ТИРГОН. ЭҲЁИ ҶАШНИ БОСТОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашну суннатҳои миллӣ, аз ҷумла Тиргон, бузург аст.
Ҷашнҳои миллии тоҷикон: Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон падидаҳои иҷтимоӣ-фарҳангие мебошанд, ки ба ҳодисаҳои табиат иртибот дошта, дар масири пурталотуми таърих аҷдоди мо ин ҷашнҳоро чун василаи пайвандгари байни инсону табиат, фарду ҷамъият ва ҳамчун омили тақвиятдиҳандаи худогоҳӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан шинохтаанд ва гиромӣ доштаанд.
Оид ба Ҷашни Тиргон дар сарчашмаҳои қадимаи шарқ маълумоти гуногунро ёфтан мумкин аст. Тиргон аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони ориёнтабор ба шумор рафта, мутобиқи солшумории қадимаи эронӣ дар рӯзи 13-уми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мегашт. Бо ривояти дигар, оғози моҳи Тир рӯзи дарозтарини сол ва ё ба истилоҳи нуҷумӣ – «инқилоби тобистона» аст. Агар Ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз – иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас, Тиргон ҷашни тобистона буд, ки мутобиқ ба 3 ё 4-уми июл таҷлил мешуд.
Дар таърихи халқи тоҷик Ҷашни Тиргон низ пайвастагӣ ба рӯзест, ки кишоварзон барои дарави гандум омода мешуданд. Он рӯз ҷорчӣ (нодӣ-хабарчӣ) ба мардум хабар мерасонд, ки замони дарави гандум фаро расидааст ва мардумони гандумкошта дар хирманҷой гирди ҳам оянд. Як пирамарди огоҳу донову поктинат, ки дар миёни мардум баобрӯ аст, маросими дарави гандумро оғоз мекунад. Пеш аз оғози дарав, маросими оштӣ додани одамони бо ҳам кудуратдошта сурат мегирад. Бо супориши он пирамарди огоҳ кишоварзи барӯманде бо пошидани косаи об, аввалин дастаи гандумро дарав мекунад ва, сипас, даравгарон (даравгарони кӯҳнишин бо хондани таронаи «Мандоғ»), ба дарав мепардозанд. Ҳамчунин, расм будааст, ки хонаводаи шумори писаронаш зиёд ба хонаводаи писаронаш кам ё писарнадошта ёрӣ мерасонданд.
Мардумон эътиқод доштанд, ки набояд касе аз ҳосили рӯёндааш бенасиб гардад. Пас аз анҷоми дарав, маросими хурде иборат аз рақсу таронасароӣ, хостгорӣ барои хонадор кардани ҷавонон, барпо мегаштааст.
Гоҳшумории бостонии мо чунин буда, ки ҳар гоҳ як бор номи рӯзи ҳафта бо номи рӯзи моҳ яке мешуд, ҷашне барпо мекарданд. Чунончи шонздаҳумин рӯзи ҳар моҳ Меҳр ном дошт ва дар моҳи Меҳр он рӯз Меҳргон ном гирифт ва ҳамин тавр, бо баробар омадани номи рӯзҳо бо номи моҳҳо чунин ҷашнҳо барпо гаштаанд.
Дар асоси омӯзиш ва таҳлили ҷашну суннатҳои миллӣ, ҳамчун мутахассиси таърихи идҳо пешниҳод менамоям, ки ҷашнҳои таърихии мардуми шарқ – Иди Тиргон 21-22-юми июн (дарозии шаб то 8 соат кам, рӯз то 16-18 дароз мешаванд), Иди Ялдо 21-22-юми декабр (шаб то 18 соат дароз, дарозии рӯз то 8 кам мешаванд), Иди Сада 30-31-уми январ қайд гарданд, ба ҳақиқат наздик мешавад. Таҳлили таърихи ид, ҷашнҳои таърихӣ, мавсимӣ, асотирӣ, маросимӣ, анъанавӣ, тантанавӣ ва ғайраҳо ба ҳамин таклиф алоқаманд мебошанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Наврӯз, Сада ва Меҳргон ҷашн гирифта мешуд. Ҷашни фаромӯшшудаи Тиргон бо пешниҳоди Пешвои миллат, дубора эҳё гашта, дар шароити истиқлолияти кишвар васеътар ва ботантана баргузор мегардад. Оид ба Тиргон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» соли 2019 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишорат бар он намуданд, ки ҷашнҳои бостонӣ, аз ҷумла Тиргон (ҷашни қадимаи фасли тобистон… дар марҳалаи таърихи навин нигоҳи тоза мехоҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоҳида зикр карданд: “Мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму оинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”.
Хулоса, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин Ҷашни оламгир эътироф шуданд, зеро тамоми суннату оинҳои инсонпарваронаи Тиргон маҳз дар сарзамини аҷдодии мо ва дар тамоми қаламрави кишвари биҳиштосоямон поку беолоиш ҳифз гардиданд. Тоҷикистони маҳбуби мо, воқеан, Ватани аслии Тиргон аст. Дар ин раванд нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашну суннатҳои миллӣ, аз ҷумла Ҷашни Тиргон, беандоза калон мебошад.
Ҷашни расму оинҳо, ҳамчун намунаҳои фарҳанги миллӣ, дирӯзу имрӯзи ҳаёти халқро ба ҳам мепайванданд ва барои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу амонӣ, дӯстӣ, арҷгузории арзишҳои маънавӣ, тарбияву ахлоқ ва мустаҳкам шудани худшиносӣ воситаи муҳим мебошанд.
Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти кафедраи археология, этнография ва диншиносии МДТ «ДДХ
ба номи академик Б. Ғафуров»,
номзади илмҳои таърих
Санаи нашр: 03.07.2025 №: 130
