РАШТ. МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ САЙЁҲӢ
Натиҷаи омӯзиши иқтидори туристӣ нишон дод, ки ноҳияи Рашт вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ дорои имкониятҳои зиёди рушди туризми экологӣ мебошад. Асоси онро шароити нодири табиӣ, манзараҳои дилфиреб, мероси фарҳангӣ ва фарҳанги этникии мардуми маҳал дар давраҳои гуногуни таърихӣ ташкил медиҳад. Барои ташаккул ва рушди туризми экологӣ маблағгузории муайян ва хароҷоти мақсаднок лозим аст.
Дар бораи корҳои анҷомёфта барои рушди сайёҳӣ ва мушкилоти ҷойдошта дар ин самт Додарбек Аббосзода, мудири бахши сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома чунин гуфт:
Бахши рушди сайёҳии ноҳияи Рашт фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар нимсолаи аввали соли равон як қатор корҳоро ба иҷро расонд.
Ҳамасола, бо ибтикори МИМҲД-и ноҳия аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия иншооти гуногун сохта мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади истироҳату фароғати сайёҳон се меҳмонхона, як ҳостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта, ба истифода дода шуд, ки ҳамарӯза ба сайёҳону меҳмонон хизмат мерасонанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар маркази ноҳия бунёди се меҳмонхона ва истироҳатгоҳҳои замонавӣ дар мавзеъҳои сайёҳии дараҳои зебоманзари Камароб, Тагоба, Ҳоит, Ясман, Ҷафр, Сиёҳдара ва дар соҳили Кӯли калони деҳоти Аскалон пешбинӣ шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд.
Дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёт дар шафати роҳҳои ҳудуди ноҳия сохтмони 20 истгоҳи замонавӣ ба нақша гирифта шуда, то кунун сохтмони 15-тои он ба анҷом расид. Дар истгоҳҳо нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, марказҳои иттилоотии сайёҳӣ, нуқтаҳои хӯроки тезтайёр ва гӯшаҳои деҳқон ташкил гардиданд.
Дар ноҳия ду осорхона, ду боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, боғи ботаникии фарҳангӣ, се меҳмонхона, гестҳавз (меҳмонхонаи хӯрд), понздаҳ ҳомстей, се тарабхона, бист ошхона, чордаҳ нуқтаи хӯроки тезтайёр бо фарогирии беш аз 1400 ҷойи нишаст, маркази ҳунармандӣ ва фурӯши армуғони миллӣ ва ду маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъолият доранд.
Бо мақсади рушди минбаъда ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ноҳия даҳ хатсайри нави сайёҳӣ таҳия гардида, ба ширкатҳои сайёҳӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернатӣ муаррифӣ карда мешаванд. Ин боис мегардад, ки ҳамасола ташрифи сайёҳон ба ноҳия афзоиш ёбад.
Дар шаш моҳи соли равон тибқи маълумоти оморӣ ба ноҳия 1077 нафар сайёҳону меҳмонон, аз ҷумла 1017 сайёҳи дохилӣ ва 60 сайёҳи хориҷӣ ворид гашта, аз гӯшаву канори гуногуни он дидан намуданд.
Воқеан ҳам, мавзеъҳои тамошобоби ноҳия метавонанд таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб созанд. Ҳусни маркази ноҳия низ хеле зебо гардидааст. Туризми дохилӣ дар ноҳия ба ҳадди лозимӣ фаъолият дорад, вале туризми хориҷӣ то ҳол мувофиқи матлаб роҳандозӣ нашудааст.
Мушкилоти асосии ин самт набудани ширкатҳои сайёҳӣ ва нарасидани мутахассисони соҳа мебошад. Ҳамчунин, соҳибкорони маҳаллӣ бо сабаби надоштани сармоя ва баланд будани фоизи қарзии бонкҳо имконияти сохтани марказҳои хизматрасониро дар мавзеъҳои тамошобоби кӯҳӣ надоранд. Ташкил кардани хатсайрҳо, харитаи мавзеъҳои тамошобоб ва паҳн намудани иттилоот дар шабакаи интернет ба рушди соҳаи туризм дар ноҳия низ мусоидат хоҳад кард.
Татбиқи самараноки барномаҳои рушди сайёҳӣ ва дастгирии соҳибкорон дар ин самт ба болоравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти туристии маҳаллӣ ва воридшавии ноҳия ба низоми бозори хизматрасониҳои туристӣ мусоидат менамояд, зеро дар натиҷаи таҳкими рақобатпазирии саноати туристӣ соҳаи сайёҳӣ метавонад ба яке аз бахшҳои даромадноки иқтисодиёти ноҳия мубаддал гардад.
Бахши рушди сайёҳии ноҳия таҳти роҳбарии МИМҲД-и ноҳия ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода бурда, барои ҷалби онҳо ба манзараҳои дилошӯби диёрамон тамоми имкониятҳои худро равона месозад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.07.2025 №: 143