ХОКБОРИШ ЗИЁДУ БОРИШОТ КАМ. ЧӢ БОЯД КАРД?
Чанд сол боз дар кишвар вазъи боду ҳаво тағйир ёфта, ҳавои ғуборолуд бештар ба назар мерасад. Баъди чанд рӯзи офтобӣ якбора хокбориш ба амал омада, борон камтар меборад.
Мувофиқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар ҷумҳурӣ дар фасли баҳори соли ҷорӣ 5861,6 мм боришот ба қайд гирифта шудааст, ки ба 58 дарсади меъёри иқлимии фасли баҳор баробар мебошад. Дар ҳоле ки дар баҳори соли рафта миқдори боришот нисбатан зиёд – 107 дарсадро ташкил дода буд.
Ба иттилои манбаъ, дар баҳори соли 2024, дар баробари боришот, танҳо 6 ҳолати воридшавии хокбориш аз қисмати ҷанубу ғарбӣ, ғарбӣ ва ҷануби кишвар ба қайд гирифта шуда буд, дар баҳори имсола чунин ҳолат 16 маротиба ба вуқуъ омадааст. Аз ин 2 ҳолат аз қисмати шарқӣ ва шимолу шарқии ҷумҳурӣ мушоҳида гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 167 дарсад зиёд мебошад.
Хокбориш дар натиҷаи омилҳои метеорологӣ – баланд шудани ҳарорат, кам гардидани боришот, хушк будани сатҳи кушоди хоки биёбонҳо, кам будани намнокии ҳаво ва вазиши шамол бо суръати 6-9 метр дар 1 сония ба амал омада, ба воситаи самти шамол ба дигар минтақаҳо паҳн мегардад.
Манбаи хокбориш дар ҷумҳурӣ ва минтақа, асосан, биёбон ва нимбиёбонҳои Сахара, Арабистон, Эрон, Афғонистон, Чин ва давлатҳои Осиёи Миёна (Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон) мебошанд. Тибқи маълумоти коршиносони ҷаҳонӣ, зиёда аз 80 дарсади ҳудуди Осиёи Миёнаро биёбону даштҳо ишғол менамоянд. Маҳз чунин биёбоншавӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим ва хушксолиҳои тулонӣ манбаи асосии табиии тӯфонҳои чангу хок мебошанд. Дар натиҷаи хокбориш ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таъсири манфӣ расида, олами набототу ҳайвонот осеб мебинанд ва ҳосилнокии зироатҳо кам мегардад. Муҳимтар аз ҳама, зиёд шудани хокбориш ва вусъат ёфтани хушксолӣ ба саломатии аҳолӣ таъсир расонда, боиси авҷи бисёр касалиҳо мешавад. Аз ин рӯ, Агентии обуҳавошиносӣ соҳаҳои хоҷагии халқ ва аҳолиро оид ба воридшавии хокбориш сари вақт огоҳ намуда, дар ҳавои хокбориш кам гаштугузор кардани одамон, бо худ гирифтани ниқоби муҳофизатӣ, маводҳои дорувории зарурӣ, истифодаи дурусти хӯрока, бештар нӯшидани моеъҳоро аз рӯйи тавсияи табибон муҳим медонад.
Барқарор кардани минтақаҳои ҷангалҳои ҳифзшаванда, шинондани ҳарчи бештари дарахтон, баланд бардоштани устувории хок ба эрозия, ҳифзи рустаниҳои дар биёбонҳо мавҷудбуда, кам намудани партовҳо аз тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.07.2025 №: 130
