АЙНӢ. МАРДУМИ НОҲИЯ БАҲРИ ИСТИҚБОЛИ САЗОВОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТАЛОШ ДОРАД

19 июн 2025, Панҷшанбе
28
Чун дигар шаҳру навоҳии кишвар, дар ноҳияи Айнӣ низ ҷиҳати истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дар ин замина, бунёд кардани иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ талошу тадбирҳои муассир меандешанд.
Ҳамин буд, ки шуруъ аз соли 2022 то панҷ моҳи соли равон дар ҳудуди ноҳия дар маҷмуъ, 472 иншоот бо фароҳам овардани наздики 600 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, маблағи умумии сарфшуда 127 миллиону 73 ҳазор сомониро ташкил дод.
– Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ сокинони ноҳияи баландкӯҳи кишвар соҳиби даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва корхонаҳои азими саноатӣ шуданд, ки ба рушди иқтисодиёт, ободу хуррам гаштан ва албатта, ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд, – мегӯяд Рӯзибой Раҳимзода, раиси ноҳия. – Дар даҳ соли охир Айнӣ аз ноҳияи субвенсионии дастнигар ба яке аз субъектҳои муваффақ дар бахши иқтисодӣ ва аз лиҳози молиявӣ – донор (саҳмгузор) ба дигар шаҳру навоҳии вилоят табдил ёфтааст. Бо дарназардошти зиёди захираи канданиҳои фоиданоки кӯҳӣ солҳои наздик дар манотиқи гуногуни ноҳия боз сохтмони чанд корхонаи азими истихроҷу коркард дар назар дошта шудааст, ки ҷиҳати ривоҷу равнақи соҳаи саноати кӯҳӣ, таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар замина муҳайё мешавад.
Яъне, то соли 2026 дар ноҳия, дар умум 596 иншоот бо маблағи 178 миллиону 655 ҳазору 20 сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
«ШОҲНОМА ВАТАН АСТ»
Таҳти чунин унвон дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардида, 28 нафар ғолибону ҷоизадорони он қадр шуданд.
Ҳадафи маҳфил-озмун амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба андӯхтани илму дониш, ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ гардид.
Инчунин, озмун бо мақсади пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ, ба воя расондани инсони комил, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми мамлакат дар давраи ихтилофҳои сиёсӣ дар замони муосир, тарғиби анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон ва пешгирии таҳоҷуми афкори ифротгароӣ дар байни ҷавонон, доир гардид.
Мавриди зикр аст, ки иқдоми Ҳукумати мамлакат оид ба интишор ва ба ҳамаи оилаҳо тақсим намудани асари оламшумули ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ – «Шоҳнома» қадами навбатӣ дар роҳи худшиносии миллӣ мебошад. Ҳарчанд «Шоҳнома» то ин замон низ дар байни мардуми фарҳангсолори тоҷик зиндаву ҷовид буд, вале ба ҳар хонадон тақдим гардидани он аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, қабл аз ҳама, ҳисси ватандӯстии мардумро зиёда мегардонад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ НОМШИНОСИИ ТОҶИК
Китоби нави Фарзона Саидзода, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, таҳти унвони “Антропонимҳо ва принсипҳои таълифи фарҳанги ном” аз тариқи нашриёти «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд ба нашр расид.
Асар ба масъалаҳои муҳими номшиносии тоҷик бахшида шуда, равшангар ва таҳлилгари равишҳои гуногуни тартибдиҳии фарҳанги номҳо мебошад.
Муаллиф дар китоб ба таври муфассал принсипҳои тасниф ва сохторбандии фарҳанги номҳоро баррасӣ намуда, бартариҳо ва камбудиҳои усулҳои мавҷударо барои доираи васеи хонандагон – аз мутахассисони соҳаи забоншиносӣ то волидайн – арзёбӣ мекунад.
Дар бахшҳои алоҳидаи китоб, аз ҷумла “Исми хос дар фарҳангҳои тафсирии форсӣ-тоҷикӣ” ва “Фарҳанги ном ва принсипҳои таълифи он”, масъалаҳои мубрами соҳаи номшиносӣ мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифтаанд.
Муаллиф бо такя ба таҳқиқоти амиқ хулосаҳои ҷолибу илмӣ пешниҳод мекунад, ки метавонанд дар рушди илми номшиносӣ ва номгузории муосири тоҷикӣ саҳми арзанда гузоранд.
Ин асар ҳамчун як манбаи муҳими илмӣ ва адабӣ метавонад барои номшиносон, забоншиносон, донишҷӯён, мураттибони фарҳангҳо ва, инчунин, ҳамаи онҳое, ки ба номҳои тоҷикӣ ва фарҳанги номгузорӣ таваҷҷуҳ доранд, хидмат намояд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо дарназардошти нақши номгузорӣ дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир ба масъалаи танзими номгузорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Қабули санадҳои марбут ба номгузории миллӣ ва ташаккули фарҳанги ном дар ҷомеа, далели ин таваҷҷуҳ мебошад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
ВАҲДАТ САДОҚАТИ МАНУ МО БА ВАТАН АСТ
Ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо ташаббуси шурои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд таҳти унвони “Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил” силсилаи маҳфилҳои адабӣ баргузор гардиданд.
Аз ҷумла, 11-12-уми июн маҳфил бо ҳузури адибон, шоирон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!”, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дӯстдорони каломи бадеъ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, Исфара, Бӯстон, Гулистон ва навоҳии Ашт, Деваштич, Зафаробод, Шаҳристон, Спитамен ва Ҷаббор Расулов доир шуд.
Масъулон ҳадафи маҳфили адибонро тараннуми арзишҳои ваҳдату якпорчагии миллӣ, дӯстиву ҳамдилии мардуми тоҷик арзёбӣ намуданд. Иштирокдорони маҳфил аз нақши адабиёт ва каломи бадеъ дар таҳкими сулҳу субот ва якдилии ҷомеа ҳарф заданд. Адибон бо порчаҳои шеърӣ ва суханрониҳои пурмуҳтаво аз сулҳу суботи бадастомада ёдовар шуда, ваҳдатро дастоварди бузург ва таърихии миллат унвон намуданд. Ифодаи эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба саҳми Пешвои миллат дар расидан ба сулҳу ваҳдат дар меҳвари суханрониҳои иштирокчиён қарор дошт.
Ин иқдом дар баробари арҷгузорӣ ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ заминаи хубест барои тарбияи насли наврас дар руҳияи сулҳдӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Сокинони шаҳри Ваҳдат ба Ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ омодагӣ мегиранд.
Бо ин мақсад, чанде пеш дар Ҷамоати деҳоти Симиганҷ пас аз таъмири умумӣ Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд. Зимни ифтитоҳи он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода, директори Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабине Олтхоф ва кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.
Маркази саломатӣ ба беш аз 7 ҳазор аҳолии деҳот хизматрасонӣ намуда, он аз 11 ҳуҷраи корӣ иборат ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин аст.
Айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 115 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла маркази саломатии шаҳрӣ, 30 маркази саломатии деҳот, 83 бунгоҳи тиббӣ ва маркази ёрии таъҷилии тиббӣ фаъолият менамоянд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.06.2025 №: 120