ҶСК “САНГТӮДА-1”. ТАТБИҚИ ТАРИФҲОИ ИМТИЁЗНОК ОҒОЗ МЕГАРДАД
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ оид ба истифодаи НБО "Сангтӯда-1" аз 30-юми июли соли 2009 баррасӣ гардида, ба тасвиб расид.
Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии мавзуъ иброз дошт, ки ҳадафи асосии протоколи мазкур ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати “Барқи Тоҷик” ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, ки дар доираи протокол ҳаҷми сармояи ҷонибҳо ба маблағи умумии 847 миллион доллари ИМА муайян гардидааст. Ҳамчунин, қарор аст, дар доираи ин созиш давоми солҳои 2026-2034 қарзҳои баамаломадаи ҶСК «Барқи Тоҷик» дар назди ҶСК «Сангтӯда-1» ба маблағи 297,9 миллион доллари ИМА аз эътибор соқит шаванд. Аз эътибор соқиткунии қарзҳо аз соли 2026 то соли 2033 ҳамасола 25 миллион доллар ва дар соли 2034 маблағи 97,9 миллион долларро ташкил хоҳад дод.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки давоми 8 соли оянда (2025-2032) ҶСК «Сангтӯда-1» нисбат ба ҶСК “Барқи Тоҷик” барои хариди барқ тарифҳои имтиёзнок татбиқ менамояд. Ҳамзамон, аз Созишнома масъалаи аз ҷониби ҶСК «Сангтӯда-1» ба дохил ва хориҷи кишвар мустақиман фурӯхтани барқ хориҷ карда шуд.
Иттилоъ доданд, ки татбиқи тарифҳои имтиёзнок аз соли 2025 оғоз гардида, дар соли якум тарифҳо 1,5 сенти ИМА ва дар соли 2032 ба 2,2 сенти ИМА баробар мегардад.
– Таъмини иҷрои муқаррароти бозбинишудаи Созишномаи амалкунанда ба соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ самараҳои бештар хоҳад овард, – афзуд Манучеҳр Сафарзода.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.06.2025 №: 119
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ