ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ МЕҲМОНОН АЗ ТАШАББУСИ ЗИНДАГИСОЗИ ТОҶИКИСТОН

10 июн 2025, Сешанбе
6
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо боз як саҳифаи нав дар ҳалли мушкилоти умдаи дунё – обшавии пиряхҳо мебошад, ки охири моҳи май Тоҷикистон мизбони он буд. Қабл аз баргузории Конфронс, меҳмонони воломақом ба пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, ташриф оварданд ва бо Сарвари давлат вохӯриҳои судманд анҷом доданд. Дар ҳошияи вохӯриҳо муҳимтарин масъалаҳо матраҳ гардиданд, ки баёни фикру андешаи меҳмонон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма баъд аз дидор бо Президенти мамлакат далели ин гуфтаҳост.
Амина Муҳаммад, ноиби Дабири кулли СММ, ташаббуси Ҷаноби Олиро намунаи олӣ барои муттаҳид сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баррасии мушкилоти ҷиддии иқлимӣ арзёбӣ намуда, аз ҷумла баён дошт: «Имрӯз мо шоҳиди обшавии босуръати пиряхҳо ҳастем, ки оқибатҳои он нигаронкунанда аст. Илова ба ҳифзи манбаи оби тоза, мо бояд ба мутобиқшавӣ таваҷҷуҳ намоем. Барои кишварҳои осебпазир бояд захираҳои молиявӣ ҷалб шаванд».
Директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуарте пас аз мулоқот бо Пешвои миллат чунин гуфт: «Мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи гарму самимӣ ва иродаи қавӣ барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим арзи сипос намоям. Маҳз таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳонӣ Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро эълон кард ва 21-уми мартро чун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил менамояд. Ин қадамҳои таърихӣ мебошанд, ки нақши муҳими Тоҷикистонро дар ҷалби таваҷҷуҳ ба зарурати фаврии ҳифзи пиряхҳо на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои миллиардҳо сокини сайёра нишон медиҳад».
Ноиби Президенти Бонки осиёии рушд Ингминг Янг саҳм ва пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурди барномаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз қабили истифодаи оқилонаи захираҳои оби фаромарзӣ ва ҳифзи пиряхҳо, дорои арзиши бузург хонд. Аз баргузории Конфронс дар Душанбе гарм истиқбол намуда, иброз дошт, ки коҳишёбӣ ва нобудшавии пиряхҳо ба ҳаёт ва зиндагии зиёда аз 2 миллиард аҳолии сайёра таҳдид мекунад. Барои муқовимат бо ин раванд зарур аст, ки тадбирҳои фаврӣ ва бетаъхир амалӣ гарданд. Ӯ, ҳамзамон, иттилоъ дод, ки солҳои оянда Бонки осиёии рушд барои дастгирии нуҳ кишвари осебпазир дар раванди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳо ва пешбурди рушди устувор, беш аз 3,5 миллиард доллари ИМА ҷудо хоҳад кард.
Иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи муовини якуми Президенти Зимбабве Константино Чивенгаро ба худ ҷалб намуд. Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон дар самти тавлиди «энергияи сабз» таҷрибаи нодир дорад ва ҳоло дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад. Зимбабве ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика манфиатдор аст, зеро бе неруи барқ ҳеҷ кишвар наметавонад рушд кунад.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки меҳмонони баландпоя аз рафти сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дидан карданд. Ингминг Янг нақши калидии Неругоҳро дар таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ва минтақа таъкид сохта, онро рамзи умед, рушду пешрафт ва ояндаи дурахшон арзёбӣ кард. Инчунин, ҳайати Бонки осиёии рушд бо ҷузъиёти татбиқи лоиҳаи иншооти аср, тарҳрезии муҳандисӣ ва тадбирҳои ҳифзи муҳити зист шинос гардид.
Ба андешаи Константино Чивенга, НБО «Роғун» дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, кишварҳои ҳамсоя ва дар маҷмуъ, минтақа нақши муҳим мегузорад.
Дар умум метавон гуфт, ки ин Конфронс, дар баробари роҳҳои ҳалли яке аз мушкилоти умдаи ҷаҳонро ба гӯши аҳли башар расондан, дар боло рафтани имиҷи Тоҷикистон низ нақш гузошт. Тули чор рӯз 2500 меҳмони дохиливу хориҷӣ меҳмони Тоҷикистон буду ҳама бо таассуроти нек ба ватани худ баргаштанд.
Комрон САФАРЗОДА,
корманди Хадамоти матбуоти
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 09.06.2025 №: 113