ДАР БАЛАНДИИ БАЛАНДИҲО ГУЛНАЗАР
Гулназар яке аз дӯстони банда буд. Аз ҷавонӣ то ба ин рӯзҳои куҳансолӣ бо ҳам будем. Бо ҳам дар даводаву ташвишҳои зиндагӣ. Боҳамӣ дар роҳи эҷод, баъзан навиштаҳоямро дар назди ӯ мехондам.
Ҳамаи ҳикоя, қисса, романҳоямро ӯ хондааст. Аз рӯи онҳо сенария ҳам менавишт. Аз рӯи сенарияҳои ӯ филмҳо ба навор гирифта шудаанд. Банда дар синамо маълум. Гоҳе бо Гулназар аз назди варзи Манор мегузаштем, гоҳе назараш ба он. Акнун дар ин ҷо муҷассамаи ӯ баландтар, намоёнтар.
Мухлисонаш шояд “ба зиёрати Гулназар меравем”, мегӯянд. Ӯ ҳам дар варзи Манор, зиёратгоҳ.
Асрҳо мегузаранд, мардум ёдаш мекунанд, рӯ ба муҷассамаи муаллифи “Суруди миллии Тоҷикистон”. Ӯ зодаи деҳаи Дардар, дур не, чанд қадам онсӯтар. Борҳо дар ин деҳа –дар ҳавлии қиблагоҳи Гулназар будам, қиблагоҳаш маро медонистанд ва модараш ҳам. Тифлакони Гулназар хурд буданд, ба гуфтаи онҳо ман бо “Жигули”-и сурхам онҳоро ба Дардар мебурдам ва боз ба Душанбе бармегаштем. Тифлакони Гулназар деҳаи моро медонистанд. Ва духтари калони Гулназар шоҳид, ӯ дар рӯзи пардабардорӣ аз болои муҷассамаи падар ҳозир буд, мегирист, дар чашмонаш оби дида.
Чи буд, набуд, ки мо бо ҳам, бенавиштан ҳам қариб ҳамеша ҳамсуҳбат. Сухан аз баландию пастиҳо, аз дидаю шунидаҳо, бо ҳам омӯхт гашта, ҳамдигарро дидан мехостем, ҳамдигарро меҷустем. Баъди фавташ ба чӣ ҳол афтода будам, хумори дидор, суҳбатҳояш.
Барояш силсилаи мақолаҳо - “Гулназарнома” навиштам. Ҳамин рӯзҳо пас аз сафари Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат ба Суғд, хабаре паҳн гашт, ки дар зодгоҳаш – дар ноҳияи Айнӣ муҷассамаи Гулназарро гузоштаанд. Барқад, муҳташам, аз сангҳои пурқимат. Вай рӯ ба равшанӣ, рӯ ба дунё, ба Офтобу Моҳтоб, ба тариқи доимӣ, то абад. Дар чеҳра хушӣ, қаноатмандӣ. Вале дар дили мо аз Гулназар норизоӣ, аз мо пештар рӯ ба абадият шуда, рӯ ба ҷовидонӣ. На, на, банда ҳаргиз намехост ӯ аз мо равад. Рӯзи парчамбардорӣ аз рӯи муҷассамааш баҳри наздикон тӯй. Тӯйе, ки шояд ба худаш намефориду ба дигарон тӯй. Он рӯз хурсандӣ буд.
Бояд банда ҳам дар ҷашни бародар Гулназар ширкат меварзид, лек натавонист, дар хиҷолат ҳастам.
Кароматуллоҳи МИРЗО
Нависандаи халқии Тоҷикистон
