НАЗРӢ ОФАРИДАЕВ: “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТИМСОЛИ ВАҲДАТ АСТ”
Ваҳдати миллӣ имкон дод, то тамомияти арзӣ ва истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳифз ва барои таҳким ва устувории пояҳои давлатдории миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шаванд ва мамлакат ба роҳи рушди муътадили иқтисодию иҷтимоӣ ворид гардад. Дар ин бобат бо Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филология, сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳоваддин Искандарови АМИТ ҳамсуҳбат шудем.
Назрӣ Офаридаев, аз ҷумла, гуфт: “Бархӯрди қувваҳои дохили Тоҷикистон барои ҳокимият оқибат ба муноқишаи мусаллаҳона оварда расонд. Мардум ба сангарҳо ҷудо шуд. Дар натиҷа ҳазорҳо нафар аз Тоҷикистон фирор карданд. Қисме аз аҳолии водии Вахш ба тарафи Афғонистон гузашт. Бисёре аз шаҳрвандон аз шаҳри Душанбе ва водии Вахш, ба вилоятҳои Суғду Бадахшон гуреза шуданд. Вазъи иқтисодии кишвар ниҳоят бад буд ва мардум дар як ҳолати парешонию раҳгумӣ қарор дошт. Хавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон гум шудани Тоҷикистон сар зад. Дар ҳамин ҳол моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин иҷлосия бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти нав сари қудрат омад ва Ҳукумати ҷадид вазифаҳои асосии худро муайян ва мушаххас намуд. Яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати нав баргардондани гурезаҳо ба маҳалҳои зисташон буд. «То даме, ки охирин гуреза ба Тоҷикистон барнагардад, ман худро ором ҳис намекунам», гуфта буд Роҳбари давлат дар аввалин суханрониашон ба ҳайси роҳбари давлат ва ҳамин тавр ҳам кард.
Сарвари давлат бо тамоми саъю талош ва сарсупурдагӣ барои татбиқи сулҳ кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Ҳайатҳои ҳукуматӣ дар як қатор мамолики хориҷӣ бо сарварони мухолифин мулоқот намуданд. Худи Сарвари давлат ба минтақаҳои доғи ҷумҳурӣ ва ҳатто, ба Афғонистон, ки сангари бисёре аз мухолифини Тоҷикистон буд, рафта, онҳоро водор намуданд, ки ба сӯи сулҳ қадам гузоранд, то давлат аз фаношавӣ раҳо ёбад.
Дар баробари ин, дар назди Ҳукумати нав таҳкими асосҳои давлатдории Тоҷикистон истода буд, ки кишварро ҳамчун давлати мустақил ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд. Рамзҳои давлатӣ, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ қабул шуданд. Зарурати таъсиси Артиши миллӣ ба миён омад. Неруҳои ҳифзи қонуну амният таъсис дода шуданд. Ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат – Конститусия дар шароити нав қабул шуд ва он Тоҷикистонро ҳамчун як давлати дунявӣ, ягона ва демократӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Ин имкон дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳокимияти нави Тоҷикистон бо як назари нек нигарад ва Ҳукумати нави Тоҷикистонро дастгирӣ намояд. Мулоқотҳои Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакатҳои гуногун бо миёнҷигарии СММ ва кишварҳое, ки барои сулҳи тоҷикон манфиатдор буданд, доир гардид. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия дар ҳама мулоқот кӯшиданд, ки қувваҳои мухталифи сиёсӣ дар Тоҷикистон ба сулҳ шарафёб гарданд ва ҷанги таҳмилӣ хотима ёбад. Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон барои таҳкими ваҳдати миллӣ заминаҳо ба вуҷуд омаданд.
Якум, омили айнӣ, ки ба иродаи халқи тоҷик ва табиати сулҳофаринии ӯ иртиботи мустақим дошт, ки он сиёсати оштии миллиро пайгирона ҷонибдорӣ мекард. Яъне халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ хоҳони ҷанг набуд ва мардуми Тоҷикистон мехост, ки ҳар чи тезтар дар кишвар сулҳ барқарор гардад.
Дуюм, омили байналмилалӣ, ки ба сиёсати сулҳҷӯёнаи кишварҳо ва созмонҳои байналхалқие вобастагӣ дошт, ки дар барқарор намудани сулҳ дар сарзамини тоҷикон манфиатдор буданд ва ҳар кадоме аз ин кишварҳо ба истиқрор ва бебозгашт намудани сулҳ саҳми арзанда гузоштанд.
Дар натиҷаи ранҷҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷонбозиҳои ӯ, иродаи халқи заҳматкашида ва мусоидати роҳбарони мамолики дӯст 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин имкон дод, ки дар Тоҷикистон ваҳдати сиёсӣ ба вуҷуд биёяд, неруҳои сиёсии кишвар ва минтақаҳои Тоҷикистон ваҳдати миллиро пайгирона дастгирӣ карданд.
Сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ба сулҳи тоҷикон баҳои баланд медиҳанд ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин раванд ситоиш мекунанд. Ин як рӯйдоди сиёсӣ ва ҳақиқати бебаҳс аст. Фарҳангу дониш ва маданияти сиёсии халқи тоҷик низ дар ин росто рушд кард. Имрӯз дар кишвар ба қадри сулҳу ваҳдат мерасанд, зеро ваҳдату якпорчагӣ омили муҳими рушди босуботи кишварамон мебошад ва аз қудуми мубораки Сарвари ботадбир мамлакат пеш меравад, то рафт ободу зебо мегардад.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.06.2025 №: 125-126
