ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БАХШИДА БА ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ ОИД БА ИЛМҲОИ ЯХШИНОСӢ (КРИОСФЕРӢ), СОЛҲОИ 2025-2034

10 июн 2025, Сешанбе
20
8-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар чорабинии имрӯза ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ иштирок дорад.
Дар суханронии худ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи ташвишовари тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли ин мушкилот ибрози андеша карда, як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.
Таъкид гардид, ки то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ буда, дар рушди ҳамаи соҳаҳо ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд.
Аз раванди ташвишовари обшавии босуръати пиряхҳо ва пайомадҳои харобиовари он ёдовар шуда, Президенти кишвари мо изҳор доштанд, ки оқибатҳои ин раванд ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳо зарари калон расонда, ба ҳаёти одамон таҳдид менамоянд.
Тадбирҳои мушаххаси андешидаи Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани устувории муҳити зистро таъкид сохта, Сарвари давлат иброз доштанд, ки кишвари мо тайи бист соли охир дар арсаи ҷаҳон рӯзномаи обу иқлимро бо муваффақият пеш мебарад.
“Ташаббусҳои мо дар самти обу иқлим аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, мавриди татбиқ қарор гирифтаанд”, – гуфтанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ) аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.
Ба андешаи Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин хусус аҳамияти ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти илму таҳқиқотҳоро дар соҳаи криосфера ба таври возеҳ тасдиқ кард.
Роҳбари давлати мо бо қаноатмандӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба эълон кардани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷалб намуданд.
Таъкид шуд, ки охири моҳи майи соли равон Тоҷикистон дар асоси қатъномаи марбутаи Маҷмаи умумии СММ нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ кард. Доир ба ҳадафҳои ин чорабинии сатҳи баланд андеша ронда, Сарвари давлат изҳор доштанд, ки нахустин Конфронси байналмилалӣ барои сафарбар кардани иродаи илмӣ ва сиёсӣ ба дарёфти роҳҳои ҳалли устувори ҳифзи сарчашмаи оби тоза, яъне пиряхҳо, заминаи мусоид фароҳам овард.
Аснои суханронӣ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабиниро ба масъалаҳои коҳишёбии бесобиқаи криосфера ҷалб намуданд.
Зикр шуд, ки раванди коҳишёбии криосфера ба зиндагии босуботи мардуми сайёра таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда, метавонад то соли 2050 ба як миллиард нафар аҳолии минтақаҳои наздисоҳилӣ ва ҷазиракишварҳо таъсири назаррас расонад.
Дар зимн, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки ба инобати аҳамияти пиряхҳо ва бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносиро таъсис диҳем.
Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳон даъват намуданд, ки ҳамкорӣ баҳри ҳифзи криосфера ва тақвияти илмҳои криосферӣ дар ҳамаи сатҳҳо густариш дода шавад.
Дар Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнус, ки чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034, дар доираи он баргузор гардид, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 65 кишвари ҷаҳон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва роҳбарони як қатор созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ иштирок мекунанд.
Ҳамоиши сатҳи олӣ барои Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари пешво дар умури обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ифтитоҳ намуданд. Сипас, маросими ифтитоҳ бо суханронии Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле идома ёфта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон ҳусни анҷом ёфт.
Санаи нашр: 09.06.2025 №: 113