МАЪРИФАТ. АЗ ДАСТДАРОЗИИ "МУХЛИС"-ОН ТО КӮТОҲАНДЕШИИ АҲЛИ ҲУНАР
Пеши ноаҳлон чӣ ҳосил зикри пурдонӣ, Камол,
Донаи гавҳар чӣ резӣ мурғи арзанхораро?
Шумо ҳам дидаед наворҳоеро, ки ҳунарварон сари кадом як хоне нишастаанду тарона месароянд. Наворҳои хому ноҷову аз доираи ахлоқ берун. Сарулибоси кӯчагии ҳунарпешагон, садои бенизоми суруду навозиш, дар байни таронасароӣ гапзадану хандидани сармастони давра, аҳли ҳунарро ба як танга нагирифтани атрофиҳо, дастархони кайҳо “тороҷшуда” ё хеле шоҳона чиро ба намоиш мегузоранд?
Ин ҳама ҳолатро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардан, ду иллат дорад: яке худро фарҳангӣ муаррифӣ намудани баъзе кӯтоҳандешон, дигаре хору залилии ҳунар ва ҳунарвар.
Ин дар ҳолест, ки сарояндаҳо нимчасурудҳои кӯчагӣ не, баръакс "Шашмақом" месароянд. "Шашмақом" барои масхара аст? Таронаҳои офаридаи гузаштагони мо ё фалаки бадахшиву хатлонӣ. Ба аёдати ҳунарварони бемор рафтану онҳоро дар ҳолати ногувор гузоштан, навор оростан, чӣ маъние дошта бошад? Ба риққат ва шафқат хондани ҷомеа ё шармандагии аҳли сухан? Охир, онҳоро мардум ҳамеша бо чеҳраи хандон, пироҳани ороста, сару рӯву мӯйи пероста дидаанду гоҳе пайравиву тақлид ба онҳо кардаанд.
Барои баъзе ёру дӯстон, ки мехоҳанд маҳфил ё нишасташон бо сарояндаву навозандае бигзарад, саволе доштам: шумо ба қавле шунавандаи хубеду чанд аҳли ҳунарро сари дастархон хондаед, нону намакатон афзун, хонаатон пури гандум, аммо кӣ ба шумову монанди шумо дастархондорон ҳақ дода, то ба сари сарояндаву сознавозон “фармон” бидиҳеду “таҳдид” намоед, ки фалон сурудро бихон, нахонӣ, рӯзатро мебинӣ? Ё таронаи нав бисаро, вагарна насаро!"
Ба ҳамин сарояндаҳои сари кабобу шароб ҳам ҳайронам. Охир, суруд ва соз танҳо воситаи нони шумо нест, балки физояндаву пояндадори ному шарафи шумост! Чаро ин падидаи илоҳӣ, таҷрибаву истеъдоди худододиро хор мегардонед!? Магар бе он чанд сомонии аз саратон мепошида рӯзатон намегузарад?
Шумо чӣ гуна метавонед ин шоҳбайтро
Ғами рӯзӣ махӯр Бедил, мазан авроқ дафтарро,
Ки пеш аз тифл Холиқ пур кунад пистони модарро
дар пардаи "Шашмақом" ё оҳанги дигаре бихонеду боз чашмонатон дар ҷайби кас бошад?
Шумо чӣ сон метавонед одамони бешуморро ба Худову расул, ба сабуриву шикебоӣ, амири нафси худ будан даъват намоед, аммо худатон дар бесабриву баднафсӣ пештоз бошед?!
Шумо чӣ сон ин байтро
Бедил, аз сози дилу дасти тиҳӣ шармандаям,
Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман?
мехонеду аммо боз ҳам ба қудрати дуо бовар надоред?!
Шумо бо кадом забон ва дил ин байтро
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.
месароеду ба омадани саҳар шак доред, навмед мешавед?
Бояд маъракаороёни имрӯзро шинохт, инҳо, он сармастони ҳушёр нестанд, инҳо мастиро, фароғати руҳиро, рақсу таронаро ба маънои зиштиву айёшӣ мешиносанд. Мастии хайёмона, наъраи мастонаву орифона, рақси самои мавлавиёна куҷову доду ғирев ва рақсҳои хандахариши ин чанд каҷфаҳму каҷрав куҷост?
Сарояндаву оҳангсози доно пешакӣ пешниҳод мекунад, ки аз рафти базмҳои саридастархонӣ навор ороста нашавад ва навозишу сароиши берун аз саҳнаву студия ба фазои иҷтимоӣ наравад. Афсус, ки дар ин росто ному насаб ва наворҳои базмии дӯстони боистеъдоди мо Шодварзи Мирзо, Олимшо Хоҷам, сарояндаҳои нисбатан номошно Бобоҷони Амонулло, Эркини Одина бештар мечарханд. Дареғи ҳунар, дареғи тору рубоб, дареғи шеъру ғазал! Ин ҷавонмардон беистеъдод ҳам нестанд, ҳар яке дар ҷодаи худ хубу хуш равонанд, ду-се асбоби мусиқиро менавозанд ҳатто барои як бахше аз ҷомеа маҳбуб шудаанд, вале афсус, ки санъатро хор кардаанд. Ба қавли Бедил, парвонаи шамъи ҳар маҳфиле шудаанд ва пайдост, ки умри парвона кӯтоҳ аст:
Қумрии як сарв бошу андалеби як чаман,
Мешавӣ парвона гирди шамъи ҳар маҳфил чаро?
Кошки он ҳама сурудҳои каммояро барои дӯстони ҳамдастархон иҷро кунанду раванд, аммо ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтанашон, аллакай, ба халқ манзур кардан аст. Ному насаби ин ва дигар дӯстонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷустуҷӯ кунед ва бинед, ки чи наворҳое пеши чашм мебароянд. “Фалонӣ дар оши наҳор”, “фалонӣ бо овози зинда дар хонаи фалонӣ”, “баҳмадонӣ тӯёна мехонад”, “фалонӣ тӯйро девона кард”...
Аз ҳама ташвишовар он аст, ки ин сарояндаҳо матнҳои сусту бемағзро месароянд. Матни бештари таронаҳо аз вазн орӣ, аз мантиқ дур аст. Бо вуҷуди он ки аз ғазалҳои хуби классикиву муосир ҳам тарона месозанд, аммо аз кадом нозими ноошное суруднамое иҷро карда, он ҳама таронаҳои хубашонро ба сифр баробар мекунанд.
Барои баъзе аз ҳунарпешагони на танҳо навпадид, балки барои сарояндагони номвари кишвар рӯи саҳна бидуни омодагӣ баромадан, ба сарулибос аҳамият надодан, аз рӯи коғаз хондани матни таронаҳо, матни ин ё он назми каммояро аз рӯи телефон ба таври “зинда” хондан, дар байни суруд гап задану ҳаракатҳои ноҷо кардан оҳиста-оҳиста расм мешавад. Ба андешаи инҷониб, барои як ҳунарманди донишгоҳдидаву фаросатдошта, дипломдору эътирофшуда айб аст, ки санъати асилро ба ин дараҷа поён биёварад ва ба ҷойи он ки чанде аз мардуми камогоҳро ба сатҳи волои шеъру ғазал бардорад, баръакс худаш ба сатҳи паст бифарояд. Ба андешаи шумо чӣ?
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.07.2025 №: 145