ҲАҚИҚАТРО БА ДУРУСТӢ БИШИНОСЕМ!

13 июн 2025, Ҷумъа
16
Он кас, ки зи шаҳри ошноист,
Донад, ки матои мо куҷоист.
Имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ чи аз дохил ва чи аз беруни кишвар ислому мазҳабҳоро муаррифӣ мекунанд. Мутаассифона, на ҳамаи онҳо қобили пазириш мебошанд. Махсусан, сатҳи дониши бархе аз муаррифони мо ончунон паст аст, ки ногузир шунаванда рӯй меорад ба муаррифгари беруна ва мепиндорад ҳақ бар ҷониби ӯст.
Воқеан, чун ба амрҳои маъруфи шахсиятҳои диниямон таваҷҷуҳи махсус дода шавад, дарёфтан мушкил нест, ки саводи мукаммали диниву сиёсиву адабӣ надоранд. Аз шеър бошад, фарсахҳо дуранд. Ҳарчанд зарурат надорад гуфторашонро бо шеър ҳусн бибахшанду ҷолиб бисозанд. Бар замми ин ки шеърҳоро хато, бе ҳис мехонанд, худро чунин муаррифӣ мекунанд, ки ба вазнҳои шеърҳо ҳам ошноӣ надоранд.
Гуфтори эшон шакли таҳдидро ба худ касб кардаанд. Аз онҳо ба ин хулоса метавон расид, ки ҳама, ҷуз худи онҳо саропо дар гуноҳ ғарқанду ҷояшон дар дӯзах аст. Сохтакорияшон бисёр равшан зоҳир мешавад.
Яке аз ин воизон агар ба саволе посух гуфтан бихоҳад, аз ҷониби пурсанда ду саҳифаро қироат мекунад, ки дар тавсифу таърифаш аст. Аз ҷумла бад-ин мазмун мехонад: “Ҳазрати домулло, шуморо мо ҳамчун як олиму воизи муътабар мешиносему эҳтиром мекунем. Бо панду андарзҳои муфиду дилрасатон ба роҳи рост ҳидоят ёфтаем” ва ғайраву ғайраҳо.
Дар ин ҳол чунон масти таърифу тавсифаш мешавад, ки аз ёд мебарорад: даъват ом асту ҳидоят хос ва ҳам боре аз рӯзгори Нуҳ (а) ёд намеорад, ки 900 сол даъват намуд ва ҷуз андаке (ба қавле 80 нафар) имон наоварданд.
Қиссагӯиву ривояторӣ дар ин гуна амрҳои маъруф мавқеи махсус дорад, бе ин ки ба моҳияти онҳо сарфаҳм бираванд ва ба замони ҳозира онҳоро бо шарҳи дуруст мувофиқ бикунанд.
Бар бинанда аён аст, ки саволҳоро худашон пайдо мекунанд ва ҷавобҳоро низ. Бо кибри ғурур дафтари калони умумиро мекушоянд ва аз рӯйи он мехонанд.
Бигирам, халқро мефиребанд, пеши Худо чӣ ҷавоб мегӯянд?
Як олими раббонии кишвари дигар, ки дар дониши хуб доштанаш андак шубҳа нест, мегӯяд: “ Пеш аз он ки қиёмат шавад, ҳама мемиранд, ҳеҷ кас зинда намемонад, ҷуз як шахс. Он кист? Марди накуном. Барҳақ гуфтаанд:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро”.
Дар рӯзе, ки бояд қиёмат шавад, ҳама мурдааст, ҷуз Худо, ки намирандааст. Бешак, ин байти шайх Саъдӣ ба ин ҳақиқати динӣ, ухравӣ (ондунёӣ) иртиботе надорад.
Аз олимони машҳури кишвари дигар мегуфт, ки дар оғоз ман ба таълимоти Имоми Аъзам бисёр муътакид будам. Акнун, ки олими дин шудаам, бояд худ барои дарки масъалаҳо иҷтиҳод намоям.
Агар ҳар кас ба гуфтаи ӯ худ барои шинохти дурусти дин, ҳалли масъалаҳои мушкил иҷтиҳод намояд, ба ин хулоса метавон омад, ки таълимоти имомони чоргона барои афроди мазкур дигар зарур нест. Ин равандагон, ки рӯй ба Туркистон кардаанд, оё метавонанд ба Каъба бирасанд?
Дар баргузории рӯзҳои иди исломӣ низ ихтилофҳои зиёд ба амал омада истодааст. Бархе аз олимони дигар кишварҳо бар ин андешаанд, ки мардум набояд сафари Ҳаҷ ва Байтулмуққадасро намоянд, чун аз пули онҳо барои маҳви мусулмонҳо силоҳ харидорӣ менамоянд.
Тоғут хондану кофир донистану эълон кардани баъзе аз шахсиятҳо ошкоро ба расм даромада истодааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9 марти соли 2024) изҳор доштанд: “Дар ҷараёни ин ҳуҷум (ҳуҷуми террористии шаби 6-уми ноябри соли 2019 дар дидбонгҳои “Ишқобод” дар назар аст.- А. Р.) яке аз аъзои гурӯҳи ҷиноятии мазкур-зани калонсол сарбози дидбонгоҳро, ки ба ӯ бинобар зан-модари солхӯрда буданаш бовар карда, бе силоҳ ба наздаш омада буд, бо корд ба ҳалокат расонид.
Ба наздаш омад, ки модарро ба ҷойи гарм, ба хонаи гарм барад.
Тасаввур кунед, ки пиразани 70-сола гӯё набераи худашро ба қатл расонид”.
Албатта, бе шинохти ҳақиқат, асолати дину мазҳаб ва мағзшӯӣ касро ба ин гуна роҳҳо мебаранд. Аҷаб ва ҷойи таассуф мебошад, ки мусулмон мусулмонро мекушад. Гӯё барои иҷрои ин кор ба олами ҳастӣ омадааст.
Тавре Пешвои миллат таъкид мекунанд: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари шахсони ба ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дастзада дар даврони наврасӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб гардидаанд ва аз таҳсил дар мактаби миёна дур мондаанд”.
Дар ҳақиқат, аз роҳ задани ин гуна афрод ба осонӣ даст медиҳад. Инчунин, воизу амри маъруфкунандаи ҷоҳилу чаласавод наметавонад мардум, махсусан ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд.
Дунё ба тариқи кайҳонӣ рӯй ба тараққӣ дорад. Пеш нарафтан, қафо мондан аз он, дуруст нашинохтани вазъи мураккаби ҷаҳон одамон ва миллатҳоро ба зудӣ маҳв месозад. Аз набардҳо, иғвогариҳо, қудратхоҳиҳои кишварҳои пешрафта бояд дарси ибрат бигирем ва тавре Сарвари давлат таъкид доштаанд, ҳушёрӣ, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Дину мазҳабҳо ба мо меомӯзонанд, ки ҳаққиқатро ба дурустӣ бишиносем, амалҳои неки инсонҳои рӯйи оламро қадр кунем, дӯст бидорем, бо онҳо хушмуомила бошем ва бунёдкору ободгари кишвари маҳбубамон.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.06.2025 №: 117