КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ЗИНДАГӢ ТАРОВАТИ ТОЗА ДОРАД
Соли оянда ба таъсиси Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамчун ноҳияи мустақил дар харитаи сиёсии кишвар 30 сол пур мешавад. Кӯҳистони Мастчоҳ ба шарофати даврони соҳибистиқлолӣ мақоми субъекти мустақилро соҳиб шуд. Меҳрон – маркази ноҳия, сол ба сол бо бунёди иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ симои худро тағйир медиҳад ва ба шаҳрак табдил меёбад.
– Ҳар сол бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ду се иншоот дар маркази ноҳия қомат меафрозад ва умед аст, ки дар кӯтоҳтарин фосилаи вақт Меҳрон шаҳраки зебое дар кӯҳистон хоҳад шуд. Дар доираи истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тибқи нақша, боз чанд иншоот, аз қабили бинои шуъбаи молия, идораи сохтмони асосӣ, маркази саломатӣ, бинои замонавии истиқоматӣ барои кормандони МИМҲД ва кӯдакистон бунёд ёфта, дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, – мегӯяд Хайрулло Бобозода, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ.
Кӯҳистони Мастчоҳ аз ду Ҷамоати деҳот: Лангар ва Иван-тоҷик иборат буда, 54 русторо дар бар мегирад. Имрӯз, хушбахтона, ҳар як деҳа аз самари соҳибистиқлолӣ дорои мактаби замонавӣ, бунгоҳи тиббӣ, муассисаи томактабӣ, маркази хизматрасонӣ, нуқтаҳои гуногуни савдо, биноҳои бо тарҳи муосир бунёдшуда мебошад. Бино ба иттилои Хайрулло Бобозода, раиси ноҳия, ҷамъулҷамъ, дар деҳот 14 кӯдакистон, коргоҳҳои хурди коркарди чӯбу тахта ва хишт сохта шудаанд.
Аз манзилҳои фарсудаи даврони шуравӣ қариб, ки нишоне нест, сокинони деҳот соҳиби манзилҳои зебову замонавӣ бо тамоми шароити имрӯза гаштаанд; сатҳи зиндагии мардум аз ҳисоби рушди соҳаи кишоварзӣ, чорводориву боғдорӣ дар қиёс ба бисёр дигар деҳоти кишвар боло рафтааст. Кас аз манзараҳои зебову сарсабзу хуррам, оби фаровону шаршараҳо, боғоти ғарқи ҳосил, киштзорҳои картошказори ин ҷо ба ваҷд меояд.
Бо мурури замону пешравии иқтисодиёт, агар роҳҳои мошингард мумфарш шаванд, дур нест он рӯз, ки диёри Кӯҳистони Мастчоҳ бо табиати нотакрору афсонавӣ, боду ҳавои мусоид, оби болаззату сард, меваҳои аз лиҳози экологӣ тозаву ширин, бо ширу ҷурғоти хуштаъм ва асали хушбӯву тозааш ба осоишгоҳи табиии кишвар табдил ёбад.
Ҷиҳати таъмири роҳи ноҳия аз ҷониби мутахассисони соҳа лоиҳа тарҳрезӣ гашта, аз лиҳози техникиву молиявӣ мавриди санҷиш қарор дорад ва солҳои наздик мавриди татбиқ қарор хоҳад гирифт.
Масоҳати ноҳия 368,5 километри мураббаъ буда, бино ба сарчашмаҳои муътамади геологӣ, дорои захираҳои ғании маъдан ва ангишт мебошад. Баъди омӯзишу таҳлилҳои мушаххас дар назар аст, ки ба наздикӣ дар як ду кони маъдан корҳои санҷишӣ оид ба истихроҷ оғоз меёбанд.
Бо истифода аз фаровонии оби кӯҳистон, ҳоло дар деҳоти ин ҷо ҳафт неругоҳи хурд муътадил фаъолият карда, қисме аз аҳолии рустоҳои ҷудогона доимӣ бо барқ таъмин ҳастанд.
– Баҳри амалӣ шудани нақшаҳои ҷолиб, ҳоло мо бо чандин созмонҳои байналмилалии молиявӣ гуфтушунид дорем, ки самари онро то 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон хоҳем дид, – иброз дошт раиси ноҳия.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.07.2025 №: 138
