ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА БАҚОИ ОДАМУ ОЛАМАНД

05 июн 2025, Панҷшанбе
17
Дар охири қарни XX ва ибтидои садаи XXI инсоният ба хатари ҷиддие, мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсондану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон таҳмил кунанд, ки дар натиҷа, одамони бегуноҳ қурбон мешуданд. Махсусан, ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд ва доираи фаъолияти террористон васеъ гардид.
Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави амалҳои террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.
Дар ибтидои солҳои истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳу созмонҳо ташкил шуданд. Ин гурӯҳу созмонҳо дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд, ки ниҳоят ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сабаб шуд. Танҳо хиради азалии мардум, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор ва истиқлолияти давлатӣ боз ҳам комил гардад.
Ҳоло хатари экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) бештар ба давлатҳои мусулмонӣ таҳдид менамояд. Дар ин робита саволе ба миён меояд, ки чаро чунин зуҳурот бештар дар давлатҳои мусулмонӣ ба вуҷуд омадаанд ва ё меоянд? Мо мебинем, ки дар аксар ҷомеаҳои мусулмонии қитъаи Осиё меъёрҳои содатарини давлати ҳуқуқбунёд аз истифода берун мондаанд. Беқонунӣ дар бисёр мавридҳо ҳамчун қоида ва хусусияти муносибати ҷамъиятӣ ба назар мерасад. Сиёсишавии ислом ва истифодаи фаъолонаи он аз тарафи доираҳои сиёсии як зумра кишварҳо барои ба даст овардани манфиатҳои гурӯҳиашон омили муҳим гардид. Дар баъзе ҳолатҳо дини мубини исломро гурӯҳҳои ғаразхоҳ ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки баъзан характери ҷиноятӣ ба худ гирифта буданд, пайваст намуданд. Риояи қатъии волоияти қонун дар Тоҷикистон ва заҳматҳои шабонарӯзӣ, сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки пеши роҳи ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи мо гирифта шавад. Мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмию бародарӣ зиндагӣ кунанд.
Тавре аснои таҳлили матолиби воситаҳои ахбори оммаи электронию чопии мамлакат дида мешавад, дар умум, ҷомеаи кишвари мо, алайҳи терроризму экстремизм мавқеи оштинопазир нишон медиҳанд. Рӯзноманигорону аҳли адаб мардумро ба ватандӯстӣ, ҳифзи марзу бум, якдигарфаҳмӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ба қадри сулҳу суботи комил расидан даъват менамоянд. Зери унвонҳои «Назаре ба табиати терроризм ва экстремизм», «Тоҷикистон – пешоҳанги мубориза алайҳи ифротгароӣ», «Роҳҳои пешгирии ифротгароӣ», «Терроризм ва экстремизм дастгоҳи маҳвкунандаи давлатҳост!», «Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем!», «Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ», «Аз хатари терроризми наҳзатӣ эҳтиёт бояд кард?» «Таҳаммулгароӣ – омили пешгирии ифротгароӣ» пайваста нашр мешаванд, ки далели ин гуфтаҳоянд.
Ҳоло зарур аст, ки барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азиз, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ боз ҳам тақвият дода шавад. Чун сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он нигаронда шудааст, ки тамоми гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷамъиятҳои ғайриқонунӣ маҳв гардида, мардум дар фазои амну осоиш зиндагии босаодат дошта бошанд.
А. АБДУЛЛОЗОДА, прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 05.06.2025 №: 112