ҚАҲРАМОНИ ДОСТОНИ ВАҲДАТ
Ҳамсон ба Истиқлол мафҳуми Ваҳдат низ барои халқи тоҷик муқаддас мебошад. Зеро Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ бо аксар марзҳои маъниву моҳият бо ҳам тавъаманд. Ҳазор сол бо ноадолатиҳои таърихӣ халқи тоҷик дар парокандагӣ зистааст ва иттиҳоду ваҳдати остонаи асри нав барои ин халқи ҷафодида ҳадяи тақдир ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ осон ба даст наомадааст ва, воқеан ҳам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ваҳдати тақдирсози халқи тоҷик ва давлатдориву давлатсозии навинро бидуни заҳматҳои ин абармард тасаввур намудан ғайриимкон аст.
КОРНОМА
Чун аз дуриҳои вақт ба заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менигарем, қадру қимати онҳоро бештару равшантар дармеёбем. Халқи тоҷик солҳои навадуми асри гузашта бо гирифторӣ ба ҷанги дохилӣ бисёр чизҳоро аз даст дод ва чун бо роҳнамоиҳо ақли солим ғолиб омад, ин доғи нангинро аз пайкари худ дур сохта, ба сулҳу ваҳдати комил расид. Марҳалаҳои ташаккули сулҳу ваҳдати тоҷикон аз 5-уми апрели соли 1994 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия оғоз ёфта, дар мамлакатҳову кишварҳои гуногуни ҷаҳон 216 рӯз идома ёфт ва ахиран 27-уми июни соли 1997 ба нуқтаи ниҳоӣ расид. Дар ин раванд, 8 музокироти сатҳи олӣ ва беш аз 50 муколамаҳои дигар сурат гирифтаанд, ки ҳамаи онҳо зери назорати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҳадаф – таъмини ваҳдати миллӣ ҷараён пайдо кардаанд.
Сиёсатмадорон дар рӯи ҷаҳон бешуморанд, вале пешвоён ҳамеша ангуштшумор мешаванд. Давлатро наҷот додан, давлат сохтан ва халқи худро аз бунбаст раҳо кардан, душвортарину сангинтарин рисолат аст, ки аз уҳдаи иҷрои онҳо танҳо пешвоҳои содиқ мебароянд.
САНГАР
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои Ватани мо тақдири норавшану номаълум вуҷуд дошт ва танҳо як чиз маълум буд, ки ин давлати ҷавонро пароканда кардан мехостанд. Изтироб, навмедӣ, даҳшат ва хавфу бим гиребонгири ҳар як ҳамватани мо буд. Роҳбарон аз бар дӯш гирифтани масъулият ҳарос доштанд. Дар ин миён шуълаи умедро дар дили мардум танҳо Эмомалӣ Раҳмони ҷавону пурҷасорат афрӯхта тавонист. Роҳбари давлат ҷони худро дар хатар мегузошту ба нуқтаҳои доғ мерафт, то ин ки он шуълаи умед торафт равшан гардад. Дар солҳои пурдаҳшати ҷанги шаҳрвандӣ фарзанди сарсупурда – Эмомалӣ Раҳмон роҳи бузургу бошараф, аммо пурхатарро баргузид. Ин интихоб ба ҷонаш таҳдид мекард. Дар он солҳо ду сангар ба назар мерасид – ваҳдату сулҳ ва нифоқу парокандагӣ. Сангарсозии Эмомалӣ Раҳмон дар муқобили душманон ғолиб омад. Зеро он сангари сулҳу ҳақиқату адолат буд.
Дар ин раванд фалсафаи ваҳдат ба идеологияи миллӣ табдил ёфта, унсурҳои устувори давлатсозӣ шакл пайдо намуданд. Мавқеи Пешвои муаззами миллат дар сангарҳо, сулҳ буд, ҳаст ва хоҳад монд.
МАРДУМСОЛОРӢ
Таърих собит менамояд, роҳбарони муваффақ дар навбати аввал мардумиянд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин радифанд. Эътимод ва бовари мардум ба Эмомалӣ Раҳмон омили таъминсозандаи ваҳдат гардид. Ҳамгироӣ бо ҷомеа, нест кардани дарди маҳалгароӣ ва ҳамнавои дили халқ будан, роҳи ин абармардро дар сиёсат суфта сохтаанд. Матонату маҳорати бузурги Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ӯ халқро аз худ розӣ гардонда тавонист ва ин қаноатмандӣ тавассути дастовези бузург – сулҳу ваҳдат ба амал омадааст. Эҳтиёткорӣ, гӯш ба ҳарфи халқ, таҳаммул ва дурандешӣ ҳамаи фатҳу зафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таъмин кардаанд.
Дар як навъ қиёсҳо маълум мегардад, ки Роҳбари давлати мо дар миёни тамоми роҳбарони кишварҳои ҷаҳон аз ҳама бештар дар миёни халқ қарор гирифта, муколамаҳои самимиву руҳбахш менамоянд. Оғози ин раванд аз иҷлосияи таърихии Хуҷанд оғоз мешавад, ки ин абармард дар аввалин қадамҳо бо муроҷиати хос бо нармтарину гармтарин суханҳо ба ваҳдати ботин дахл намуда буданд.
ЭЪТИРОФ
Ваҳдати ба ҷон парвардаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз марзҳоро убур карда, моҳияти байналмилалӣ пайдо кардааст. Дар ҷудоиҳои ҳазорсола миллати тоҷик коре карда натавонист ва танҳо бо Истиқлолу Ваҳдат ҷаҳон Тоҷикистонро шинохт. Агарчи сулҳ имрӯзи Тоҷикистонро субот бахшид, пас нақши имрӯзу ояндаи он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бузург аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳудудӣ дар миёни 285 давлатҳову кишварҳои гуногуни ҷаҳон чандон хурд набуда, аз лиҳози масоҳат аз 185 кишвари дигар бузургтар мебошад. Ин давлати бо қудрати иттиҳод дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ тавонист дар миқёси ҷаҳон бо чандин вижагиҳои мусбат худро муаррифӣ намояд.
САБАҚ
Ҳамбастагиву иттиҳод ба халқи тоҷик бисёр чизҳоро дод, аммо арзишу моҳияти ҳақиқии Ваҳдати миллӣ бо гузашти вақт бештар падид меояд. Ваҳдат барои халқи мо бузургтарин сипар мебошад ва хоҳад буд. Наслҳои минбаъда хубтар хоҳанд фаҳмид, ки дар заминаи ин ваҳдат халқи тоҷик чи гуна аз вартаҳои ҳалокатбор гузаштааст. Халқи тоҷик мағлубнашаванда будани худро дар ваҳдати миллӣ дарёфт кард. Набудани ҳамин ваҳдат буд, ки халқи тоҷик дар масири таърих бисёр чизҳоро аз даст дод.
Ба қадри сулҳ расидан маънои даҳшати ҷангро донистан аст ва сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатамон низ ба ҳамин самт нигаронида шудааст, то сабақи ҷанги шаҳрвандӣ фаромӯш нагардад. Ин достон бояд аз ҷониби ҳар як соҳибназари ватандӯст тафсир гардад, таблиғ карда шавад, то ин барои мову ҷаҳониён сабақ диҳад.
Бахтиёр ҲОШИМЗОДА,
декани факултети журналистикаи ДМТ,
доктори илмҳои филология
Санаи нашр: 03.07.2025 №: 130
