ХАТЛОН. ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ХОВАЛИНГУ БАЛҶУВОН
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва, инчунин, боздид аз ҷараёни корҳои саҳроӣ ба ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон сафари корӣ анҷом дод.
Раиси вилоят дар ноҳияи Ховалинг бо ҷараёни сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-уми деҳаи Таги Ҷар шинос шуд. Бино аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхона мебошад ва барои таҳсили 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гаштааст. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки то имрӯз беш аз 80 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.
Сипас, Давлаталӣ Саид аз хоҷагии деҳқонии “Суруш”, воқеъ дар деҳаи Гулзор дидан кард.
Хоҷагӣ дорои 21 гектар замин буда, дар 7 гектар боғ бунёд намуда, дар 0,5 гектар картошка, 12 гектар юнучқа ва 1,5 гектар сабзавот кишт кардааст.
Дар идома Давлаталӣ Саид аз хоҷагии деҳқонии “Холиён” дидан кард. Хоҷагии мазкур 3 гектар замини обӣ дошта, дар 1,5 гектар картошка, 1 гектар ғалладона ва 0,5 гектар сабзавот кишт кардааст.
Дар суҳбат бо деҳқонон раиси вилоят таъкид кард, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, хусусан дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдаст, омили муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии сокинон маҳсуб меёбад. Раиси вилоят пешниҳод намуд, ки баҳри васеъ кардани заминҳои кишт, афзоиши ҳосилнокӣ ва баланд бардоштани самаранокии меҳнат аз таҷҳизоти замонавӣ истифода бурда, бо ҷалби мутахассисон машваратҳои илмӣ-амалиро ба роҳ монанд.
Сипас, Давлаталӣ Саид аз ҷараёни сохтмони 10 хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Айлодара, ки барои оилаҳои камбизоат ва бесаробон дар доираи иқдоми башардӯстона бо дастгирии молиявии Амороти Муттаҳидаи Араб тавассути Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Тоҷикистон” сохта мешавад, дидан кард. Тибқи лоиҳа, ҳар як хонаи истиқоматӣ аз се ҳуҷра, ҳаммом ва долон иборат буда, бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ сохта мешавад. Хонаҳо бо тамоми таҷҳизоти рӯзгор муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.
Раиси вилоят дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон бо ҷараёни корҳои саҳроии хоҷагии деҳқонии "Далер-90"-и деҳоти Сафобахш шинос шуд. Дар саҳроҳои ҳудуди деҳоти Сафобахш, бахусус хоҷагии деҳқонии "Далер-90", айни ҳол маъракаи ҷамъоварии хӯроки сабзи чорво, аз ҷумла беда ва ҷави сабз, босуръат идома дорад.
Давлаталӣ Саид дар ин ҷо бо деҳқонон, мутахассисон ва кормандони соҳаи кишоварзии маҳаллӣ мулоқоти самимӣ доир намуда, ба заҳмати содиқонаву софдилонаи онҳо баҳои баланд дод.
Зокир ҲАСАН,
"Ҷумҳурият"
ИДМ. ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ХАДАМОТИ ГУМРУКИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ 80-УМИ ШУРОИ РОҲБАРОНИ СОҲАВӢ
Аз 2 то 4-уми июни соли 2025 дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 80-уми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҷаласаи коршиносон ҷиҳати омода намудани маводҳо барои Шурои роҳбарон бо муваффақият ба анҷом расид. Ҳайати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Хуршед Каримзода, сардори Хадамот, дар ин ҷаласа иштирок намуд.
Дар раванди ҷаласа масъалаҳои муҳими соҳаи гумрук мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ташаккули механизми бақайдгирӣ ва муайянсозии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба доир ба муайянкунии воситаҳои нақлиёти гибридӣ, тартиби анҷом додани амалиёти гумрукӣ нисбат ба дастгоҳҳои барқдиҳии автомобилҳои барқӣ, инчунин, лоиҳаи Созишнома дар бораи Маркази экспертиза ва тадқиқоти мақсадҳои гумрукии мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ муҳокима шуданд.
Инчунин, ба масъалаи татбиқи низоми ягонаи электронии мубодилаи маълумот таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид ва оид ба таҳкими сифату самаранокии хидматрасонии гумрукӣ, содагардонии равандҳои марбут ба он, роҳандозии тадбирҳои муштаракро муайян карданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба татбиқи технологияҳои нав, густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими амнияти гумрукӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштироки фаъоли намояндагони Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои минтақавӣ бозгӯи ҳамкориҳои созандаи кишварамон бо давлатҳои аъзои ИДМ дар самти рушди инфрасохтори гумрукӣ ва тақвияти робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ мебошад.
Бояд зикр кард, ки натиҷаҳои ҷаласа барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар фаъолияти гумрукӣ аҳамияти махсус доранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 09.06.2025 №: 113
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН