АГЕНТӢ ФОШ МЕСОЗАД
РАИСИ “ЗАМИНФУРӮШ” БА ТОЛОРИ СУД РАФТ
Собиқ раиси хоҷагии деҳқонии “30-солагии Истиқлолият – 2019»-и шаҳри Турсунзода Н. Р. Атаҷонов бо ҷурми қаллобӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, феълан парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ дар баррасии суд қарор дорад.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, номбурда тақрибан моҳҳои январ-феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд С.И.Р. даромада, аз ӯ барои ҷудо карда додани 2 гектар қитъаи замин аз ҳудуди Хоҷагии деҳқонии “30-солагии Истиқлолият – 2019» ҷиҳати бунёди боғи ангур 42000 доллари ИМА гирифтааст. Ҳамчунин, бо ҳамин усул, яъне ҷудо карда додани 1 гектар замин барои бунёди боғи ангур аз шаҳрванд К. А. С. 21000 доллари ИМА гирифта, ба манфиати шаҳрвандон ҳеҷ амалеро иҷро накардааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбати Н.Р.Атаҷонов бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) ва 3381 қисми 2 бандҳои “б,в” (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол шудааст.
ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ БАРОИ ҚАЛЛОБӢ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Б. С. Шарофов, мутахассиси бахши банақшагирии даромади давлатии раёсати молияи шаҳри Ҳисорро баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан, ба суд фиристодааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, Б. С. Шарофов дар давраи фаъолияти кориаш фиребкорона ба боварии роҳбарони ташкилотҳои тиҷоратӣ даромада, бо баҳонаи мусоидат намудан барои аз тарафи ташкилотҳо иҷро кардани фармоишҳои давлатӣ соли 2024 дар чанд маврид аз онҳо 166 990 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Барои ин амал номбурда бар асоси моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” (қаллобӣ) ва 245 қисми 2 бандҳои “б,в” (азонихудкунӣ ва ё исрофкорӣ) Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 08.07.2025 №: 132
