ТАСВИРИ АҲЛИ ҚАЛАМ ДАР ОСОРИ АҲМАДИ ДОНИШ

28 июл 2025, Душанбе
11


Аҳмад Махдуми Дониш (1826-1896) бо ибрози андешаҳои тараққихоҳона ҳамчун асосгузори ҳаракати маорифпарварӣ дар Осиёи Марказӣ шуҳрат ёфт. Маълум аст, ки таҳсили илм ва таҳкими маориф аз андешаҳо ва пешаҳои намояндагони миллати тоҷик будааст ва он дар ҳар давру замон ба таври худ баррасӣ ва дар хидмати мардум гузошта мешуд. Аммо Аҳмади Дониш дар ин ҷода илму маорифро на танҳо тарғиб, балки онро асоси дигаргун сохтани давлату давлатдорӣ муаррифӣ намуд ва барои ин ғоя то охири умр мубориза бурд. Барои ӯ «аҳли қалам» табақаи иҷтимоие буд, ки бояд кулли тарбияту сиҳатии ҷомеаро дар даст медошт. Дар ин мақола аз мафҳуми ин истилоҳ дар осори мутафаккир ёд мешавад ва ҳадафи ӯ муайян мегардад.
Ибораи «аҳли қалам» дар осори Аҳмади Дониш ҳамчун истилоҳ баромад мекунад ва ғолибан ба маънои қишре аз ҷомеа мафҳум мегардад. Вале бояд гуфт, ки истилоҳи «аҳли қалам» аз назари Аҳмади Дониш гурӯҳи иҷтимоие аст, ки дар таҳкими давлату давлатдорӣ ва тақдири халқу мамлакат нақши калидӣ дорад. Муҳим ин аст, ки аҳли илму адаб низ шомили ҳамин гурӯҳ ҳастанд ва онҳо дар сиёсатдории султон рисолати махсус доранд.
Ба назар мерасад, ки истифодаи ин истилоҳ аз ҷониби Аҳмади Дониш аз «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» оғоз мегирад. Чунончи, дар фасли дуюми «Рисола...», ки «Дар муомилаи мулук бо умарову сипоҳ ва тансиқи уммолву мутасаррифон ва услуби аскардорӣ» баҳс мекунад, ба шарҳи тартиби аскардорӣ пардохта, менигорад: «Ва султон тартиби аскар аз ду табақа муҳайё дорад: аҳли сайф ва аҳли қалам. Барои қатъи низоъ ва даъво ва ҷамъи мол аҳли қаламро насб гардонад; ва барои дафъи аъдо ва ҳарбу ҷидолу қитол аҳли сайфро махсус донад. Ва муҳими ҳар кадомро ба дигаре тахлиту тамзиҷ надиҳад, ки ҳар ду муҳим муаттал монад; яъне кори аҳли сайф ба аҳли қалам роҷеҳ надорад. Ва ба аҳли қалам амали асҳоби сайфро насупорад». Ба пиндори Аҳмади Дониш, тахти ҳар як султон бар чаҳор қоима: сипоҳу раоё ва зару об муштамил аст. «Пас лозим омад султонро, ки ҳама ҳимматаш дар бақову суботи ин чаҳор асл бошад».
Вазифаи ин ҳар чаҳор аслро Аҳмади Дониш дар идомаи андешаҳояш оварда, менигорад, ки обро ҷамъияти халқ барои зироату иморат истифода барад то молу зари лозима ҷамъ оварда шавад ва бо ин молу зар аскар омадаву нигоҳ дошта шавад. Аскар, ки лавозимоти зарурии салтанат аст, дар навбати худ барои ҳифзи раият ва забти об муваззаф аст. Раият чун ба ионати султон соҳиби обу замин гаштанд, бояд «ушру хироҷи иртифооти мамлакатро ба хазина расонанд» ва «сутлонро воҷиб аст, ки аз ин мол касон омода дорад, то эшонро аз хусум ҳаросат кунад ва роҳҳои тараддуди эшонро аз ашрор пок гардонад, низоъ ва ҷидол, ки миёни онҳо афтад, ба қатъ расонад». Чуноне ки дар боло иқтибос шуд, тартиби аскарро Дониш аз ду табақа - аҳли сайф ва аҳли қалам донистааст ва масъулияту вазифаҳои онҳоро муайян намудааст.
Дар мавриди дигар муаллифи «Рисола...» вазифаи аҳли қаламро ба ин тавр мушаххас месозад: «Ва бояд, ки ашхоси мунсиф аз аҳли қалам дар ҳар фавҷ мансуб бошанд, то беҳунаронро аз ҳунармандон мумтоз гардонанд ва ҳаққи ҳунарпарваронро зоеъ насозанду напӯшонанд».
Бино ба қавли Аҳмади Дониш, ҷомеа аз чаҳор табақаи асосӣ иборат аст, чунончи: «Бидонад (яъне, султон бидонад), ки баъди аҳли сайфу аҳли қалам раият ду фирқаанд: аҳли ҳирфа ва аҳли деҳқанат». Аҳли ҳирфа, яъне ҳунармандону косибон ва деҳқанат, яъне аҳли деҳқонон, ки ҳар дуи онҳо истеҳсолкунанда мебошанд. Онҳо раият ҳастанд ва хироҷсупоранда, аҳли сайф ва аҳли қалам муҳофиз ва тарбиятгар, таъминкунандаи адлу дод ва расонандаи ҳақ ба ҳақдор.
Дар саҳифаҳои алоҳидаи боби «Дар васоёи фарзандон ва баёни ҳақиқати касбу пешаҳо» аз китоби «Наводир-ул-вақоеъ» мутафаккир ба тариқи умумӣ пешаҳои махсуси аҳли сайф ва аҳли қаламро ном бурда, ҳадафи шарҳу таснифи онҳоро чунин баён доштааст: «Ва ман қабоҳати он пешаҳо, ки муфтахари арбоби қалам аст, алалҷумла баён мекунам ва бад-он ҳоли ҳамаи пешаҳо маълум шавад, ки сойири халқ бад-он саъю тараддуд оранд. Ва ҳол он ки пешаҳои аҳли қалам бар ҳамаи саноеъ шараф дорад, чунки худи аҳли қалам ашрафи табақоти мардуманд». Сабаби «баёни қабоҳати он пешаҳо» аз ҷониби Аҳмади Дониш сирф ба сиёсати нодурусти замони мутафаккир ва беқадрии илму ҳунар вобаста буда, шарҳи он таҳлили алоҳидаро талаб мекунад.
Ҳамин тариқ, агар аҳли сайф барои нигоҳдории марзу буми кишвар ва тартиботи раият муваззаф бошад, пас аҳли қалам барои тарбияи ахлоқу одоб, таъмини сиҳативу солимӣ, барқарор намудани адлу дод ва таҳкиму илму маорифи ҷомеа вазифадор мебошад. Аҳли сайф ҳам то андозае тобеи аҳли қалам аст, зеро «аҳли қалам ашрафи табақоти мардуманд».

Шариф Шарифхоҷаи САИДМУРОДЗОДА,
унвонҷӯи Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ

Санаи нашр: 25.07.2025 №: 144