ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

27 апрел 2023, Панҷшанбе
58
0

 
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 16 ДАР ДЕҲОТИ САФОБАХШИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Мактаб 3-ошёна буда, он дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судмани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия бунёд шудааст. Муассисаи таълимӣ барои 1 ҳазору 280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Корҳои сохтмонии МТМУ № 16 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 оғоз гардида, аз ҷониби Ширкати чинии “POVER – CHINA” дар муҳлати муқарраршуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шуд.
Муассисаи замонавии таълимӣ аз 27 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш бо 24 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон, иборат мебошад. Дар ҳуҷраҳои озмоишгоҳии мактаб асбобу аёниятҳои дарсӣ мавҷуданд, ки барои дар амал гузарондани таҷрибаҳои гуногун хонандагон аз онҳо босамар истифода мебаранд. Дар синфхонаи барҳавои компютерӣ, ки бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз аст, хонандагон имкон доранд, аз нозукиҳои кор бо технологияи иттилоотӣ бохабар бошанд. Акнун бо мавриди истифода қарор додани ин Муассисаи зебову замонавӣ мушкилии қаблан мавҷудбудаи норасоии ҷойҳои нишаст ба пуррагӣ аз байн рафт.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри соҳибкасб гардондани хонандагон асбобҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар шароити муосир фароҳам буда, духтарон баробари омӯхтани дӯхтани сарулибоси миллӣ, ҳамзамон, бо роҳнамоии омӯзгорон таомҳои гуногун омода мекунанд. Ҳамчунин, дар синфхонаҳои фаннии физика, химия ва математика муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ, аз ҷумла видеопроектор бо тахтаҳои электронӣ, мавҷуд аст.
Ёдовар мешавем, ки собиқ бинои ин Муассиса, ҳанӯз соли 1937 сохта шуда буд ва ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯ набуд. Акнун хонандагон бо истифода аз муосиртарин шароити илму ҳунаромӯзӣ дар ин таълимгоҳи боҳашамати замонавӣ таҳсил мекунанд. Барои тарғибу ташвиқи бештари варзиш ва ба ин восита ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар Муассисаи таълимӣ 2 майдончаи варзишӣ сохта шудааст, ки дар онҳо имконияти бозии футбол, баскетбол ва волейбол мавҷуд мебошад. Бо мақсади ташкил ва баргузор кардани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар таълимгоҳ толори барҳавои маҷлисӣ бо 150 ҷойи нишаст сохта шудааст. Маҷлисгоҳ бо мизу курсии босифат ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, бо санъати миллии меъморӣ оро ёфтааст.   
Дар ошёнаи якуми бинои Муассиса ошхона бо 160 ҷойи нишаст мавҷуд аст ва дар он ба таълимгирандагон хӯрокҳои болаззат дода мешавад.  Дар мактаб барои таълиму тарбияи хонандагон 50 омӯзгори соҳибтахассус кору фаъолият менамояд. Муассиса дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ мебошад, ки тариқи он синфхонаҳо дар фаслҳои сармо гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳадаф аз бунёд ва ба истифода супурдани Муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Данғара ин идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Саҳн ва атрофи бинои нави Муассисаи таълимӣ сабзу хуррам буда, дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароитҳои муҳайёшуда дар иншооти таълимии навбунёд ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон ҷиҳати истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбия намудани ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд.

РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН
26 апрел дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шинос шуданд.
Иттилоъ доданд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар майдони беш аз 23 гектар марҳила ба марҳила бунёд мегардад. Тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда дар ин ҷо беш аз 15 бино ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои асосӣ, чор бинои таълимӣ, ду хобгоҳ барои донишҷӯён, хобгоҳ барои омӯзгорон, се толори лексионӣ, ошхона, толору майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва як дармонгоҳи замонавӣ бо тарҳи ҷадид ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии сохтмону меъморӣ бунёд гардида, бо пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва ашёи илмомӯзӣ муҷаҳҳаз карда мешавад.
 Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ иттилоъ доданд, ки бинои асосии донишгоҳ аз 4 иншоот иборат буда, барои 900 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Бинои асосӣ аз 71 синфхона, 255 ҳуҷраи корию ёрирасон иборат буда, барои истифодаи кафедраҳои мухталиф, толорҳои лексионию баргузории конфронс, осорхона, китобхона, озмоишгоҳҳои гуногун, маркази тестӣ ва дигар шуъбаҳои ин муассисаи олии таълимии касбӣ нигаронда шудааст. Дар ин ҷо, ҳамзамон, як маҷлисгоҳ бо 1200 ҷойи нишаст, китобхона, толори электронии китобхонӣ бо 80 ҷой, таҳхона барои нигаҳдории китоб, ошхона бо 300 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта мешавад.
Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП” ва пудратчии асосӣ ҶСК “СТС иншоот” мебошад. Айни ҳол дар корҳои сохтмонӣ беш аз 200 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудааст. Бояд гуфт, ки рафти корҳои бунёдӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, ҳамаи биноҳои таълимию ёрирасони Донишгоҳи мазкур дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд сохта мешаванд. Дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосӣ, бинои таълимии рақами як ва ошхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара имсол дар арафаи Ҷашни бузурги умумимиллии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи мазкур аз соли 2016 фаъолият дорад ва дар он айни ҳол 2250 донишҷӯ дар 3 факултет таҳсил дорад. Баъди бунёди ҳамаи биноҳои Донишгоҳ ва таъсиси кампус дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои таҳсили бештар аз 5000 донишҷӯ шароит фароҳам меояд. Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо дастуру супоришҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки 17 июни соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд. Бинои хобгоҳи донишҷӯён аз таҳхона, 9 ошёна ва 133 ҳуҷра барои истиқомат бо 800 ҷойи хоб иборат мебошад. Дар маҷмуъ, дар иншооти нав ҷиҳати истиқомат, дарстайёркунӣ ва фароғат барои донишҷӯён беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.
5 ноябри соли 2018 бошад, дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд. Коллеҷи тиббӣ аз ду бинои панҷошёнаи хуштарҳу замонавии таълимӣ иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1510 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Биноҳои таълимии Коллеҷи тиббӣ дорои 75 синфхонаи таълимӣ ва 38 ҳуҷраи корӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷиҳати таъмини муассисаҳои тандурустии вилоят бо кадрҳои баландихтисоси соҳа таъсис ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалисозии ин тарҳро идомаи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат унвон намуда, онро дар беҳдошти солимии ҷомеа қадами устувор арзёбӣ карданд.

БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ  МАРКАЗИ САЛОМАТИИ БИСЁРСОҲАВИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди шуъбаи таваллуд ва рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара шинос шуданд.
Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди шуъбаи таваллуд дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара иттилоъ доданд, ки иншоот бо 80 кат барои қабули шаҳрвандон хизмат мерасонад. Масоҳати бинои шуъбаи таваллуд 1325 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино аз се ошёнаву таҳхона ва 62 ҳуҷра, аз ҷумла шуъбаи таваллуд, амрози занона, бемориҳои гуногун, маркази таъҷилӣ, нақшавӣ ва ҷарроҳӣ, иборат аст. Ҳамчунин, барои беҳтар кардани шароити корӣ дар шуъбаи таваллуд бунёди толори маҷлис, шуъбаи рентгенологӣ ва ошхона ба нақша гирифта шудааст.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи иншооти соҳаи тандурустӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону сохтмончиён барои иҷрои босифату саривақтии корҳо дастуру супориш доданд. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази саломатии бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд.
Фармоишгари бунёди иншоот Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Корезлоиҳа” ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Наврӯз-01” буда, он дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ мегардад.
Тибқи лоиҳа Маркази саломатӣ аз 3 қисм иборат буда, биноҳои канорӣ 6-ошёнагӣ ва бинои марказӣ 7-ошёна мебошад. Марказ дар масоҳати 0,93 га ҷойгир шудааст. Маркази саломатии бисёрсоҳавӣ бо харҷи 4 миллиону 684 ҳазору 870 доллари амрикоии маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд бунёд мешавад. Айни ҳол бо ҷалби кормандони ширкатҳои сохмтонии ватанӣ корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд ва дар нақша аст, ки иншооти муҳими соҳаи тандурустӣ дар рӯзҳои Ҷашни Наврӯзи байналмилалии соли 2024 бо тарҳи зебову замонавӣ ба истифода дода шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба коргарону мутахассисон ҷиҳати анҷоми корҳои босифату сари вақт  мавриди истифода қарор додани Маркази саломатии бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Данғара дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беҳтар гардида истодааст. Беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Данғара, бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ, дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхису табобат ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин мегарданд.
Ҳамаи ин пешравиҳоро кормандони соҳа аз шарофати сулҳу субот, ваҳдату Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод мекунанд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор дода, бо шароити кори он шинос шуданд.
Иншооти хуштарҳу замонавӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ бунёд ёфта, дар он барои кормандону мутахассисон шароити беҳтарини кору хизматрасонӣ муҳайё карда шудааст. Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 54 ҳуҷраи корӣ, китобхона, шуъба ва бахшҳои соҳавӣ, гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, ошхона, маҷлисгоҳ барои 120 ҷойи нишаст ва 10 ҳуҷраи ёрирасон мебошад. Дар корҳои сохтмонӣ, ки моҳи феврали соли 2021 оғоз ёфта буданд, 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид. 
Мавриди зикр аст, ки қаблан кормандону мутахассисон дар бинои куҳна фаъолият мекарданд, ки дар он шароити хуби корӣ мавҷуд набуд. Бо дастгирӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муҳташаму замонавӣ бо беҳтарин имконоти хизматрасонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт, ки барои пешбурди фаъолияти минбаъда самаранок истифода хоҳад гардид. Дар ошёнаи якум, ғайр аз толори хурди маҷлисгоҳ, шуъба ва бахшҳои соҳавӣ, ҳуҷраи ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ҳамзамон, барои сайқал додани дониши кормандон китобхонаи замонавӣ таъсис ёфтааст, ки дар он асарҳои мондагори Пешвои муаззами миллат, рӯзномаву маҷалла ва китобҳои тозанашри адибону шоирон ва нависандагони классику муосир дар шакли чопӣ ва электронӣ мавҷуданд.
Рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум яке аз ҳадафҳои асосӣ ва созандаи фаъолияти ҳизб ба ҳисоб меравад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида ва суҳбати самимӣ бо кормандону мутахассисони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ҷавонон, хосса масъулони соҳаро барои боз ҳам вусъат додани тадбирҳои ободонӣ ва беҳтар сохтани шароити хуби зиндагӣ ба сокинон  ҳидоят намуданд.     
Аз рӯи тарҳ дар ошёнаҳои дуюм, сеюм ва чоруми бино ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон муайян шудаанд, ки бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъминанд.
Маҷлисгоҳи барҳаво дар ошёнаи 5-уми бино ҷойгир буда, сақф ва девори он бо ҷалби ҳунармандон гаҷкорӣ ва бо нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст, ки барои гузарондани маҳфилу чорабиниҳо макони мувофиқ аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз толори маҷлисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Дар доираи корҳои ободонӣ бино ва ҳамаи ҳуҷраҳо бо системаи гармидиҳӣ таъмин гардидааст. Фармоишгари иншоот Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Интергрупп” мебошад.   
Гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ошхона ва коргоҳи хурди дӯзандагӣ дар таҳхонаи бино ҷойгиранд. Занону духтароне, ки айни ҳол дар коргоҳи навтаъсис фаъолият доранд, баъд аз гузаштан аз курсҳои омӯзишӣ ба кор қабул гардида, феълан онҳо мувофиқи дархост ба дӯхти сарулибоси мактабӣ, миллӣ ва сарулибоси ягонаи корӣ машғуланд. Бо ташкили коргоҳи дӯзандагӣ 12 нафар занону духтарон соҳиби ҷойи кори мувофиқ шуданд.     
 Дар доираи корҳои ободонӣ саҳни бино сангфарш ва кабудизор гардида, ҳамзамон, бо нишастгоҳҳо ва чароғакҳои равшанидиҳанда таъмин мебошад, ки ба намои рӯзона ва шабонаи маркази ноҳияи Данғара зебоиро зам намудааст.

БАИСТИФОДАДИҲИИ БИНОИ МЕҲМОНХОНАИ “КОМРОН+П”  ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара меҳмонхонаи “Комрон+П”-ро ба истифода доданд.
Иншооти хизматрасонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолсозии нақши бахши хусусӣ дар пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз ҷониби соҳибкор Комрон Солеҳзода сохта шудааст. Масоҳати меҳмонхона 238 метри мураббаъро ташкил намуда, аз 5 ошёна иборат аст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамшуда баҳои баланд дода, коргаронро ҷиҳати мутобиқ ба талаботи замон хизмат расондан ба мизоҷон вазифадор намуданд. Меҳмонхонаи “Комрон+П” аз 16 ҳуҷра иборат буда, имкон дорад, ки дар як вақт ба 30 нафар хизмат расонад. Ҳамзамон, бино дорои ошхона, маҷлисгоҳ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.
Дар вақти бунёди иншооти мазкур 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буд. Баъди ба истифода додани меҳмонхона бошад, 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуд. Майдони асосии иншоот 13 садякиро ташкил медиҳад. Саҳни меҳмонхона сафолакпӯш гашт, ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонда шудаанд.
Ноҳияи Данғара, ки дорои табиати дилфиреб ва мавзеъҳои таърихӣ мебошад, бунёду ба истифода додани меҳмонхона ва ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани шароити хизматрасонӣ ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду ба истифода додани иншооти муосирро намунаи асосии татбиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ арзёбӣ карданд. Меҳмонхона аз ҳисоби маблағҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комрон+П”, ки аз соли 2003 фаъолият мекунад, сохта ба истифода дода шудааст.
Таҳкими корҳои ободонӣ ва бунёду ба истифода додани иншооти гуногун аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ пешрафти дучанди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиро таъмин ва ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Меҳмонхонаи “Комрон+П” дар шафати роҳ воқеъ буда, сайёҳону меҳмонон метавонанд минбаъд аз хизматрасонии сатҳи баланди он дар ноҳияи Данғара баҳравар шаванд.

КООПЕРАТИВИ ТИҶОРАТИИ МОҲИПАРВАРИИ “КАЁНУШ” ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Кооперативи тиҷоратии моҳипарварии “Каёнуш”-ро ба истифода доданд.
Ҳадаф аз таъсиси хоҷагӣ ва ба роҳ мондани парвариши намудҳои гуногуни моҳӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ба содирот нигарондани он ва таъмини пешрафти дучанди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия дониста мешавад. Баъди шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти хоҷагӣ ба ҳавзҳо 55 ҳазор  моҳича сар доданд.
Дар хоҷагӣ парвариши моҳии навъи “бестер” аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд. Оянда дар назар аст, ки дар ин хоҷагӣ беш аз 100 ҳазор моҳӣ парвариш ёбад. Корҳои сохтмонӣ дар ҳавзи моҳипарварӣ соли 2022 дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Асадулло Исоев оғоз шуда, имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Масоҳати умумии ҳавзҳои моҳипарварӣ 17 гектарро ташкил дода, дар он навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш мешаванд. Айни замон ҷиҳати зиёд намудани навъҳои парваришёбандаи моҳӣ ва истеҳсоли он дар хоҷагӣ 5 ҳавз бунёд шудааст. 
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар марҳилаи аввал парвариши 43 ҳазор моҳӣ, аз қабили навъҳои моҳии «Сазан», «Пешонағафси сафед» ва «Амури сафед» ба роҳ монда шудааст. Масъулон нақша доранд, ки дар оянда намуд ва миқдори моҳиро бештар кунанд. Баъди ба фаъолият оғоз намудани ҳавзҳои моҳипарварӣ дар Кооперативи тиҷоратии моҳипарварии “Каёнуш” 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳияи Данғара солҳои охир моҳипарварӣ рушд карда, имрӯз фаъолияти 26 хоҷагии моҳипарварӣ дар 30 гектар замин дар ҳамин самт равона гардидааст. Истеҳсоли гӯшти моҳӣ соли 2022 дар ноҳия 40 тоннаро ташкил намуда буд. Дар се моҳи аввали соли 2023 бошад, 7,5 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол шудааст. Шароиту имконияти мусоиди моҳипарварӣ дар кишвар муҳайё аст ва истифодаи имконияти мавҷуда ба пешрафти дучанди он мусоидат мекунад.
Таъсиси хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ бо истифода аз технологияи нав, додани имтиёзҳои мусоид ба соҳибкорон дар самти мазкур фаъолияткунанда, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли хӯроки моҳӣ ва коркарди гӯшти он, аз ҷумлаи омилҳои такондиҳандаи рушди соҳа арзёбӣ мегарданд.
Ҳамаи ин тадбирҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ, ба хотири пешрафти ин соҳаи сердаромад, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба даст овардани даромади иқтисодӣ ва дар маҷмуъ, беҳбудии сатҳи зиндагии мардум дониста мешавад.

Санаи нашр: 27.04.2023 №: 87
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив