ҶОНАМ ФИДОИ БУЗУРГИАТ, МОДАР!

17 июл 2025, Панҷшанбе
31
Воқеан, зиндагӣ агарчи талх ояд ҳам, баъзан инсонҳоро водор ба орзу кардан месозад. Охир ҳамин орзуст, ки алорағми ҳама печидагиҳои дунё дилҳоро ба зистан моил нигоҳ медорад. Аз сӯи дигар инсонҳо, ки дар дил орзуҳои бузургеро парвариш медиҳанд, маҷбуранд баҳри амалӣ шудани онҳо талош намоянд. Албатта, на дар танҳоӣ. Табиати инсонӣ ҳамин аст, ки ҳамеша дар пайравӣ ва ё дар такя ба нафаре хеле наздик инсонҳо сабзидаву камол меёбанд ва дар навбати худ роҳи нафари навхатеро мунаввар сохтаву савоб мегиранд. Ва мани муштипар ҳам истисно нестам. Аз бозе, ки худро мешиносам, дунёи хаёлоти маро бузург шудан дар канори модарам рангин доштаву зинат мебахшид. Орзу доштам, ки ҳамроҳи модарам чодари арусӣ дӯхтаву бо дуои ҳамин фариштаи орзуҳоям равони хонаи бахт мешавам. Хеле сахт мехостам аз таги ҳамин чодар рӯзи тӯйи арусиям рақсидани модарамро бубинам, хосса хандаҳояшро, ки воқеан, барои ман нотакрору беназир менамуданд... Вале афсус, кабӯтари орзуҳои ман болҳои мустаҳкамеро молик набудааст. Ё худ ҳамин зиндагӣ ба орзуҳои кӯчаки ман чашми ҳасуд кушоду бо зарби ханҷари тезаш қалъаи орзуҳои маро яксон ба хок кард. Ӯ танҳо модарамро не дунёи маро бераҳмона аз ман гирифт. Тараҳҳум накард, ки ҳанӯз хурду кӯчакам, наандешид, ки дар торикистони зиндагӣ танҳои танҳо ва гумроҳу гумном мемонам...
Ва имрӯз ҳам бо гузашти солҳо зиндагиям гӯё ба сукут рафтаву майлу тавони сар аз замин бардоштан надорад.
Ҳамасола дар ҳамин шабу рӯз вуҷудам бештар аз ҳар вақти дигар ба дард омадаву месӯзад. Шабу рӯзи реҳлати модарам ва оғози зиндагии бадтар аз марги ман. Кӣ медонад, шояд то имрӯз маҳз ба хотири ҳамин лаҳзаҳо қалбам тапидаву аз зинда буданам мужда медиҳад? Лаҳзаҳое, ки хаёлан дар оғӯши гарми модар хуфтаву ноз дорам. Гармии рухсораашро дар рухсораҳои худ чун дар бедорӣ эҳсос мекунам, садояшро мешунавам, ки суханҳояш гӯшнавозу дилнишинанд. Чеҳраашро болотар аз чароғи хона мебинам, дар симои фариштае гӯё хобиданамро назора мекунад...
Сад афсус аз модарам хотираҳои зиёд надорам, вале ҳамон чи дар зеҳнам нақш бастааст, кифоя аст, то бузургӣ, балки бемислу монанд будани ӯро дарк карда бошам. Ёд дорам, аввали зимистон буд. Як пагоҳӣ аз хоб хеста дидем, ки замин барфпӯш аст. Барфи баланд, қариб як метр. Одатан маро, ки дар синфи сеюм мехондам, модари омӯзгорам ҳамроҳ гирифта ба мактаб мебурданд. Чун либосҳоямро пӯшида ба долон баромадам, дидам, ки пойафзоли ба барф муносиб надорам. Ба туфличаҳои тирамоҳиям бо чеҳраи дарҳамкашида нигоҳ кардаву бо алам онҳоро пӯшидам. Охир, дигар илоҷ надоштам, медонистам, ки модарам то маоши оянда имкони харидани пойафзоли зимистонаро надорад. Сар бардошта, модарамро дидам, ки пойҳоямро нигоҳ дораду чеҳрааш ғамгин аст. “Биё ба мактаб нарав духтарам” – гуфту лаҳзае ҷавоби маро интизор шуда, хомӯш монд. Ман, ки дӯстдори мактаб будам, боисрор дасташро гирифта, аз хона баромадам. Ҳарчанд хеле зиёд мехостам то мактаб тоқат кунам, вале дар нимароҳ аз сардии ҳаво оби чашмонам дигар ба ман итоат накарда рехтан гирифтанд. Дилам аз худам бештар ба модарам месӯхт, медидам, ки ӯ ин лаҳзаҳо худро нотавонтарин зан дар дунё ҳис мекард. Ман аз ин, ки модарам аз ин беш ғамгин нашавад, худамро каме ҳам бошад, доштаму то мактаб расидем...
Субҳи дигар дар долони хона пойафзоли сафеди зебоеро дида, дарк кардам, ки модарам онро барои ман харидааст. Пойафзоли пашмин ва баланд то ба зону. Хурсандии он лаҳзаинаро имрӯз ҳам васф карда наметавонам. Пойафзоли акнун зимистонаамро бо як ҳаяҷону фахр пӯшидаму ба мактаб рафтам. Имрӯз ғайри одат модарҷонам чанд қадам дуртар аз қафои ман меомад. Ман ҳис мекардам, ки ӯ роҳгардӣ, балки аз шодӣ ба осмон парида роҳ рафтани маро назора карда, зери лаб табассум дорад...
То маош беш аз як ҳафта монда буд. Аз куҷо маблағ пайдо кардану пойафзол харидани модарам бароям имрӯз ҳам муаммост. Охир, оилаи мо аз серфарзандтарин оилаҳои деҳа буду модарҷонам боз чанд духтари нозпарвари дигар ҳам доштанд. Аммо як чиз бароям чун рӯз рӯшан аст. Шояд он вақт хурд будаму фидокориву дили бузурги модарамро дарк карда наметавонистам. Вале акнун хуб мефаҳмам, ки чӣ қадар барояш азиз будаму чӣ қадар маро дӯст медоштааст. Ҷонам фидои бузургиат модар.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.07.2025 №: 138