҳам мекунад: «Ба ҳамаи ин суолҳо дар осори ҷовидонаи Садриддин Айнӣ посух ёфтан мумкин аст. Онҳо дастур ва роҳнамои маорифи халқ мебошанд, на танҳо барои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ».
Воқеан, азамату шаҳомати устод Садриддин Айниро на ҳама насли даврони истиқлол дарку эҳсос менамояд. Иқрор ҳам бояд шуд, дар айнишонсии тоҷик ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, динии ин абармарди таърих дар заминаи осори пурқимматаш ба таври зарурӣ таҳқиқ нагардидааст.
Муаллифи мақола дуруст ва саривақтӣ зикр намудааст: «Бартарии Садриддин Айнӣ дар кори эҷодӣ, дар замири як шахс тавъам омадани хотироти таърихӣ, истеъдоди камназири нависандагӣ бо донишманди бузурги илмҳои таърих, мардумшиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва руҳшиносист. Баркамолӣ ва безаволии асарҳои бадеии ӯро низ сабаб ҳамин аст».
Имрӯз зарурат ба миён омадааст, ҳакамони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҳама давраҳои озмун ба таври ҳатмӣ, дар муассисаҳои таълимӣ ҳангоми баррасии мавзуи устод Садриддин Айнӣ, афзалияти ин абармарди тоҷикро нисбат ба Уилям Шекспир, Иоган Волфанг Гёте, Оноре де Балзак, Лев Толстой, Робиндранат Такур ва дигарон дар матонат, ҷасорат, аз худ гузаштанҳо, мубориз будан ва руҳияи инқилобӣ доштани ӯст, нишон дода тавонанд.
Омӯзиши осори устод Садриддин Айнӣ дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, томактабӣ низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Масалан, дар зинаи томактабӣ тавассути расмҳо вобаста ба мазмуни қиссаи «Мактаби куҳна» ва дар синфҳои 1-4 омӯзиши пурра ва ҳатмии қиссаи мазкур беҳтарин дастур барои пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ мебошад.
Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ низ новобаста аз ихтисосу равияҳо курси махсуси оид ба шахсияту осори устод Садриддин Айниро ба роҳ мондан зарурат дорад. Зеро дар осори гаронбаҳои устод Садриддин Айнӣ масъалаҳои тарбияи оилавӣ, оиладорӣ, мактабу маориф, китобу китобхонӣ, сарфаю сариштакорӣ, тибу кишоварзӣ, санъат, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва аз ҳама муҳим худогоҳии миллӣ ба таври барҷаста инъикос гардидааст.
Инҷониб, тарафдори хулосабарориҳои муаллифи мақола дар масъалаи «Садриддин Айнӣ ва инқилоб» ҳастам, зеро ҳар нафаре, ки ба таҳқиқ, мутолааи осори устод Садриддин Айнӣ даст меёбад, набояд устодро аз инқилоб ҷудо намояд. Мебинем, баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ оид ба масъалаи устод Садриддин Айнӣ ва Инқилоби Бухоро баҳсу мунозира менамоянд. Ҳамин гурӯҳ бо ғаразҳои нопоки худ, мехоҳанд насли имрӯзаро мағзшӯйӣ намуда, ба ҳамин васила муҳаббат ва самимиятро нисбат ба устод Садриддин Айнӣ дар ҷомеа дур намоянд.
Муаллифи мақола дар мавзуи рӯз вобаста ба «фанатизми динӣ ва тантанаи шабаҳи фарогири бадбахтӣ» пайравони устод Садриддин Айнӣ, яъне ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро чунин огоҳ намудааст: «Аз Шимолу Ҷанубу Шарқу Ғарб акси садои ҷаҳолат, ифротгароӣ ва терроризми идорашавандаи маҳсули адами адабу фарҳангу масъулияти ватандорӣ баланд мешавад. Ана ҳамин аст, ба назари мо, суоли матраҳ ба «пайравони (имрӯзаи) Айниву Турсунзода», масъалаи коҳилии баҳсбарангези муҳандисони руҳ ва самтгирии маънавӣ дар мавзуи рӯз – фанатизми динӣ ва тантанаи шабаҳи фарогири бадбахтӣ».
Муаллифи мақола ба таври воқеӣ зикр намудааст: «Садриддин Айнӣ медонист, ки натиҷаи муборизаи ҳазорсолаи миллати тоҷик ба муқобили нимғуломдорӣ тавассути Инқилоби Бухоро, мисли ҳадяи таърих ба орзуву омол ва фаъолияти ҷоннисоронаи халқи ӯ амалӣ гардид. Мутафаккир, ҳамчун фарзанди намаксипос, ки аз хислатҳои ҳамидаи халқи бузургаш аст, ин инқилобро бо ташбеҳи «машъали рахшони адолат» ва «мурғи ҳумо» васф кард. Ҷавонмардона, бе дудилагӣ дар олами ақибмондаи хатарнок, пешгӯинашавандаи сиёсӣ ва иҷтимоии асримиёнагии Шарқ, худро шогирди чилсолаи Инқилоб эълон намуд. Инқилобе, ки асли онро дунявият ташкил мекард».
Воқеан, устод Садриддин Айнӣ роҳи аз вомондагӣ раҳонидани ҷомеаро дар равшан сохтани мардум медид. Аз ин рӯ, масъалаи инқилоби маданиро дар осораш ба миён гузошт.
Мавзуи матраҳнамудаи муаллиф дар шакли як мақола хеле рӯзмарра мебошад ва роҳнамоест барои шинохти минбаъдаи устод Садриддин Айнӣ дар даврони истиқлоли миллӣ. Чунин мақолаҳо дар баробари дар нашрияҳои ҷумҳурӣ нашру бознашр гардидан, зарур аст, ки бо забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, арабӣ тарҷума ва дар маҷаллаҳои бонуфӯзи сатҳи байналмилалӣ чоп шаванд.
Зеро дар даврони истиқлоли миллӣ дар айнишиносии тоҷик, нигоштаҳои муаллиф як диди нав, таҳқиқи бунёдӣ мебошад. Таъкид ё хитоби муаллифи мақола барои ҳар як шахси бедордил, ҳушманд раҳнамоест дар ковишҳои минбаъда дар самти айнишиносӣ. Дар анҷоми мақола, муаллиф таъкид доштааст: «Дар давраи навини Истиқлоли давлатӣ, ки худшиносии миллӣ аз муҳимтарин масъалаи суботи давлатдорист, ҷойи Айнӣ ҳамчун олим ва адиби мубориз холист.
Муҳим ба назар мерасад, мисли ҷонфидоиҳои устод Садриддин Айнӣ, ки раҳбарии инқилоби мадании тоҷикро сад сол қабл ба уҳда гирифта, дар он пирӯз гашта буд, тавонем, то бори дигар «ҷаҳонро ба бад наспарем», ангуштнамои таърих нагардем.
Мавзуи рӯзмарра ҳамин аст».
Қурбоналӣ РАҲИМОВ,
корманди Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 03.06.2025 №: 110