РОҲЕ ШОҲИД АЗ ШАҲДИ ВАҲДАТ

10 июл 2025, Панҷшанбе
36
Шоҳроҳи Ваҳдат – Рашт – Лахш – сарҳади Қирғизистон. Роҳе, ки маро аз хонаи падар, аз макони дурдасти Ватан, соҳили дарёву ҳам домони кӯҳ ба пойтахт меорад, наздики 30 сол боз, мисли як инсони баркамол шоҳиди ҳодисаҳо ва навгонию гуфтугузорҳоест, ки хеле рӯшан аз шаҳди ваҳдати миллӣ, аз самари ин неъмати бебаҳо қисса дорад. Қисса мекунад, ки ҷомаи наву рангоранги роҳ осон ба даст наомадааст. Болои роҳ хуншор буд. Танкҳо мегузаштанд. Садои тиру туфанг, дашному таҳқир, латукӯби инсонҳои бегуноҳ. Ғорат...
Ҳамаро сафари аввалин хотирмонтар аст. Сафари нахустини банда ба Душанбе барои омодагӣ ва дохил шудан ба донишгоҳ аз ин роҳ дар байни мардони рӯзгордида бо муколамаи аҷиб гузашт.
Яке бо ишора ба канори роҳ мегуфт:
– Ёд дорӣ, ана ҳамин ҷо пост (дидбонгоҳ) буд, қатори техникаҳои ҷангии силоҳбадастон меистод?! То халтаи картошка гирифта, ду-се лагад намезаданд, роҳро боз намекарданд.
Пас аз чанд километри дигар мегуфтанд:
– Фалониро ҳангоми бозгашташ ба хона ин ҷо куштанд.
– Одатан, болои мошинҳои боркаш, дар миёни халтаҳои картошкаву себ мерафтем. Ҷои болишт коҳ мегузоштем. Худоро шукр, ки ҳама гузашт.
– Худо дигар он рӯзҳоро нишон надиҳад.
Беҳтарин махзан, беғаразтарин мисол ва рӯшангари фардои нек ин хотираи халқ аст, ки мо қатрае аз онро овардем. Ҳама китобу аснодро таҳриф кардан имкон дорад, аммо хотираи халқро касе дигар карда наметавонад. Аз насл ба насл мегузарад ва дар дилу зеҳн неку бад мемонад. Тули 28 соле, ки аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ пур мешавад, халқ бо ҳазорон мисолу ҳодисаҳо аз талхии ҷанг, аз ширинии ваҳдат гуфтугӯ мекунанд. Аз ҷумла, дар ҳамин роҳе, ки аксари мардуми кишвар тавассути он рафтуо мекунанд, сафаре нест, ки шукргузорӣ аз неъмати ваҳдат, оромию осудагӣ ва шукуфоӣ зикр нашавад. Албатта, роҳи ҳамвору зебо дар олам зиёд аст. Аммо ин роҳ шоҳиди ҷангу хунрезӣ ва ҳам сулҳу пешрафт аст. Он далолат ба афзал будани муттаҳидӣ, дӯстӣ, меҳрварзӣ, ватанпарварӣ ва садоқат ба сиёсати давлат ва Пешвои миллат мекунад. Гузаштан аз ин роҳ ва дидани зебоиву ободиҳои дилнишини он, қатори мағозаву фурӯшгоҳҳо, ҷӯшу хурӯши ҳаёти осудаи мардум ба муқоисаи ҳолати харобиву зулмоти он дар замони 28 сол пеш барои ҳар соҳибшуур садое ба дил, таконе дар зеҳни ӯст, ки аз ин масир дарси ибрат бигирад. Ҳамин шабу рӯз, ки роҳ хеле шукӯҳи тоза ва рангорангу диданӣ дорад, дар қиёс ба айёми сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фарқияти байни шабу рӯзро мемонад. Аснои тамошои ду канори роҳ, чашмон аз дидани иншооти навбунёд, боғҳои мева, ки аз бори зиёд шохҳои дарахтонаш ба замин хам задаанд, кӯдакистонҳои зебо, майдонҳои варзиш, коргоҳҳои истеҳсолӣ, ошхонаю тарабхона ва сохтмонҳои бешумор нури тоза мегиранд.
Ҳоло қисмати навбунёди шоҳроҳ дар мавзеи Обигарм – Нуробод – Рашт мавриди баҳрабардорист. Роҳ дигар мушкилгузар нест, роҳатбахш асту тамошогоҳ. Атрофу акнофаш аз сохтмонҳои нав ба мисле гул мекунад ва зебоӣ болои зебоӣ зам мешавад. Беҳуда нагуфтаанд: “Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, агар хоре бувад, гулдаста гардад...”. Ҳикмати ин гулкорӣ ҳамон иқдоме буд, ки наздики 30 сол пеш аз ҷониби Пешвои миллат барои таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ пеш гирифта шуда буд. Акнун на ҳар сол, балки ҳар соату лаҳза самари нек медиҳад. Шукри будани сулҳ, ваҳдат ва Роҳбари хирадманд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.07.2025 №: 133