ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «САЁҲАТ»
Дар ин филворд номи маконҳои сайёҳии Ватани азизамон ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар М. ОДИНАЕВА
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «МАҲВАШ»:
1. Дилором 2. Дилрабо
3. Шаҳноз 4. Гулбаҳор
5. Гуландом 6. Озода
7. Манижа 8. Шоҳона
9. Гавҳар 10. Наргис
11. Меҳрангез
12. Нушофарин
13. Фарзона 14. Париваш
15. Маҳваш 16. Гулрухсор
17. Гулчеҳра 18. Бибигул
19. Ангубин 20. Рухшона
21. Фархунда 22. Фурӯғ
23. Шабнам
24. Шаҳрбону
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
КАФШДӮЗ ВА ОДАМГАРӢ
Марде кафшашро барои таъмир назди усто бурд. Кафшдӯз ба он нигоҳ карду гуфт: “Ин кафш се кӯк мехоҳад. Арзиши ҳар кӯк – як танга”.
Мард се танга супурду гуфт, баъд аз соате омада молашро мегирад.
Кафшдӯз даст ба кор шуд. Кӯки аввал, кӯки дувум ва ниҳоят, кӯки сеюмро тамом кард. Дарёфт, ки агар як кӯки дигар дӯзад, умри кафш бештар хоҳад буд. Дудила шуд. Аз як сӯ, музди корашро гирифта буд ва дигар наметавонист, ки аз он зиёд талаб кунад, аз сӯйи дигар ҳайрон буд, ки кӯки чорумро бизанад ё на? Ӯ дар интихоби манфиат ё ахлоқ ҳайрон монд. Агар кӯки чорумро назанад, ҳеҷ хилофе накардааст, аммо агар занад, одамгариро ба ҷо овардааст.
ҲИКМАТ: Дар дунё ҳолатҳое мисли кӯки чорум зиёд аст ва ману шумо кафшдӯзи дудилаем. Биёед, кӯки чорумро беминнат бизанем ва одамгариро ба ҷо оварем.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ФАРҲОДИ ҲИНДУ Ё “ДЕВОНАЕ”, КИ РОҲИ 70-КИЛОМЕТРАРО 1 КИЛОМЕТР КАРД
Дашратҳ Манҷҳи, хоксоре аз табақаи поёнии ҷомеа дар Ҳиндустон буд. Вале, достони зиндагии ин мард нишон медиҳад, ки барои анҷом додани кори хайру савоб танҳо сарвату қудрат лозим нест, балки бо фидокориву иродаи қавӣ низ метавон уфуқҳои баландро фатҳ кард.
Соли 1959 вақте ҳамсараш дар роҳ ба бемористон ҷон дод, ӯ ҳаёти худро барои беҳбуди рӯзгори дигарон бахшид. Ҳарчанд сарват надошт, тасмим гирифт аз дили кӯҳ роҳе бунёд кунад, то зодгоҳаш – деҳаи Гаҳлори иёлати Биҳори Ҳиндустон аз бунбаст раҳо шуда, чунин фоҷиа ба сари каси дигар наояд.
Манҷҳи тани танҳо ва бо иродаи пулодин синаи кӯҳро шикофта, ба дарозии 110 метр, паҳноии 9 ва баландии 7 метр роҳе бунёд кард, ки масофаи байни минтақаҳои Атри ва Вазирганҷро аз 70 ба 1 километр кам кард. Аҷиб аст, ки 22 сол (1960-1982) танҳо бо як болғаву мех кӯҳ канд. Ҳамдеҳагонаш, ки ӯро дар аввал девона хонда, масхара мекарданд, ҳоло барои баромадан аз деҳа 70 километр давр намезананд, балки бо тай намудани як километр ба мақсад мерасанд.
Дар бораи ин марди кӯҳкан филми машҳури Болливуд бо номи “Manjhi – The Mountain Man” (2015) ба навор гирифта шудааст.
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
ДАРЁФТИ ХАЗИНАЕ БО АРЗИШИ БЕШ АЗ 17 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР
Уқёнусшиносҳо бо ёрии таҷҳизоти замонавӣ дар қаъри баҳр хазинаи ба асри XVII тааллуқдоштаро дарёфтанд, ки ба киштии зериобмонда мутааллиқ аст. Хазина тилло, нуқра ва сангҳои зумуррадро фарогир буда, 17 миллиард доллар арзиш дорад. Ин сарват аз буҷети давлатҳое, ба мисли Эстония ва Тунис, ду баробар зиёд аст.
Таҳияи Кароматулло АТО
ВОҚЕИЯТРО БОЯД ҚАБУЛ КАРД
Шаби сарди зимистони соли 1914 буд. Озмоишгоҳи бузурги Томас Эдисон (муҳандиси амрикоӣ, созандаи фонограф), ҷойе, ки тамоми умр, заҳмат ва сарвати худро ба он бахшида буд, дар миёни оташ месӯхт.
Ба писари ӯ хабар расид, ки хомӯш кардани оташ ғайриимкон мебошад. Ҳама нигарон буданд. Чӣ гуна метавон чунин хабари сангинро ба пирамард расонд?
Писар бо дили пур аз изтироб ба сӯйи озмоишгоҳ шитофт. Метарсид, ки падараш бо шунидани ин хабар тоқат намекунад. Аммо, вақте ба ҷойи ҳодиса расид, манзараеро дид, ки ӯро сахт ба ҳайрат овард. Падараш оромона рӯбарӯйи оташ, дар курсӣ нишаста буд ва бо диққат ба он менигарист. Дар чеҳрааш на нишоне аз тарс буд ва на аз ноумедӣ. Эдисон писарашро, ки дид, бо садои пур аз ҳайрату шодӣ гуфт:
— Писарам, бубин, чӣ қадар зебост! Рангҳои шуълаҳоро мебинӣ? Ин манзараро дигарон дар умрашон намебинанд.
Писар бо тааҷҷуб гуфт:
— Падар, тамоми заҳмати умри шумо дар оташ месӯзад, аммо шумо аз зебоии он сухан мегӯед?
Эдисон бо оромӣ ҷавоб дод:
— Писарам, вақте яқин аст, ки дигар аз дасти мо коре намеояд, беҳтарин кор ором мондан аст. Фардо дар бораи барқарор кардани ҳама чиз фикр мекунем. Имрӯз бошад, бояд воқеиятро қабул кард.
Сӯхтор зарари бузурге расонд, аммо руҳияи Эдисонро нашикаст. Пас аз ин ҳодиса боз ба кор баргашт, озмоишгоҳи худро аз нав сохт ва таҳқиқоти худро бо иродаи қавитар идома дод.
Таҳияи З. РАҶАБЗОДА
ПАНДИ ҲАКИМ
Марде назди ҳакиме аз падараш шикоят кард ва гуфт: “Падарам маро бисёр асабӣ месозад. Ба ҳар кори хона дахолат мекунад. Баъзе вақт худаш намедонад чи мехоҳад. Хаста шудам. Маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?”.
Ҳаким гуфт: “Сабр кун ва бо падарат созиш намо”.
Мард гуфт: “Наметавонам”.
Ҳаким пурсид: “Фарзанди хурдсол дорӣ?”.
Гуфт: “Бале, дорам”.
Боз пурсид: “Агар фарзандат навдаи дарахтеро шиканад, оё ӯро сарзаниш мекунӣ?”.
Гуфт: “Не, ӯ кӯдак аст, сарзанишро намефаҳмад”.
Ҳаким гуфт: “Ту даврони кӯдакиро тай кардаӣ ва медонӣ, ки кӯдакӣ чист. Аммо чун ба синни пирӣ нарасидаӣ ва таҷриба надорӣ, ҳаргиз наметавонӣ ҳолати имрӯзаи падаратро дарк намоӣ”.
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР
ИН АҶИБ АСТ. ГӮШТБИРЁНИ ЧАНДАСРАРО ХӮРДУ ЗИНДА МОНД
Муҳаммадназар Саидалиеви 86-соларо на танҳо дар деҳаи Ҳисори шаҳри Ҳисор, балки дар деҳоти гирду атроф низ мешиносанд. Ӯ ҳамчун “Чошнигиранда, яъне чашандаи гӯшти чандасра” машҳур аст. Соли 1967 Муҳаммадназири он вақт 27-сола ҳамроҳи ду нафари дигар ҳангоми девор кардани атрофи ҳавлии ҳамдеҳааш Муҳаммадмуроди шикорчӣ аз чуқурии қариб ду метр хуми сафолини пур аз гӯшти гови бо равғани зағир бирёншударо ёфт. Ӯ аз ин бозёфт хурсанд шуда, бо ихтиёри худ аз гӯшти чандасра чошнӣ гирифт. Пас аз чанд соат вақте дар меъдааш ягон ноҷӯрӣ ҳис накард, рафиқонашро низ ба хӯрдани гӯштбирён даъват кард. Гӯшт бӯй намекард, вале бӯйи равғани зағир каме эҳсос мешуд. Ҳайратовараш он аст, ки бо мурури солҳо на ягон ҷонвар ба ин хум роҳ ёфтаасту на таъми ғизо вайрон шудааст. Ин хум, ки аз наздикии қалъаи Ҳисор ёфта шуд, баёнгари он аст, ки дар гузашта дар ин мулки бостонӣ ҳунарҳои кулолгарӣ, пазандагӣ ва ҷувозкашию зағирпарварӣ хеле ривоҷ доштааст. Дарвоқеъ, хумро баъди холӣ шудан ба осорхона супурданд.
Сайфиддин СУННАТӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ВОЛТЕР ВА САРТАРОШ
Сартароше аз Париж, ки шоири ҳаваскор ҳам будааст, фоҷиаеро дар қолаби шеър ба Волтер пешниҳод карда, мехоҳад андешаи файласуфи машҳурро нисбат ба қаламаш фаҳмад.
Волтер ҳар қадаре, ки саҳифаҳоро варақгардон мекунад, асабонияташ ҳамон андоза боло мегирад, ки ниҳоят менависад:
- Дӯстам, аз сартарошият намону шоириро, то ҳастӣ, фаромӯш кун. Танҳо сартарошӣ, сартарошӣ ва боз ҳам сартарошӣ.
Чун нома ба дасти сартарош мерасад, бо ҳамон ҳавобаландие, ки дошт, мегӯяд:
- Волтераш ҳам ҳеҷ гапе набудааст, дар як ҷумла се бор калимаи «сартарош»-ро такрор кардааст.
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА
БЕРНАРД ШОУ
Дар намоиши яке аз пйесаҳои худ Бернард Шоу чун мебинад, ки қариб касе хоҳиши қарсзанӣ надорад, ноилоҷ болои саҳна баромада, нидо мекунад:
- Хӯш, то чӣ андоза намоишнома ба шумо писанд аст?
- Дар ҳоле ки ҳозирин аз ин лутфи ногаҳонӣ якбора ҳайратзада хомӯш мемонанд, як нафар бо овози баланд мегӯяд:
- Фач!
Бернард Шоу, ки дар ҳозирҷавобӣ низ устухон надошт, бадоҳатан мегӯяд:
- Ман ҳам ба фикри Шумо розиям, вале аз барои савоб, аз миёни ҳазор мухлис оё норозигии танҳо ду нафари мо метавонад арзиши баланди пйесаро камранг карда бошад?!
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
ДОНИШҶӮЙИ 78-СОЛА
Ғуломҳайдар Искандаров, донишҷӯйи соли чоруми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад, ки 78 сол дорад.
Бино ба иттилои “farah-info”, ӯ якуми январи соли 1948 дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Дӯстӣ таваллуд шудааст. Айни замон донишҷӯйи соли чоруми ихтисоси биология мебошад. Ғ. Искандаров аз соли 2012 дар ин Донишгоҳ таҳсил карда, соҳиби се диплом шуд ва рӯзҳои наздик дипломи чорумашро мегирад. Номбурда нақша дорад баъди хатм таҳсилашро дар Русия идома диҳад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
10 ФУТБОЛБОЗЕ, КИ АЗ ҲАМА БЕШТАР ҶОИЗА БА ДАСТ ОВАРДААНД
1. Лионел Андрес Месси Куччиттини (Аргентина) – 48 ҷоиза
Лионел Мессии аргентинӣ сер-ҷоизатарин футболбози ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ӯ аксари ҷоизаҳояшро зимни бозӣ дар бошгоҳи «Барселона» (2004 – 2021) ба даст овардааст. Аз ҷумла, Месси бо «Барселона» 10 маротиба чемпиони Испания, барандаи 7 Ҷоми Испания ва 8 Суперҷоми Испания, инчунин, 4 маротиба ғолиби Лигаи чемпионҳои UEFA, 3 карат барандаи Суперҷоми UEFA ва 3 маротиба ғолиби Чемпионати ҷаҳонии клубҳо шудааст. Ӯ бо бошгоҳи «Пари Сен-Жермен» низ ду карат чемпиони Фаронса ва соҳиби Суперҷоми Фаронса гаштааст. Месси бо «Интер Майами» чанд ҷоиза, аз ҷумла Ҷоми MLS (2025)-ро ба даст овардааст. Ӯ бо тими миллии Аргентина, чемпиони олимпӣ (2008), барандаи Ҷоми Амрико (2021, 2024) ва чемпиони ҷаҳон (2022) шудааст.
Аз русӣ тарҷумаи Иброҳими САЙФУЛЛО
АНДЕШАИ ХОС
Файласуфи алҷазоирӣ Молик Набӣ гуфтааст:
«Агар хоҳӣ тамаддунеро вайрон кунӣ, муаллимро беқадр гардон, табибро хор соз, олимро канор бигузор ва ба одамони бехирад арзиш деҳ».
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
АСП НИГАҲБОНАШРО ҲИМОЯ КАРД
Дар Ҷопон ҳангоми заминларзаи сахт асп занеро, ки ӯро нигоҳубин мекард, аз хатар ҳимоя намуд. Дар ҳолати такон хӯрдани замин зан ба замин меафтад ва то паст шудани шиддати зилзила асп худро болои ӯ ҳамчун муҳофиз нигоҳ медорад.
Тибқи иттилоъ, қувваи зилзила, ки 20-уми апрели соли 2026 рух дод, ба 7,7 бал баробар будааст.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
ИНТЕРНЕТ ВА НОҚИЛҲОИ ЗЕРИОБӢ
Вақте ки мо ба Instagram ворид мешавем ё навореро тавассути YouTube тамошо мекунем, шояд саволе пайдо шавад, ки алоқаи интернетӣ чӣ гуна сурат мегирад. Бояд гуфт, ки трафики он на тавассути моҳвораҳо, балки ноқилҳои азиме, ки дар қаъри уқёнусанд, интиқол дода мешавад.
Инак, баъзе далелҳо оид ба интернет:
* Дар саросари ҷаҳон зиёда аз 1,2 миллион километр ноқилҳо кашида шудаанд, ки ин барои 30 маротиба дар атрофи Замин давр задан кифоя аст.
* Баъзе ноқилҳо дар умқи то 8000 метр ҷойгиранд, ки ин қариб ба баландии кӯҳи Эверест баробар аст.
* Душмани асосии ноқилҳои интернет наҳангҳо мебошанд. Аз ин рӯ, симҳо бо қабати махсуси зиреҳпӯши занҷирмонанд муҳофизат шудаанд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
10 МУКОФОТ ДАР 1 РӮЗ
Дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ миллионҳо нафар барои қаҳрамонӣ дар корзор ва меҳнат соҳиби ордену медал шудаанд, ки як одати маъмулӣ буд.
Вале, вақте як нафар дар як рӯз соҳиби 10 ҷоиза мегардад, ин дар олам собиқа надорад.
Чунин як воқеа 18-уми декабри соли 1981 рух дод. Дар ин рӯз Котиби генералии КМ ҲКИШ Леонид Брежнев ба муносибати 75-солагияш бо медали Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, ордени Ленин, медали Ситораи тиллои Қаҳрамони Булғористон ва ордени Георгий Димитров, медали Ситораи тиллоии Ҷумҳурии Демократии Германия ва ордени Карл Маркс, ордени Сухе Батор ва медали Қаҳрамони меҳнати Муғулистон, ордени Байрақи Венгрия ва ордени Ғалабаи сотсиализми Руминия мушарраф гардид.
Таҳияи Умар АЛӢ
«ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ»
1-уми майи соли 1886 дар таърих ҳамчун Рӯзи оғози ҳаракати муосири байналмилалии меҳнатӣ сабт шудааст.
Дар ин рӯз ҳазорҳо коргар дар шаҳри Чикаго бо талаби ҷорӣ кардани рӯзи кории ҳаштсоата ба кӯчаҳо баромаданд. Он замон коргарон аксаран аз 10 то 16 соат дар як рӯз кор мекарданд, бе истироҳати кофӣ ва бидуни кафолатҳои иҷтимоӣ.
Баъдтар, ин рӯйдодҳо ба задухӯрдҳои шадид миёни тазоҳуркунандагон ва неруҳои полис оварда расонд, ки бо номи «Ҳодисаи Ҳеймаркет» маъруф гардид. Ин воқеаҳо ҷомеаи ҷаҳонро такон доданд ва ба рамзи мубориза барои ҳуқуқи коргарон табдил ёфт.
Соли 1889 Ҳаракати байналмилалии коргарӣ 1-уми майро ҳамчун Рӯзи якдилии меҳнаткашон эълон кард, ки то имрӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, тарҷума аз русӣ
БАЛАНДТАРИН САРБАНД
Бино ба маълумоти сомонаҳои интернетӣ, то сохтани НБО “Сзинпин – 1” дар Чин (баландии сарбандаш 305 метр), сарбанди Неругоҳи барқи обии «Норак» (300 метр) солҳои 1972 – 2013 баландтарин дар ҷаҳон эътироф шуда, вориди «Китоби рекордҳои Гиннесс» гардида буд.
Тоҷикистон дар оянда метавонад боз чун кишвари дорои баландтарин сарбанди олам шинохта шавад. Айни замон дар кишвар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷараён дорад, ки баландии сарбанди он 335 метрро ташкил хоҳад дод.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМ
НАРХИ РЕКОРДИИ ДОЛЛАР
Аввалин доллари ИМА танга буд, ки соли 1794 сикка зада шудааст.
Он дар корхонаи давлатии тангасозӣ бо нуқраи холис истеҳсол шуда, оғози низоми пулии ИМА мебошад.
Соли 2013 як нусхаи хеле хуб нигоҳдошташудаи танга дар музоядае бо нархи тақрибан 10 миллион доллари ИМА фурӯхта шуд ва онро ба яке аз гаронбаҳотарин тангаҳои ҷаҳон табдил дод.
Таҳияи Муҳаммад АМИН
ХОБ
Одатҳои аҷиби инсонҳои бузург?
* «Хонуми оҳанин» - Маргарет Тэтчер дар як шабонарӯз танҳо чор соат хоб мекард, вале мунтазам барои истироҳат вақт ҷудо менамуд.
* Алберт Эйнштейн дар як шабонарӯз даҳ соат мехуфт, инчунин, вақтҳои истироҳат ташкил мекард.
* Билл Гейтс дар як шабонарӯз ҳафт соат хоб мерафт.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
«КУРАИ ТИЛЛОӢ» ДАР ҚАЪРИ УҚЁНУС БОҚИМОНДАИ АКТИНИЙ БУДААСТ
Сирри ашёи асроромез ва тиллоранг, ки соли 2023 дар чуқурии 3,3 км халиҷи Аляска ёфт шуд, фош гардид. Моҳи апрели соли 2026 озмоишҳои пай дар пай нишон доданд, ки он боқимондаи актиний дар чуқурии баҳр мебошад. Дар ин бора маҷаллаи «Deep Sea Research» хабар додааст.
Тибқи назария, «Кураи тиллоӣ» як моддаи кимиёии актиний будааст, ки нопурра ташаккул ёфта, дар асоси тақсимшавӣ ба вуҷуд омадааст. Қутри ашёи ёфташуда тақрибан 10 сантиметр мебошад.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ
КАЛОНТАРИН АЙСБЕРГ АЗ БАЙН РАФТ
Бино ба иттилои “www.factroom.ru” ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Арктика ва Антарктикаи Россия, калонтарин яхкӯҳ (айсберг)-и олам – А23а, ки масоҳаташ 3900 километри мураббаъ (тибқи дигар маъхазҳо 4170 км2)-ро ташкил медод, бо мурури вақт пора-пора гардида, моҳи апрели соли равон пурра об шуда, аз байн рафт.
Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон, яхкӯҳи мазкур ҳамагӣ 40 сол «умр» дид: он соли 1986 аз пиряхи шинокунандаи Филхнер, ки дар Антарктидаи Ғарбӣ ҷойгир аст, канда шуда, ба вуҷуд омада буд.
Таҳияи Ш. АБДУЛЛО
