РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

10 июн 2025, Сешанбе
8
Саҳми олими варзида Комилзода Давлатҷон дар рушди соҳаи парандапарварӣ, ки яке аз бахшҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ мебошад, бузург аст. Ӯ аввалин доктори илм ва академики соҳаи парандапарварӣ доир ба коркард ва такмили технологияи саноатии истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна мебошад.
Комилзода Давлатҷон соли 1950 дар ноҳияи Деваштич ба дунё омада, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва баъдан аспирантураи Академияи кишоварзии ба номи К. А. Тимирязеви шаҳри Москваро хатм намудааст. Фаъолияти илмии Давлатҷон Комилзода ба селексия, технология ва ғизодиҳии парандаҳои кишоварзӣ бахшида шудааст. Доир ба усулҳои самарабахш намудани истеҳсоли тухм дар шароити Тоҷикистон рисолаи докториро дар Москва дифоъ намуда, узви вобастаи АИКТ ва соли 2015 академики АИКТ интихоб гардид. Ӯ асосгузори мактаби илмӣ ва таълимии соҳаи парандапарварӣ дар Тоҷикистон аст. Бо ташаббусу роҳбарии ӯ бори аввал дар Институти чорводорӣ ва чарогоҳ озмоишгоҳу шуъбаи илмӣ доир ба парандапарварӣ, дар факултети зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур бахши зоотехник-парандапарвар, инчунин, кафедраи парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ таъсис ёфтанд.
Дар натиҷаи таҳқиқоти бисёрсола ва маҷмуавӣ бо роҳбарӣ ва иштироки ӯ се дурагаи мурғони сертухм офарида шуда, ҳафт зоту кроссҳои сермаҳсули мурғон, мурғобию мурғи марҷон ва чор зоти бедона ва кабк муайян гардида, дар истеҳсолоти хоҷагиҳои парандапарварии ҷумҳурӣ татбиқ шуд. Инчунин, технологияи самараноки парвариши чӯҷаҳои мурғу мурғобӣ, реҷаҳои нигаҳдории мурғони сертухм ва бедона, беҳтар намудани сифати тухми онҳо тарҳрезӣ гардиданд. Бори аввал хӯрокиҳои ғайрианъанавии серсафедаи маҳаллӣ (чойҷуворӣ, тритикале), орди кирмаки пилла ва иловаҳои минералдор (бентонит, палигорскит, оҳаксанг) омӯхта шуда, меъёрҳои самараноки истифодаи онҳо дар ғизои чӯҷаю мурғон ва бедонаҳо коркард шуда, аз он хоҷагидорон ба таври васеъ истифода мебаранд.
Натиҷаи корҳои илмии ӯ дар хоҷагиҳои парандапарварӣ, деҳқонию инфиродии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар амал татбиқ гардида, барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо, бештар гардидани истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамоянд.
Комилзода Давлатҷон муаллифи зиёда аз 310 асари илмӣ, аз ҷумла 36 китобу монография, 28 тавсиянома ва дастурамали таълимию методӣ, 16 таклифи беҳсозию навоварӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ ёздаҳ номзаду доктор ва магистрҳо рисолаи илмӣ, аз ҷумла аз ҷумҳуриҳои Эрон ва Афғонистон, дифоъ кардаанд.
Номбурда барои хизматҳои шоёнаш бо медали Хизмати шоиста, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони фахрии Ҷамъияти «Дониш», Дипломи АИКТ, ҷоизаи АМИТ ба номи академик С.Умаров, унвони Олими беҳтарини илми кишоварзӣ ва Аълочии маориф ва илми ҷумҳурӣ, унвони Доктори фахрии Маркази илмии агробиотехнологияи Сибири Академияи илмҳои Россия сарфароз гардидааст.
Амонулло САЛИМЗОДА,
президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Санаи нашр: 09.06.2025 №: 113