ЛОЗУРКӮҲИ МУЪҶИЗАВӢ Ё ТАСВИРИ ЯК ГӮШАИ ВАТАНИ БИҲИШТОСО

24 июл 2025, Панҷшанбе
19


Он рӯз пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мизбони нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо буд. Душанбеи нозанин чун ҳамеша зебо менамуд. Накҳату таровати гулҳояш аз дур ба машоми кас мерасид ва беихтиёр ба руҳу равони одам фараҳу шодмонӣ меовард. Меҳмонон, ки аз 80 кишвари ҷаҳон ба қалби Тоҷикистон ташриф оварда буданд, аз дидани зебоиҳои диёр ба ваҷд меомаданд. Яқин аст, ки ҳар кадоми онҳо овозаи ин шаҳри дилраборо бо хотироти саршор аз зебоӣ ба дуртарин гӯшаҳои дунё бурданд.
Айни чунин ҳолу ҳаво мо низ барои дидану инъикос намудани пиряхе дар оғӯши Лозуркӯҳ роҳии ноҳияи зебоманзари Тоҷикобод шудем. То ба ин ноҳия расидан аз миёни дашту домон, талу теппаҳои шаҳру навоҳии Ваҳдат, Файзобод, Роғун, Нуробод ва Рашт гузаштем. Раҳораҳ пешорӯйи мо танҳо манзараҳои ҷаззобу дилошӯб ва табиати рангину нотакрори диёр намудор буд.
Ин навбат худрави мо бо роҳи навбунёд мерафт. Роҳи чун кафи даст ҳамвор ва нақбҳои навсохт ба забоиҳои табиат зебоӣ зам карда буданд. Аз тамошои боғу бӯстонҳо ва киштзорҳои канори роҳ ҳаловат мебурдам ва зери лаб шукри осишу пешрафти Ватан мегуфтаму ба ҳар саҳмдори ин ободӣ таҳсину офарин.
Ғарқи чунин андешаҳо будам, ки бо ворид шудани худрав дохили нақб яке аз ҳамсафарон ба дастандаркорони ин кори хайр – бунёди роҳҳо сано хонд: “Шукри Тоҷикистон, шукри давлат, шукри Пешвои миллат, ки ҳамеша дар фикри беҳбудиву зиндагии на танҳо мардуми тоҷик, балки сокинони сайёраанд. Магар мешавад, ин ҳама шоҳкорҳоро нодида гирифт ва ба қадраш нарасид? Сохтани роҳ ин пайванд намудани дилҳост ва пайванд намудаин дуртарин гӯшаҳои Тоҷикистон ба қалби кишвар нишон аз ба ҳам овардану таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ аст...”.
Ғолиб Мирзозода, рӯзноманигори Телевизиони “Варзиш”, ки ҷавонтарини мо буд, шунидаҳояшро тасдиқ менамуд ва аз дидани нақбҳои зебо шодмонӣ мекард: “Ана равуо осон мешавад ва ман зуд-зуд ба тамошои маконҳои сайёҳии минтақаи Рашт меоям”.
Хомӯшона ба гапҳои онҳо гӯш медодам. Аз шодии онҳо шодмонии ман низ бештар мегашт. Воқеан, дидгоҳу андешаҳои ҷолиб доштанд. Яқин кардам, ки ин роҳи чун ойина ҳамвор имрӯзҳо дили ҳар раҳгузарро шод месозад ва онҳо ба ташаббускори ин лоиҳа офарин мегӯянд, зеро ба қавли Соиби Табрезӣ: “Корҳоро корфармо обу ранге медиҳад,...”.
Ҳар қадам роҳ болои талу теппаҳо, ки аз баландӣ ҳамвора чашм ба паҳнои замин, ба уфуқ бармехӯрад, назаррабост. Беихтиёр дили кас кушода мешавад.
Ғарқи тамошои манзараҳои нотакрори раштонзамин гаштем ва чӣ тавр ба ноҳияи Тоҷикобод расиданамонро надониста мондем. Шоҳкориҳои табиат пайи ҳам ба назар ҷаззоб буданд, то ҳадде, ки чашм кандан аз онҳо гарону назорраашон хастагиро рафъ менамуд. Офтоб ҳам бо ғурубаш дар осмони софи Тоҷикобод нақшофарӣ мекард. Нурҳои аллакай, хирагаштааш ба абрпораҳо мерасид ва дар пасманзар ҳар навъ тасвир падид меомад. Шом фаро мерасид...
Субҳи рӯзи баъдӣ собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми Тоҷикобод” Мустаони Ваҳҳоб роҳнамову роҳбалади мо шуд. Ӯ, ки зодаи кӯҳистон асту дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалак бузург шудааст, набзи кӯҳистонро хуб медонад. Аз деҳаи Сафедмун то Лозуркӯҳ, ки тақрибан ду соат роҳро дар бар мегирад, доир ба табиати бойи ноҳияи Тоҷикобод ва рӯзгори мардуми муқими он аҷиб қиссаҳо мекард. То расидан ба домони Лозуркӯҳ роҳи мо киштзорҳоеро убур мекард, ки дар баландии беш аз се ҳазор метр аз сатҳи баҳр бунёд шудаанд.
Заҳмату машаққатҳои мардум, он ҳам дар баландиву фарози кӯҳ, моро қоил кард. Воқеан, боиси таҳсину офарин аст, ки дар бағали кӯҳ ба киштукор пардозӣ ва аз обилаи даст нон хӯрӣ.
Ҳар қадар, ки худрави мо ба боло мебаромад, киштзорҳову меҳнати сокинони Тоҷикобод ҳамон қадар аён мегаштанд.
Вақте шумо ба баландии Лозуркӯҳ мебароед, аз он ҷо ноҳия ба чашми шумо пурра намудор мегардад ва мебинед, ки дар тори пуштаҳо одамон фавҷ-фавҷ ба кор машғуланду гоҳ-гоҳе аз дур садои техника-тракторҳо ба гӯш мерасад. Мардуми ин минтақа бештар дар киштзорҳои худ ба картошкапарварӣ машғул мешаванд. Ҳар гоҳ шумо он манзараро бинед ба қудрати дасту бозӯ ва руҳияи қавию меҳнаткаши тоҷикӣ ҳайрон мемонед. Хуллас, майдони корзори мардум қариб то пояи Лозуркӯҳ рафта мерасад. Яъне ҳар ваҷаб замине, ки дар давру бари қулла ҳаст мардум онро самаранок истифода мебаранд. Хуш ба ҳолашон...
Аҷиб ин ки бештари мо то дидани пирях, тарма ва барфҳои миёни дараву қуллаҳои кӯҳро пирях гумон мекардаем. Аммо анкун донистам, ки пирях кӯҳест яхин. Кӯҳи сар то по ях. Манбаи об, ки шояд дар тули ҳазорсолаҳо шакл гирифта бошад.
Ҷойи зикр аст, ки Лозуркӯҳро дар соҳаи яхшиносӣ ҳамчун пиряхи Қизилкӯл медонанду мешиносанд. Ин пиряхро пас аз нашри достони “Лозуркӯҳ”-и Рустами Ваҳҳоб Лозуркӯҳ мегӯянд. Бе ин ҳам мардуми маҳаллӣ пиряхро аз қадим инҷониб лозур, яъне яхсор ном мебаранд.
Пиряхи Қизилкӯл аз рӯи маълумоти Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ дар нишебии шимоли қаторкӯҳи Пётри I дар ҳавзаи дарёи Сурхоб ҷойгир аст. Он дар масоҳати умумии 0,9 км2 доман паҳн карда, аз чанд қисмат иборат мебошад. Масалан, забонаи пиряхи Қизилкӯл дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, аз барфу тарма ғизо мегирад. Масоҳати майдони аблятсионии (ғизогирӣ) он ба 0,6 км2 мерасад. Дарёчаи аз Қизилкӯл ҷоришаванда ба дарёи Шураки Шарқӣ – шохоби чапи дарёи Сурхоб мерезад ва онро шодоб мегардонад. Дарозии пирях 2,5 километр мебошад.
Дар болои пирях қадам мезадем, садои шулдуроси об ба гӯш мерасид. Мустаонӣ Ваҳҳоб гуфт, ки ин ҳамон садои обшавӣ ва ҷорӣ гаштани обҳо аз синаи пирях аст.
Табиати Лозуркӯҳ на танҳо манзараҳои ҷаззоб дорад, балки боду ҳавои ниҳоят соф ва орӣ аз рутубату чангу ғубор аст, ки барои хаймазанӣ назир надорад. Ин макон яке аз ҷойҳои хуби сайёҳӣ аст, ки то дами пирях метавон бо мошин рафт. Муҳимтар аз ҳама обе, ки онҷо дар коргаҳи табиат тавлид мешавад, назир надорад. Ширин асту гуворо.
Ҳамчунин, дар канори пирях кӯле бо номи Сурхкӯл мавҷуд аст, ки сокинони гирду атроф ҳар сол дар мавсими гармо ба соҳилаш мераванду истироҳат мекунанд.
Дар чунин як ҳавои софу беғубор ва табиати дилнишин, ки кас аз диданаш сер намешавад, ҳама хомӯшона роҳ мерафтему ба гулу гиёҳҳоии кӯҳӣ, ки қаблан надида будем, синча мекардем. Ҳар кас ғарқи дунёи хеш буд. Ман бештар дар моварои бузургии табиати диёрам меандешидам. Яқин пайдо намудам, ки Тоҷикистон кишвари обҳои мусаффову дарёҳои шӯху беқарор аст.
Воқеан, Тоҷикистон дар саргаҳи об қарор дораду миллати тоҷик дорои чунин неъмати бузург. Дар ҳоле, ки аксари мардуми сайёра перомуни дастрасӣ ба об мушкил доранд, аз дидани табиати нотакрор ва гӯшаҳои беназири диёр бе ихтиёр каломи шукр бар лаб меояд, ки мо дар чунин як кишвар ба сар мебарем. Ин ҳам бахти баланди миллати тоҷик аст.

Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.07.2025 №: 143