БАҚОИ ҲАМЕШАГИИ ДАВЛАТ

26 июн 2025, Панҷшанбе
33
Боиси шукргузорӣ аст, ки дар фазои сулҳу оромӣ ҳар сол рӯзе, ки дар таърихи миллати мо ҳамчун санаи сарнавиштсоз эътироф гардидааст, бо шукӯҳу ҷалоли хос таҷлил мегардад. Рӯзе, ки ба баракати он дар Ватани азизамон сулҳу субот ҳукмфармо гардид, баҳамойии миллати пароканда дигарбора муяссар шуд, якпорчагии марзу бум таъмин ва истиқлоли давлатӣ ҳифз гашт. Маҳз ҳамин рӯз абри ноумедиҳоро аз болои қалбҳои хунчакони миллати азияткашидаи тоҷик рафъ ва ба оянда дилгарм намуд. Аз ҳамин хотир аст, ки мо ба ин рӯзи муборак арҷ мегузорем, онро гиромӣ медорем ва бо истифода аз тамоми имкониятҳо саъй хоҳем кард, ки онро аз ҳама газандҳо эмин нигоҳ дорем.
Расо 28 сол қабл Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима дод ва ваҳдати миллиро ба армуғон овард. Аммо то расидан ба чунин рӯзи нишотовар давраҳои басо душвор паси сар шуданд.
Сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳастии миллат ва давлати соҳибистиқлоли моро зери хатари нестӣ гузошт. Бархӯрди ақидаҳо, ки бо дахолати неруҳои манфиатхоҳи берунӣ торафт шиддат мегирифт, ваҳдати миллатро аз миён бурд, дар миёни он тафриқа ба миён овард, мардумро ба ду гурӯҳ ҷудо карду дар муқобили ҳамдигар қарор дод. Сохторҳои давлатӣ аз уҳдаи иҷрои рисолати худ набаромаданд. Бесарусомонӣ ҳукмфармо гардид. Мардумро тарсу ҳарос фаро гирифт.
Онҳо интизор буданд, то Худованд шахсеро ба сари қудрат биёрад, ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои маҳаллию гурӯҳию сиёсию эътиқодоти динӣ боло гузорад. Танҳо дар ҳамин сурат имкон муҳайё мегардид, ки оташи ҷанги хонумонсӯз хомӯш гардад. Хушбахтона, ба бахти ин миллати азияткашида фарзонамарде ба мақоми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузида шуданд, ки дар нахустсуханронии хеш бо изҳори “баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам”, дар мазраи қалби миллионҳо ҳамватанони худ тухми умед ба ояндаи некро кишт намуданд. Ҳар як ҳарфашон ҳикмат дошт, аз эътимод холӣ набуд ва мардум дар симои нурониашон наҷотбахши худро диданд.
Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳастӣ ва неруву хиради худро барои берун овардани кишвар аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ равона карданд. Қабл аз ҳама ба он талош намуданд, ки қонуни асосӣ – Конститутсия бо назардошти сохти нави давлатдорӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад ва соли 1994 ин тадбири муҳими сиёсӣ дар амал татбиқ ёфта, шакли давлатдории навини тоҷикон муайян гардид.
Ҳоло таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз мавзуи муҳими баррасишавандаи институтҳои таҳқиқотию созмонҳои байналмилалӣ дар миқёси ҷаҳон қарор гирифта, то кунун дар ҳалли низоъҳо аз он истифода мешавад. Нашрияҳои бонуфуз ва шахсиятҳои шинохта ба хидмати бузурги Роҳбари давлати тоҷикон дар ҳалли низоъҳои дохилӣ ишора карда, онро панди бузург ва мояи пайравӣ баҳогузорӣ намуданд.
Мусаллам аст, ки барои натиҷагирӣ дар ҳама самтҳо, аз ҷумла дирӯзу имрӯзи кишвари азизамон, корбурди қиёс зарурат дорад. Бо дар зеҳни хеш зинда кардани даҳаи аввали соҳибистиқлолӣ, ки мутаассифона, бо нооромиҳо паси сар гардид ва муқоисаи он бо имрӯз барои мо рӯшан мегардад, ки дар тамоми самтҳо – қонунгузорӣ, иқтисодиёт, саноат, маориф, тиб, фарҳанг, артиш ва ғайра ба дастовардҳои басо бузург ноил гардидем. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ бо ҳифзи ваҳдати миллӣ, сарҷамъӣ, садоқат ба Роҳбари давлат ва заҳмати содиқона тавонистем кишвари ҷангзадаи худро дар қатори кишварҳои рӯ ба рушд қарор диҳем, ки дар таърих бесобиқа буда, барои мо – ватандорон мояи ифтихору шукргузорист. Ҳамагон дарк мекунем, ки барои халқи соҳибватану соҳибдавлат маҳз ҳукмфармо будани ваҳдату иттиҳод заминагузори татбиқи амалии ормонҳои миллӣ, василаи муҳими таҳкими пояҳои давлатдорӣ буда, дар ин росто, бидуни шакку тардид, Роҳбари хирадманд, сиёсатмадор, ояндабин, дурандеш, раиятпарвар ва барои давлату миллати худ содиқ нақши калидӣ доранд.
Дар мавриди хидматҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди рафъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарории сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, боло бурдани эътибори давлати тоҷикон дар миқёси ҷаҳон иқтибос овардани ин ҳарфҳои дипломати собиқадор ва донишманди тоҷик Талбак Назаровро зарур медонам: «Воқеан, хизмати бузурги таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдорӣ ба даст оварда, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, Артиши миллӣ ва неруҳои посбонии сарҳадро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, бунёди сулҳи Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ваҳдати миллӣ ва эҳёи онро амалӣ сохт, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд».
Дар фароварди сухан бо шукргузорӣ иброз медорам, ки беш аз чоряк аср мо дар фазои оромию ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар мебарем ва моро зарур аст, ки бо дар амал нишон додани садоқат ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарки ҳисси масъулияти баланд дар назди халқи сарбаланди худ ва бо истифода аз мақому мартабаву масъулияти бардӯшдошта пайваста саъй намоем, ки ҳаргиз ба кохи бузурги ваҳдати миллӣ, ки кафолати пойдории давлату миллати мо ба ҳисоб меравад, ба ҳеҷ ваҷҳ газанд нарасад.
САИДВАЛИЗОДА Барно Саиднабӣ,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади
илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Санаи нашр: 26.06.2025 №: 125-126