ДИЛСОФӢ
(Лавҳа)
Фирӯза пиразане буд машҳур дар деҳаи мо. Номашро пиру ҷавон бар забон меоварданд, дар ҳар маврид: агар касе корро ба оҳистагӣ анҷом медод ва ё хубу лоиқи тавсиф.
- Эй холаи Фирӯза, ҳеҷ тезтар меҷунбӣ ё не? Як соат аст, ки ин гӯшаи ҳавлиро мерӯбӣ, ҳеҷ не, ки корро ба анҷом бирасонӣ. Ана меҳмонҳо ҳам расиданду...
- Э садқаи дастҳоят, чӣ қадар хуб хонаро пок, тоза сохтаӣ. Момаи Фирӯзаро қоил кардӣ.
- Зуд роҳ мегардӣ ё не? Аммаи Фирӯза аз ту тезтару беҳтар роҳ меравад.
- Эҳ вой, киро гаҳвораҷунбон кардем?! Кӯдак аз гиря ба ҳалокат расидаасту ӯ хоб аст, мисли кампири Фирӯза.
Маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” табдили ном кард, бо “Фирӯза”. Нахустин шумораашро барои аммаи Фирӯза оварданд ва онро ба дасташ доданду гуфтанд: “Ана дар Душанбе ҳам шуҳрат ёфтаӣ. Як маҷалларо ба номат гузоштанд”. Пиразан ба он дуру дароз, бо муҳаббат нигаристу бо табассум, бо содагие, ки дошт, пурсид: Рост мегӯед?
Гуфтанд: Рост мегӯем, ба Худо, рост мегӯем, ки номи маҷалла “Фирӯза” аст.
- Шармандам карданд, бигӯед?! - изҳор дошт аммаи Фирӯза.
- Не, холаҷон, баръакс, обрӯят бахшиданд. Акнун ҳама медонанд, ки пиразане дар деҳаи мо аст бо номи Фирӯза.
- Хайр, - гуфту чашмонаш пуроб шуданд. Аммо Фирӯза маҷалларо бо худ нигоҳ медошт ва ба ҳар нафари навомада онро нишон дода, хоҳиш мекард, ки номи маҷалларо барояш бихонад.
Чун шумораи хонандагону гӯяндагону тасдиқкунандагон аз сад гузашт, бовар ҳосил кард, ки маҷалла номи ӯро дорад.
Пиразан аз ин гоҳ шод мешуд, гоҳ ғамгин, Як рӯз аз фарзанди холааш пурсид: Дар ин маҷалла шаробнӯшиамро ҳам навиштанд?.
- Оре, - гуфт ӯ.
- Рӯям сиёҳ, шармандаам кардаанд, бигӯ!
- Не, ин ҳодиса ҳамаро ба тааҷҷуб овардааст ва гуфтаанд: Қандатро зан, кампир. Хуб кардӣ, ки шаробро нӯшидӣ!
Ҳамин фарзанди холааш пас аз хатми Донишгоҳи ҷаҳонии маданияти Москва чун омад, ба шарафи дастовардаш кӯзаеро пур аз шароби сурх карданду дар назди оби сарди равон, дар чиллаи тобистон гузоштанд. Аммаи Фирӯза пиндошт, ки дар кӯза чойи сиёҳ асту хунуку хушхӯр шудааст, онро аз ҷой бардошта, то шикастани ташнагияш нӯшид. Баъд дарёфт, ки пояш аз ҳаракат монда ва сараш чарх мезанад.
Э аҷаб ҳангомаву шӯре дар хонаву деҳа: пиразан шароб нӯшидааст.
Кӯдакон аз қафояш, дур аз ӯ “момаи арақхӯрак” гуфта, мазоҳаш мекарданду механдиданд.
Мӯйсафедон бо шӯхӣ изҳор медоштанд: Хайр, кампири Фирӯза, мазаи шароб чӣ хел будааст? Тавба кардӣ ё мисли бародарат боз идома медиҳӣ?
“Шарманда шудам, Худоё, бубахш. Гуноҳҳои худам кам буд, ки боз нафаҳмида ҳам бошад, шароб хӯрдам”, мегуфт худ ба худ пиразан ва аз Худо мағфирати гуноҳашро мехост.
Рахти хоби пиразанро аз оғози фасли баҳор то фасли зимистон дар беруни хона, болои кат мегустарданд.
- Ба фикри худам ситораҳои осмонро гоҳо мешуморам ва баъд механдаму мегӯям: “Охир ту, ишора ба худ намуда, ҳисобро намедонӣ - ку!”, - изҳор дошт рӯзе ба ман аммаи Фирӯза.
- Ситораҳоро мешиносӣ? - пурсидам аз ӯ.
- Не, танҳо як ситора, ситораи хунукакро мешиносам. Бо баромадани он обу ҳаво сард мешавад.
Рӯзҳову шабҳои зиндагии ин пиразан дар хонаи мардум беҳтар, гуворотар сипарӣ мешуданд.
- Момаи Фирӯза, ба сафари хидматӣ меравам. Як ҳафта намешавам, ҳамсару кӯдаконам шояд битарсанд. Онҳоро ҳамроҳӣ бикун.
- Фирӯза, чанд рӯз намешавам. Медонӣ, ҳамсарам кӯдак ба дунё овардааст, танҳо аст.
- Фирӯза, ҳамсарамро назди духтур, ба Душанбе бояд бибарам. Кӯдаконамонро ҳам-роҳӣ намекунӣ?
Дар ин ҳолатҳо пиразан як ҷавоби маъмулӣ дошт: “Ба ҷону дил”.
Як рӯз бо афсус, бо андуҳ ба ман гӯё дарди дил кард. Дарёфтам, ки посухе тасаллобахшро интизор аст.
- Пир шудам. Дигар сураҳои Қуръонро аз ёд карда наметавонам. Росташро бигӯ, ки оё аз ҷониби Худо бахшида мешавам?
- Охир мани банда аз куҷо медонам? - гуфтам ба ӯ.
Пиразанро ин посухам қонеъ накард. Чун оқибат барои тасаллояш ва раҳоӣ аз пурсишҳояш гуфтам, ки “мебахшад” як оҳ кашид ва “шукр” гуфт.
Пас аз ин ба ӯ гуфтам: Оё дар тамоми зиндагият, касеро, дилеро ранҷондаӣ?
- Не, - гуфт.
- Кори нек кардаӣ?
- Бисёр, бисёри бисёр.
- Метавонӣ, ки якеро бароям бигӯӣ?
- Куҷо, бачам? Ҳамаро фаромӯш кардам.
- Дилат чӣ мегӯяд?
- Дилам? Ин бисёр муҳим аст?
- Оре.
- Мегӯяд, ки софӣ, покӣ ва равшанияшро мебинам, эҳсос мекунам.
- Пас ғам нахӯр!
- Магар ғам нахӯрда мешавад?
- Мешавад, мешавад, аммаи Фирӯза, ин гуна дилро ҳеҷ кас надорад.
- Рост мегӯӣ, бачам?
- Рост мегӯям.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.06.2025 №: 114
