ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ ТОҶДОР

07 июл 2025, Душанбе
27
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.
Оре, сулҳу ваҳдат мафҳумест, ки ба забон овардани он ҳамеша дилнишину гуворо буда, қалбҳоро равшан ва касро ба ояндаи неку умедбахш раҳнамун месозад. Ин ду калима ба ҳам тавъам афтода, ҳамдигарро тақвият мебахшанд. Яъне, сулҳ рамзи оштӣ, шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳ будани мардум асту ваҳдат бошад ба ҳам омадан, аз як гиребон сар бурун овардан, ватандӯст ва поктинату миллатдӯст буданро таҷассум мекунад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар кишвари азизи мо сулҳу ваҳдат танинандоз гашта, ҳар як гӯшаю канори он беш аз пеш ободу гулрез мешавад. Офтоби дурахшон болои сари мардуми ин диёри сулҳпарвар шуълапошӣ намуда, шаҳру деҳи мамлакат симову қабои идона ба бар кардааст. Маҳз партавфишонии сулҳу ваҳдат аст, ки мардум озоду осуда ҳар яке машғули касбу кори хешанд.
Дар баробари ин, набояд таърихи гузаштаи миллат, хусусан, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва асари дилхарошу гӯшношуниди онро фаромӯш кард. Бояд аз он сабақ гирифта, талош намуд, ки дигарбора он рӯзҳо такрор нашаванд, зеро парокандагии миллӣ, ҷудо шудан ба маҳалу гурӯҳҳо ва паси сангари муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки ба тозагӣ истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан, даҳшат, хатари азим ва ҳодисаи талху сангине буд.
Аз ин рӯ, ҳамеша шукргузор бояд буд, ки дар он рӯзҳои сиёҳу тоқатфарсо Худованд, ба бахти халқи тоҷик, фарзонафарзандеро ато кард, ки ҷанги бародаркушро хотима бахшида, Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз вартаи нобудшавӣ эмин нигоҳ дошт. Ин абармарди қавиирода – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, поягузори сулҳу ваҳдат буд, ки пайваста кӯшиш ба харҷ дод, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.
Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳон таҷрибаи пешқадами сулҳи тоҷиконро меомӯзад ва барои насли нав чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад. Аз ин рӯ, бояд ҳамеша ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат ва сарзамини ободу озоди хеш ва сулҳу ваҳдати миллӣ бирасем. Нагузорем, ки нохалафе ба ин дарахти пурсамар, ки меваҳои ширину фараҳбахш ба бор овардаанд, теша ба решаи он бизанад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 03.07.2025 №: 130