«ҲОҶӢ ҲУСАЙНИ КАНГУРТӢ»
Таълиф ва нашри роман дар бораи рӯзгору кору эҷоди шоиру хаттоту мударриси шинохтаи охири асри XIX ва аввали асри XX Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ падидаи неки таърихиву адабӣ маҳсуб мешавад. Маҷид Салим, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, ба ин иқдоми нек рӯ овард, ки маврид ба арҷгузории махсус мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Замоне беҳтарин толибилмон ва мударрисони мадрасаҳои шаҳрҳои бузурги минтақа, аз ҷумла намояндагони Кангурт буданд. Шоир, мутафаккир ва хаттоти машҳури даврони хеш Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайн, ки бо номи Кангуртӣ маъруф мебошад, яке аз ситорагони дурахшони адабиёти тоҷику форс аст, ки дар рушду такомули фарҳанги миллии мо саҳми шоистаи хешро гузоштааст, то охири умр дар ин мавзеи хушобу ҳаво умр ба сар бурдааст».
Воқеан, ки алҳол ин мавзеъ ва мадрасаву макони охирату «Куллиёт» - и шоиру мударрису хаттоти шаҳир бо дигар нишонаҳо мавҷуданд, таълифи асарҳо дар жанрҳои гуногун то ҷое ба осонӣ даст дода метавонад. Месазад, ки аз ин ҳама ба нафъи таъриху адабиёти миллат фаровону мақсаднок истифода бурд. Агар бо чунин иқдом, ки Маҷид Салим рӯ овардааст, пештар таваҷҷуҳ зоҳир мегардид, нуран алонур мешуд. Яъне, дар он рӯзгор фарзанди шоир, набераҳои ӯ ва шоҳидон дар қайди ҳаёт буданд. Қимати кору эҷоди муаллифи роман боз аз ин нигоҳ бештар ошкор мегардад. Ҷустуҷӯҳои адиби хушсалиқа бо баррасии масъалаҳои муҳим, албатта, барои муҳаққиқону муаллифони ояндаи шоир бисёр асрорро бозгӯ мекунанд. Омӯзиши ҳаёту фаъолияти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар барномаи таълимии синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба назар гирифта шудааст. Бешак, китоби мазкур боз ҳамчун як маводи ёридиҳанда барои омӯзгорон ва хонандагон хидмат карда метавонад.
Ашъори ин шоири воломақом ҳанӯз дар замони зиндагияш ба мусиқии классикӣ - Шашмақом роҳ ёфта буд. Алҳол низ онро месароянд:
Чӣ сабаб, ки турки мастам бари мо
надида бигзашт,
Нанишасту нолаи мо даме ношунида
бигзашт.
Зи паёми ваъдаи ӯ, ки «чу шаб
биёяд, оям».
Нашунидам, ин ки шаб ҳам ба дами
сапеда бигзашт.
Чу ҳилол пайкари ман ба тавозуи
дари ӯ,
Ба умеди ҷабҳасоӣ ба қади ҳамида
бигзашт...
Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, дар ҳақиқат, ба омӯзишу пажӯҳиши махсуси илмиву адабӣ ниёз дорад. Ҳанӯз бисёр паҳлуҳои рӯзгору кору эҷоди ин шахсияти маъруф омӯхтаву пажӯҳиш нашудаанд.
Рӯйи санги мазораш ин байти ӯ навишта шудааст:
Агар бар хоки Ҳоҷӣ бигзарӣ, фасле
тааммул кун,
Ки бе файзе набошад тӯдаи
хоки мазори ӯ.
Ба яқин, фасле тааммул бар тӯдаи хоки мазораш чун файзбахш бошад, метавон гуфт, ки таълифи асарҳо пас аз омӯзишу пажӯҳиш ва муаррифии бештараш зиёдтар файз мебахшад. Ба ин васила, хонандагонро, хосса насли наврасро метавон дар руҳияи ватандӯстиву миллатдӯстӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихиву адабӣ тарбия намуд. Асари Маҷид Салим ба ҳамин мақсад таълиф ва нашр гардидааст. Он туҳфаи хубест ба хонандагон ва ҳаводорони ашъори ноби Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»