БАРҚ. ТАНЗИМИ ҚОНУНӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

10 июн 2025, Сешанбе
8
Имрӯз дар давраи тараққиёти босуръати соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат истифодаи босамари неруи барқ дар мадди аввал меистад. Ҳамин омилҳоро ба инобат гирифта, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифода бурдани неруи барқ таъкид карданд: «… амнияти энергетикӣ яке аз омилҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум мебошад, аз ин рӯ, ҳар як амал, ки амнияти энергетикиро зери хатар мегузорад, зарурати ҷавобгариро пеш меорад».
Далелҳои собитшуда гувоҳи онанд, ки ҳар сол дар мамлакат ҳазорҳо киловатт-соат қувваи барқ аз бемасъулиятии истифодабарандагон исроф мешавад, ки нисфи зиёди он бо роҳи ғайриқонунӣ истифода бурдани он, яъне дуздӣ мебошад. Исрофкорона ва ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ, алалхусус дар фасли сармо, боиси бебарқии сокинон гардида, ташвишу изтироби онҳоро зиёд мекунад ва сабаби аз кор мондану оташ гирифтани зеристгоҳҳои барқӣ ва садамаҳо мешавад. Ҳамин омилҳои истифодаи ғайриқонунии неруи барқро ба инобат гирифта, барои роҳ надодан ба чунин рафтору кирдорҳои зараровар бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвияти асосҳои ҳуқуқии мубориза бо қонуншиканӣ дар ин самт, 19-уми марти соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ аз он иборат буд, ки истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ солҳои охир афзоиш ёфта, ба амнияти энергетикӣ ва иқтисодии миллӣ зарари ҷиддӣ расонд. Дар самти ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ борҳо дар расонаҳои хабарӣ, радиою телевизион баромадҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, мутахассисони соҳавӣ ташкил гардиданд, аммо натиҷаи дилхоҳ надоданд. Яъне, пешгирӣ ва танзими ин амали номатлуб танҳо ба чораҳои маъмурӣ имконпазир набуд, аз ин лиҳоз, бо дарназардошти талаботи замон, истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ҳамчун ҷиноят муайян карда шуд.
Тибқи тағйироти нав, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15.04.2025, таҳти №2163 қабул гардид, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи навбатии махсус, яъне моддаи 253 иловаи 1 – «Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ» илова шуд. Мувофиқи ин модда, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ бо таҷҳизотҳои ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад. бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. Ҳамин кирдор, агар: а) ба миқдори калон, б) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақомоти хизматӣ, в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар: а) ба миқдори махсусан калон, б) аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилотҳои ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ бояд дод, ки таҳти мафҳуми ба миқдори калон дар моддаи мазкур зараре дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ба мо маълум аст, ки моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмуриро барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ бо таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст кардан ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома ба ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои назоратӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Мусаллам аст, ки истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ боиси кам гаштани даромади ширкатҳои энергетикӣ ва паст шудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолии мамлакат мегардад. Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми истифодаи қувваи барқ бастани шартномаро ба ширкатҳои энергетикӣ қонунӣ гардонанд. Мо танҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандони ватандӯсту масъулиятшинос метавонем рушди бемайлони соҳаи энергетикии мамлакатамонро боз ҳам баланд бардорем.
Давлат ДАВЛАТЗОДА, ёрдамчии прокурори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Санаи нашр: 09.06.2025 №: 113