МАОРИФ. НОРАСОИИ КАДРӢ ДАР МУАССИСАҲО БАРТАРАФ МЕШАВАД
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” баррасӣ гардида, ба тасвиб расид.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи Қонун иброз дошт, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ин бартараф кардани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабию миёнаи умумӣ ва ихтисосманд гардондани омӯзгорони ғайриихтисос буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Таъкид гардид, ки бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҳамчун таҳсилоти иловагии баъдидипломӣ ҷиҳати бо тахассуси нави педагогӣ мутобиқгардонӣ, ихтисосманд, ҳавасманд ва беҳтар намудани сифати таҳсилот ба роҳ монда мешавад.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.06.2025 №: 118
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ