ХОКБОРИШИ ШАДИД. САБАБ ДАР ЧИСТ?
Чанд рӯзи охир дар ҷумҳурӣ вазъи боду ҳаво бебориш ва чангу ғуборолуд ба назар мерасид, ки мутахассисони соҳа онро дар қиёс ба солҳои пешӣ хокбориши шадид меҳисобанд. Хокбориш, асосан, аз минтақаҳои нимбиёбон ва шимолии Афғонистон ба кишвари мо ворид гардида, нахуст, қисми зиёди ноҳияҳои вилояти Хатлонро фаро гирифт. Мувофиқи иттилои Ҷамила Байдуллоева, муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, чунин вазъи боду ҳаво дар натиҷаи муддати тулонӣ наборидани борон ва шиддат гирифтани шамол дар минтақаҳои ҷануби кишвар ва шимоли Афғонистон ба амал омадааст. Хокбориш фақат дар он ҳолат рух медиҳад, ки агар дар атмосфера тағйир ёфтани фишор ва шиддат гирифтани шамол сурат гирад. Дар чанд рӯзе, ки чангу ғубор дар минтақаи Хатлон зиёд буд, шиддатнокии шамол бо суръати 20 метр дар як сония вазид. Рӯзи 18 апрел азбаски дар бештари минтақаҳои вилояти Хатлон, инчунин, дар қисмати шимоли Афғонистон боришот ба амал омад, чангу ғубор то як андоза кам шуд. Инчунин, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғд борони бошиддат борида, оғоз аз 19 апрел вазъи боду ҳаво муътадил гашт. Якбора сард шудани ҳарорати ҳаво рӯзи 18 апрел низ, ба ниҳоят зиёд будани чангу ғубор рабт дорад, зеро аз ҳисоби ғафсии чангу ғубор қабати зиёди абрҳо пеши роҳи гармии Офтобро гирифт.
Хокбориш ё боди афғонӣ дар кишвари мо ҳамасола ба вуқуъ меояд. Аз ин рӯ, он миёни мардум ҳамчун боди афғонӣ маъмул гаштааст. Ба андешаи мутахассисон, мавсими сар задании хокбориш, асосан, моҳҳои июн, июл ва август мебошад. Ин гуна чангу ғубор ва ҳаракати онҳо одатан барои фасли баҳор хос нест, зеро аз рӯи иқлими кишварамон дар ин мавсим бояд боришот бештар ба амал ояд. Аммо тавре маълум гардид, аз сабаби кам боридани борон қабати болоии замин хушк шуда, дар натиҷаи вазидани шамоли шадид чангу ғубор ба атмосфера ҳаракат кард. Гуфтан мумкин аст, ки барои мавсими баҳори имсола чунин хокбориш шадид арзёбӣ мешавад.
Албатта, ба амал омадани чунин тағйирот дар вазъи боду ҳаво аз таъсири дигаргуншавии иқлим низ ҳаст. Чунки тағйирёбии иқлим на танҳо дар баландшавии ҳарорати ҳаво зуҳур меёбад, балки он дар тағйир ёфтани ҳаракати ҷараёнҳои атмосферӣ низ, намоён мешавад. Шамол ҳам дар он вақт пайдо мегардад, агар тафовут дар анбуҳи ҳаво ба миён ояд. Маҳз тағйир ёфтани ҷараёнҳои атмосферӣ боиси тағйири боду ҳаво шудааст. Барои мисол, дар нимаи аввали моҳи апрел дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво хунук буд, вале дар баробари ин, дар минтақаҳои Хатлон, аз ҷумла дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён, ҳарорат якбора то 36 дараҷа гарм шуд, ки ҷараёнҳои атмосферии ғайримуқаррарӣ ба вуқуъ пайвастанд. Вазидани шамоли шиддатнок низ, хоси минтақаи мо нест, он аз дигар минтақаҳо ҳаракат мекунад.
Тибқи пешгӯиҳо, дар ҷумҳурӣ оғоз аз 28-уми апрел эҳтимоли боридани борон дар назар аст.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.04.2023 №: 85