АЙНИШИНОСӢ ЗАРУРАТИ ИҶТИМОИСТ

10 июн 2025, Сешанбе
20
(Дар ҳошияи рисолаи «Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ», Саймумин Ятимов, «Ҷумҳурият», 21 майи соли 2025, №101 (25216)) Профессор Саймумин Ятимов дар рисолаву мақолаҳои илмӣ-оммавии «Гегел ва масъалаҳои худшиносӣ», «Масъалаҳои ташаккули инсон дар таълимоти Пешвои миллат», «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», «Нақши шахс дар таърих», «Бозёфт ва тадқиқоти археологӣ – шакли инъикоси воқеияти таърихӣ» ва дигар матлабҳои пурмуҳтавои хеш масоили басе муҳиму актуалӣ: худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ, донишварзӣ, илмомӯзиро мавриди баррасӣ қарор дода, бо таҳлилҳои амиқу нишонрас урфу одатҳои ба халқи тоҷики соҳибтамаддун бегонаро, аз ҷумла хуруфотпарастиро, ки солҳои охир бо роҳу усулҳои гуногун ва ҳадафмандона ба мардуми мо таҳмилу талқин карда мешаванд, маҳкум менамояд.
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар рисолаи навбатии худ «Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ» Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айниро ҳамчун мутафаккири барҷаста, мунодии озодӣ, соҳибистиқлолӣ, ватандӯстӣ, муборизи беамони зидди сохти амирӣ, ҷаҳолату хурофот тавсиф намуда, зикр месозад: «Муҳимтарин масъалае, ки устод Садриддин Айнӣ ҳаёти худро ба ҳаллу фасли он сарф намудааст, тарғиби зарурати донишандӯзӣ, маърифаткунонии сартосарӣ, ташвиқи оммаи мардум барои расидан ба истиқлоли руҳиву равонӣ ҷиҳати ноил гаштан ба пирӯзии инқилоби маданӣ, таъсис, рушд ва пойдории давлати миллии тоҷикон буд».
Дар ин роҳ устод Садриддин Айнӣ бо эҷоди китобҳои дарсӣ барои мактабҳои усули нав, ҳамчунин, нашри мақолаҳои маорифпарваронаро дар рӯзномаи «Бухорои шариф» ба роҳ монд, бо дастгирии шахсони бомаърифату сарватманд ҷавонони зиёдеро барои хондан ба кишварҳои Аврупо фиристонд. Барои ояндаи дурахшони Меҳан устод Айнӣ бо амиру дастгоҳи аморати Бухоро, муллоҳои куҳнапарасти ҷоҳилу хурофотӣ муборизаи беамон мебурд.
Устод Садриддин Айнӣ ояндаи халқу Ватанашро дар рушди маориф, илму дониш, пешрафти иқтисодиёт, дигарсозии ҷаҳонбинии мардум медонист. Пас аз омӯзиши асарҳои Аҳмад Махдуми Дониш «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» ва осори дигар шоиру нависандагони маорифпарвари охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ бо афкори пешқадам ва тараққихоҳонаи онҳо шинос гашта, ба хулосае омада буд, ки танҳо бо роҳи саводнок намудани мардум, раҳнамун кардани ҷавонон ба омӯзиши илму дониш, мубориза бо хурофоту бедонишӣ ҳам ба рушди иҷтимоӣ ва ҳам ба пешрафти иқтисодии кишвар расидан мумкин аст. Вай ташкили мактабҳои навро, ки тавонанд дар як сол наврасонро хондану навиштан омӯзонанд, зарур медонист. Махсусан, андешаҳои пешқадами иҷтимоӣ, фалсафӣ, ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии маорифпарвари мубориз Аҳмади Донишро омӯхта, онҳоро дар асарҳои бадеиву илмиаш ба таври эҷодкорона истифода бурдааст. Дар ҳамаи асарҳои устод Айнӣ мубориза бо сохти амирӣ, бедонишӣ, хурофот, ҷаҳолату дурӯғгӯӣ, фасод, найрангҳои муллоҳои чаласавод бармало дида мешаванд. Бесабаб нест, ки донишвар Саймумин Ятимов як боби рисолаи хешро «Зарурати иҷтимоии айнишиносӣ» номида, ҳушдор медиҳад, ки душмани Тоҷикистони соҳибистиқлол дар хоби ғафлат нест: «…ҳамарӯза шоҳиди он муаммое ҳастем, ки ҷаҳолат, таассуб, торикӣ, бефарҳангӣ, нодонӣ, бедонишиву носипосӣ, илмситезӣ…дар ҳазор шакли хурофот дар муқобили сохти давлатдорӣ, ақлгароӣ, додгарӣ, ватандорӣ, хидматгузорӣ ба халқу миллат, номусгароии аҳли Аҷам муборизаи ошкору ниҳон мебаранд».
Устод Айнӣ бар зидди ин гуна намакхӯрони намакдоншикан пайваста мубориза мебурд. Бо шеърҳои инқилобӣ бар зидди ҳукмронии сулолаи манғитҳо ба мубориза бархост. Вай тоҷиконро соҳибдавлат дидан мехост. Умед дошт, ки баъди давлати Сомониён давлати Тоҷикистон бунёд ёбаду орзуи чандасраи тоҷикони тамаддуни шашҳазорсоладошта ҷомаи амал пӯшад.
Олими ҳақиқатҷӯ, муаллифи рисола Саймумин Ятимов ба таври равшан зикр намудааст, ки устод Садриддин Айнӣ, ки донандаи хуби таъриху адабиёти Шарқ буд, инқилобҳои Россияву Бухороро шарти асосии дигаргунсозии ҳаёти халқи мазлуми тоҷик шумурда, яке аз сабабҳои дар олам ҳамчун давлати соҳибмухтор шинохта шудани Тоҷикистонро дар ғалабаи ҳамин инқилобҳо медонад. Орзуи устод Айнӣ доштани давлати комили соҳибихтиёр 9-уми сентябри соли 1991 ҷомаи амал пӯшид. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол шуд. Дар Солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ чандин маротиба афзуд, кишвар аз ҳар ҷиҳат пеш рафт, вале баъзе ҷиҳатҳои хурофотпарастӣ, тақлидкорӣ ба урфу одатҳои бегона, яъне бегонапарастӣ, ҳоло ҳам аз байн нарафтааст, ҳатто, дар ҳаёти маишии мардум нуфуз пайдо кардааст.
Профессор Саймумин Ятимов, рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро таҳлил намуда, таъкид месозад, ки бо вуҷуди дастовардҳои чашмгири солҳои соҳибистиқлолӣ: бунёди неругоҳҳо, роҳҳо, коргоҳу корхонаҳои азим, биноҳои осмонбӯс «шуурнокиамон аз воқеияти ҳастӣ» қафо мемонад. «Мо аз ғарази бадхоҳони миллат ва руҳияи таърихии бегонапарастии онон огаҳӣ дорем»,- зикр месозад муаллиф, - вале бо «фанатизми динӣ» синовору айнивор мубориза намебарем, фаҳмонда наметавонем ва ё намехоҳем. Дар ин роҳ мисли Аҳмад Махдуми Дониш, Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ мубориз ва нотарс бояд буд. «Далел ва зуҳуроти фоҷиабори ақиб мондани шуурнокӣ аз воқеияти зиндагиро мо дар таърихи бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамчун зуҳуроти хатарнок, баръало мебинем. Ин воқеият масъулияти зиёиёни миллиро, ки ба тақдири мардуми хеш бетараф нестанд, боз ҳам зиёдтар мекунад», – таъкид дорад муаллиф С. Ятимов пас аз таҳлили амиқи воқеияти сиёсӣ, иҷтимоиву ахлоқӣ, диниву фарҳангӣ, илмиву адабии кишвар ба ин хулоса меояд: «Мақсад – бо эҷоди асарҳои синнусолӣ, публитсистика, очерк, қисса, ҳикоя, повест, роман, драматургия, саҳнасозӣ, филмҳои ҳуҷҷативу бадеӣ бо қаҳрамон, персонаж – образҳои бадеӣ бархостан, қад афрохтан ва қотеона ҳимоя кардани сохти давлатдории дунявӣ – давлатдории миллӣ аз бузургтарин вазифаи адабиёти имрӯз ба ҳисоб меравад».
Яъне, зиёиёни мо бояд ҳаёти зиёда аз сисолаи даврони соҳибистиқлолиро дар зеҳни худ таҳлил намуда, неъмати бебаҳо, ганҷи ноёб будани истиқлоли давлатии Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва тамоюли иҷтимоидоштаро бо нашри асарҳои гуногунжанр тарғиб намоянд.
«Маорифпарварони мо бо сарварии Аҳмад Махдуми Дониш, мисли Мирзо Сироҷ, Фитрат, Мунзим ва Садриддин Айнӣ, барои аз таназзул берун овардани ҷомеаи Мовароуннаҳр кӯшишҳои зиёде намуданд. Барои ба воқеияти зиндагӣ наздик кардани илму маориф, ибрат гирифтан аз тамаддуни ғарбӣ, эҷоди мактабҳои усули нав бо асарҳо ва фаъолияти амалии худ кори ниҳоят бузургеро анҷом доданд»,- зикр кардаанд дар мақолаи худ «Инсон ва андешаи ҷаҳонсози ӯ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ин суханон барои зиёиён: омӯзгорон, олимон, адибон, журналистон дастури амал аст, аз ин рӯ, мебояд дар иҷрои мақсади наҷиб: пойдорсозӣ ва ҳимояи Тоҷикистони азиз, ин дурри ягона дар сайёраи Замин, аз хештан шуурнокӣ, ватандӯстӣ, ҷасорат, матонат, далерӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳамаи қувваҳои аҳримание, ки вуҷуд доранд, нишон диҳем. Дар ҳамбастагӣ бо кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд бо онҳое, ки ба нармгуфторӣ, мехоҳанд бартарии давлатдории ғайридунявиро ба мо таҳмил созанд, ба монанди устод Садриддин Айнӣ ва пайравону шогирдонашон, дар заминаи илму дониш, ҷаҳонбинии демократӣ муборизаи беамон барем, то таҳкурсии Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ки қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон аст, боз ҳам мустаҳкамтар гардад.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 09.06.2025 №: 113