ИФРОТГАРОӢ. БЕТАРАФӢ ТЕША БА РЕШАИ МИЛЛАТ МЕЗАНАД

10 июн 2025, Сешанбе
22
Дар замони муосир калимаҳои экстремизм ва терроризм зиёд шунида мешаванд. Қариб ҳар рӯз аз тариқи воситаҳои ахбори омма (ВАО) хабар медиҳанд, ки дар кадом як гӯшаи ҷаҳон ҳолатҳо ё амалҳои мудҳиши экстремистӣ ва террористӣ рӯй додааст. Ба вуқуъ пайвастани чунин амалҳо, албатта, метавонанд сабабу шаклҳои гуногун дошта бошанд: сиёсӣ, динӣ ва иҷтимоӣ.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷаҳон зиёда аз 50 гурӯҳи ифротгаро фаъолият мекунанд. Бар асоси гузоришҳои Глобал терроризм индекс (GTI) бошад, солҳои охир дар ҷаҳон бештар аз 10 ҳазор ҳамлаи ифротгароёна дар як сол сабт мегардад.
Дар аксари ҳолатҳо экстремистон талош мекунанд, ки бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдид идеологияи худро ба дигарон таҳмил намоянд.
САБАБҲОИ ПАЙДОИШИ ЭКСТРЕМИЗМ
Пеш аз ҳама, аз сабаби ноогоҳӣ ва дур мондан аз таҳсилоти сифатнок баъзе нафарон зуд ба таблиғоти ифротгароён гирифтор ва ба доми онҳо меафтанд. Аз ин ҷост, ки зиёда аз 60 дарсади гурӯҳҳои экстремистӣ ҷавонони синни 15 то 30 – сола мебошанд. Ҳамчунин, мушкилоти иқтисодӣ метавонад одамонро ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб намояд, ки хатарҳои зиёд ба бор меорад.
Баъзан, нофаҳмӣ дар оила, қатъи назар аз шароити зиндагӣ, ихтилофи ақида, қарор гирифтан зери таъсир ва фишори афкори диниву мазҳабӣ, надоштани мақсади муайян дар зиндагӣ ва зери таъсири гурӯҳҳои ҷиноятӣ қарор гирифтан боис мешаванд, ки ҷавононро созмонҳои террористӣ ба доми хеш кашанд.
ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ
Яке аз роҳҳои таъсирбахши ин неруҳо сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Воқеан, шабакаҳои иҷтимоӣ осонтарин роҳи ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистӣ ба шумор мераванд. Интернет имрӯз дастгоҳи асосии фаъолияти террористон дар тамоми олам мебошад. Сомонаҳои алоҳида бо ниқоби саҳифаҳои динӣ, иҷтимоӣ, ҳатто адабиву фарҳангӣ, дар тағйири афкори ҷомеа ва вайрон кардани он кӯшиш мекунанд. Тақрибан 90 дарсади гурӯҳҳои ифротӣ аз интернет, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғ ва ҷалб истифода мешаванд. Платформаҳои маъмул Telegram, WhatsApp, Facebook ва YouTube мебошанд.
ЧӢ БОЯД КАРД?
Бояд гуфт, ки танҳо муборизаи якҷоя метавонад дар ин самт ҳадафманд бошад. Ҷои таассуф аст, ки на ҳамаи кишварҳои олам нисбат ба ин зуҳурот чораҳои қатъӣ меандешанд. Вале, дар мамлакати мо муқовимат бо ин зуҳуроти нангину харобиовар хеле муассир ба роҳ монда шуда, барои ҷилавгирӣ аз таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ чораҳои таъсирбахш андешида мешаванд.
Ҳоло зарур аст, ки дар баробари чораҳои қонунӣ ва тадбирҳои судманде, ки аз ҷониби давлату Ҳукумат андешида мешаванд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои таълимӣ низ ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ фаъолияти бештар зоҳир намоянд. Ба роҳ мондани суҳбату мулоқотҳои судманд, намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ алайҳи ин зуҳурот метавонанд, дар миёни ҷавонону наврасон тафаккури зиддитеррористиро эҷод кунанд, ки бояд дар ин самт низ барномаҳои фарогир рӯи даст гирифта шаванд.
Суҳроб МАҲМАДШАРИФЗОДА, афсари Гвардияи миллӣ
Санаи нашр: 09.06.2025 №: 113