ТИРГОН. ПАЙВАНДГАРИ ИНСОН БО ОБУ ОФТОБ

23 июн 2025, Душанбе
18
Дарвоқеъ, Меҳргон, Сада ва Тиргон падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Онҳо моҳияти ҷомеасозӣ, ваҳдату созандагӣ, диду идеалҳои некбинӣ, садоқат ба инсон, замин ва заҳматро ба таври возеҳ инъикос ва ифода мекунанд… Ин оини бостонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё гардид ва мақоми умумимиллӣ гирифт.
Эмомалӣ РАҲМОН
Бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир эҳёи суннату оинҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги мардумӣ ва пос доштани маънавиёти аҷдодӣ ба як унсури муҳими сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфтааст. Яке аз чунин анъанаҳои дерина ва дорои паёми муҳими иҷтимоӣ ва табиатшиносона, ки имсол расман таҷлил мегардад, Ҷашни Тиргон мебошад.
Тиргон яке аз ҷашнҳои куҳантарини мардумони ориёнажод, аз ҷумла тоҷикон аст, ки бо покию тавоноии табиат ва эҳтиром ба унсурҳои ҳаётбахши олам – об, бод, нур ва киштукор пайванди амиқ дорад. Он ҳамчун ҷашни обу борон ва шодию шукргузорӣ ба хидматҳои неруҳои табиӣ ҷорӣ шудааст.
Оинҳои Тиргон, маъмулан, бо оббозӣ, пошидани об ба якдигар, навохтани суруду рақси мардуми деҳот, оростани дастархонҳои мардумӣ ва баргузории мусобиқаҳою бозиҳои миллӣ ҳамроҳ буданд. Мардум бовар доштанд, ки пошидани оби соф бар ҳамдигар некию бурдборӣ меорад ва оғози фасли борварро мужда медиҳад.
Таҷлили Ҷашни Тиргон, пеш аз ҳама, ба эҳёи фарҳанги ғайримоддии миллӣ ва гузарондани маърифати муҳити зист ва захираҳои об равона шудааст. Об ин ҳаёт аст ва фарҳанги қадимаи тоҷикон борҳо собит кардааст, ки қадршиносии об як бахши ҷудонашавандаи ҷаҳонбинии ниёгонамон буд.
Дар шароити тағйирёбии иқлим ва камшавии манбаъҳои об, ташвиқу таблиғи эҳтиром ба табиат ва тарғиби муносибати оқилона бо об аҳамияти дучанд касб мекунад. Ҷашни Тиргон, ки дар муҳити шоду нишоти ҷамъиятӣ баргузор мешавад, метавонад ба як платформаи нави маърифатӣ, тарбиявӣ ва ҳифзи муҳити зист мубаддал гардад.
Бо эҳёи чунин ҷашнҳои мардумӣ, мисли Тиргон, Тоҷикистон на танҳо фарҳанги миллии хешро зинда медорад, балки ба ҷаҳониён паём медиҳад, ки ин миллати бостонӣ ҳамеша бо табиат ва суннатҳои башардӯстонаи худ ҳамоҳанг буд ва имрӯз низ ба сулҳ, дӯстӣ ва зиндагии солиму обод пойбанд аст.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии ш. Панҷакент”
Санаи нашр: 23.06.2025 №: 122