ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. ДУШАНБЕ МАРКАЗИ ҲАЛЛИ МУҲИМТАРИН МАСОИЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Яке аз панҷ ҳамоиши Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар рӯзи якуми Конфронс баргузор шуд, дар мавзуи «Кишоварзӣ дар замони талафоти (обшавии) пиряхҳо; мубориза бо хушксолӣ, обхезӣ тавассути истихроҷи карбон ва устуворӣ дар минтақаҳои вобаста ба пиряхҳо» буд.
Дар ҳамоиш мутахассисон ва коршиносони дохилию хориҷӣ яке аз муҳимтарин мушкилоти замони муосир – таъсири обшавии пиряхҳо ба амнияти озуқаворӣ ва таҳияи стратегияҳои самараноки мубориза бо хушксолӣ ва обхезиҳоро баррасӣ намуданд.
Ҷаноби Адҳам Мусаллам, намояндаи Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ чунин изҳор дошт:
– Аз байн рафтани пиряхҳо мушкилотест, ки аз марзҳои миллӣ берун аст. Обшавии пиряхҳои кӯҳӣ яке аз оқибатҳои ҷиддии тағйирёбии иқлим буда, ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ бевосита таъсир мерасонад. Дар байни солҳои 2016 ва 2023 пиряхҳои кӯҳӣ дар як сол ба ҳисоби миёна 273 миллиард тонна яхро аз даст дода, обшавӣ дар нимаи дуюми ин давра 36 фоиз афзуд. Танҳо дар Тоҷикистон беш аз 1000 пирях об шуда, ба таъмини оби зарурӣ барои кишоварзӣ ва сокинони деҳот таҳдид кардааст. Вақте ки пиряхҳо бо суръат об мешаванд, маҷрои дарёҳо муваққатан зиёд, вале дар ниҳоят кам мегардад, ки дастрасии обро барои кишоварзӣ коҳиш медиҳад. Дар бисёре аз қисматҳои Осиё ва Амрикои Лотинӣ оби пирях барои обёрӣ муҳим аст, аммо чун ҷараёни об пешгӯинашаванда мебошад, кишоварзӣ ва озуқаворӣ зери хатари ҷиддӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, тавассути Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон 150 миллион гектар замин фаро гирифта шуда, дар он амнияти об барои амнияти озуқа таъмин карда мешавад.
Адҳам Мусаллам афзуд, ки хушксолӣ, обхезӣ ва таназзули замин, аллакай, дар бисёр кишварҳо мушоҳида шуда, воситаҳои зиндагии мардумро, бахусус дар минтақаҳои аз пиряхҳо вобаста, халалдор мекунад. Инро арзёбии ахири Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ тасдиқ мекунад, ки кишоварзон аз норасоии об бештар нигарон мешаванд. Аз ин рӯ, якҷоя мо дастрасӣ ба обро беҳтар месозем, маҳсулнокии кишоварзиро баланд мебардорем ва ба одамони осебпазир имконият медиҳем. Мо, инчунин, тавассути ҷорӣ намудани зироатҳои устувор, беҳтар нигоҳ доштани намии хок ва татбиқи усулҳои сарфаи об, кишоварзии каммасрафро пеш мебарем. Дар Тоҷикистон мо ба ҷорӣ намудани обёрии қатрагӣ дар майдони 3024 гектар муваффақ шудем. Аз нав барқарор кардани 430 километр канали ирригатсионӣ, ҳамчунин бунёди чоҳҳои амудӣ, насби таҷҳизоти энергияи барқароршаванда хеле муҳиманд…
Иштирокчиён дар панелҳои гуногун баромаду суханронӣ намуда, дар масъалаи муҳими ҷаҳонӣ таклифу пешниҳодҳои худро иброз доштанд. Аз ҷумла, Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин суханронӣ намуд:
– Тағйирёбии иқлим инсониятро бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ месозад, ки барои ҳаллу фасли онҳо чораҳои фаврӣ ва ҳамоҳангшуда заруранд. Муҳим аст, ки на танҳо таъсири манфии онро коҳиш диҳем, балки равишҳои инноватсиониро низ ҷорӣ намоем. Ҳамчунин, дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим ва афзоиши норасоии захираҳои обӣ, таҳия ва татбиқи стратегияҳои ҳамкории муштарак барои ташаккули низоми устувори амнияти озуқаворӣ амри зарурӣ мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, татбиқи тадбирҳои муассир ва ҳамоҳангсозии иқдомҳои тарафҳои дахлдор аҳамияти махсус дорад. Кишвари мо, ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои марбут ба масоили об дар Маҷмааи умумии СММ, пайваста ва фаъолона бо шарикони байналмилалӣ дар ин самт ҳамкорӣ менамояд. Хусусан, бо ифтихор метавон ёдовар шуд, ки ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Фонди байналмилалии мақсадноки ҳифзи пиряхҳо, ки бо дастгирии Маҷмааи умумии СММ амалӣ мешавад, шаҳодати возеҳи тадбирандешии кишвари мо ба ҳалли масоили глобалии иқлим мебошад. Ин иқдомҳо на танҳо саҳми Тоҷикистонро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим инъикос менамоянд, балки ба ҳифзи манбаъҳои ҳаётан муҳими об ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат мекунанд.
Ҷаноби Хусрав Нозирӣ, ёвари директори генералии Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ, иброз дошт: “Обшавии пиряхҳо на танҳо як зуҳури табиат, балки нигаронии глобалӣ ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам дар минтақаи кӯҳистонии ҷаҳони араб ба ҳисоб меравад. Мо уҳдадор ҳастем, ки ҷамоатҳои кӯҳиро тавассути татбиқи кишоварзии оқилона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва кам кардани истифодаи об муҳофизат намоем. Мо амалиёти иқлимро дар Афғонистон тақвият мебахшем ва беш аз 1500 мутахассисро оид ба амалияҳои устувории иқлим омӯзондем. Ҳамчунин, дар экосистемаҳое, ки аз пиряхҳо вобастаанд, имкониятҳои нав фароҳам овардем. Масалан, дар Покистон ҷамоатҳои деҳот коркарди пиряхҳои сунъиро амалӣ кардаанд, ки дар фасли зимистон ҳосил гардида, дар тобистон истифода мешаванд. Ин системаро беш аз 60 000 ҷамоатҳои деҳот истифода мебаранд, ки барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим дар Покистон равона шудааст. Мо, инчунин, мехоҳем ин таҷрибаи хубро дар дигар ҷойҳо тавассути пайваст кардани ҷамоатҳо бо ҷамоатҳо ва ҳамкорон дар Осиёи Марказӣ, ки бо мушкилӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, амалӣ созем”.
Воқеан, системаи пиряхҳои кӯҳӣ ҷузъи ҷудогона набуда, асоси об ва амнияти озуқаворӣ мебошанд. Коҳиши пиряхҳо ҳам ба экосистемаи минтақаи кӯҳӣ ва ҳам поёноб таъсир мерасонад, ки ин хатари офатҳои табииро афзоиш медиҳад ва ба сохторҳои кишоварзӣ таҳдид мекунад. Ин вазъият одамонро водор месозад, ки аз як ҷо ба ҷойи дигар барои шароити беҳтари зиндагӣ кӯчанд.
Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳонро зарур аст, ки барои ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла пиряхҳо, дастаҷамъона кӯшиш кунанд, то дар оянда ба мушкилоти ҷиддие рӯ ба рӯ нашаванд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.06.2025 №: 117
