ХИЁНАТИ БУЗУРГ

30 июл 2025, Чоршанбе
19
Гузаштагони барӯманди мо пайваста таъкид менамуданд: “Роҳ дар ҷаҳон якест ва он роҳи ростист”. Мутаассифона, на танҳо аксари мо, балки ҷаҳониён низ ин роҳро ё нодида мегиранд ва ё аз зеҳнашон покиза сохта ҳарчанд рӯй бартофтан аз ростӣ ба хотири наҷот нест, чун наҷот дар ростӣ аст.
Имрӯз дурӯғ ончунон реша давонда ва ҷойи ростиро танг кардааст, ки мепиндоранд, то дурӯғ нагӯӣ, корат ривоҷ намегирад. Ин дурӯғҳо чи хонаҳоеро сӯхтаву чи бозорҳоеро ба хокистар табдил додаанд. Тиҷоратро на танҳо ба дурӯғ эътибор бахшидаанд, балки бо фиреб ороиш додаанд.
Яке аз шахсиятҳои маъруфи кишвар, донишманди асил гуфта буд: “Имонам аз кофир бошад, агар дурӯғ бигӯям”. Албатта, дурӯғ мегуфт, аммо, ба ростӣ, чунин савгандро бори нахуст мешунидам, он ҳам барои як маводи камарзиши бозор. Пас аз он ба ин хулоса омадам, ки барои чунин афрод аз ҳама камарзиштар имон шудааст. Сухан танҳо дар бораи ман нест. Дарду ранҷам аз он мебошад, ки дурӯғ рӯз ба рӯз бо шаклҳои гуногун густариш меёбад ва ба он мо одат мекунем. Воқеан, дурӯғ аз тақлид ба одат ва аз одат ба ибодат табдил меёбаду мо барои рафъи он, мубориза бо он оҷиз мондаем. Яке аз шоирони бузурги мо Сайидои Насафӣ дар замони худ мегуфт:
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
Агар ӯ дар замони мо ҳам мезист, медид, ки чӣ гуна барои ростӣ завол омадааст ва сарв бар асари он ба хушкӣ намерасад. Дарахт аз оби шӯр ҳаргиз ба боло қад намекашад. Мегуфтанд, ки дурӯғ бефурӯғ аст, аммо ҳолиё гӯиё фурӯғро бо дурӯғ зинат мебахшанд.
Ростон каманд ва шинохтанашон бисёр мушкил. Яке аз шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣ гуфтааст: “Ба Худо қасам, аз замоне ки фаҳмидаам дурӯғ боиси пастии дурӯғгӯён мешавад, ҳаргиз дурӯғ нагуфтаам”. Чаро пастиро бояд шараф бидонем? Чаро овози Мавлоноро аз қаъри асрҳо намешунавем:
Охир, одамзодаӣ, эй нохалаф,
Чанд пастиро шараф донӣ, шараф?
Куҷо шараф аст? Ҳаргиз шараф нест!
Оё андешидаем, ки агар ба назди табиби ҳозиқ биравем, барои муоина ё худ ташхиси дардамон бояд рост бигӯем? Агар дурӯғ мегӯем, он ҳаргиз ба нафъи мо нест. Табиб бар асоси гуфтаҳои дурӯғи мо ба хулосаи нодуруст меояд ва дармонаш бар зарари мо ба анҷом мерасад, на бар ӯ.
Сирри худро аз ду кас пинҳон мадор:
Аз табиби ҳозиқу аз ёри ғор.
Гӯиё сабаби аз рост танаффур намудани мо ва рӯй оварданамон ба дурӯғ раҳоӣ аз тангноҳост. Шояд як ва ё ду бор бираҳем, аммо аз бад ба бадтар гирифтор мешавем. Оқибат он дурӯғ ошкор мешавад.
Пештарҳо, агар аз як нафар дурӯғеро мешуниданд, шаҳодаташро дар ҳеҷ умуре намепазируфтанд. Гузаштагонамон ба мо мегуфтанд: “Нишонаи мунофиқ се чиз аст: вақте сухан бигӯяд, дурӯғ мегӯяд, чун ваъда диҳад, хилоф мекунад, чун амонате ба ӯ дода шавад, дар он хиёнат мекунад”. Вақте дурӯғ яке аз амалҳои мунофиқ шудан бошад, чаро наметарсем ва дурӯғ мегӯем?
Ба дурӯғ он қадар дилбаста шудаем, ки бар асари он эҳсоси хатари бузургро дар оянда намекунем, балки ин ҳисро ҳам ба заҳри дурӯғ куштаем.
Оё андешидаем, ки ҳар гоҳ шабона ба хона дер омадаем, волидайнамон аз мо пурсидаанд: “Дар куҷо будӣ?”. Бо ман мувофиқед, ки барои наранҷиданашон дурӯғе бофтаву гуфтаем? Аз дер омаданамон дар ранҷ буданд. Аз дурӯғ гуфтанамон чӣ? Бештару бештар ранҷ кашидаанд, ранҷ аз он ки фарзандонашон дӯстдори дурӯғ шудаанд. Волидайн “бӯй”-и дурӯғи фарзандро ба зудӣ ва бисёрӣ мешиносанд.
Даъвии сӯхтагӣ пеши ман, эй лола, макун,
Мешиносад дили ман бӯйи дили сӯхтаро.
Тасаввур кардан мушкил аст, аммо барои худамон, то ба моҳияти ҳақиқат, ростӣ пай бибарем, як бор иҷборан ҳам бошад, тасаввур бинамоем: дарахтон ба ҷойи мева хор ҳосил бидиҳанд ва ё самаре бидиҳанд, ки заҳрогин бошад. Офтоб ба ҷойи нуру гармӣ бахшидан зулмату сардӣ бубахшад. Ҳамаи обҳои ширин ба талху шӯр мубаддал бигарданд.
Ба мо мегуфтанд: “Умри дурӯғ кӯтоҳ аст”. Ва мо дар идомаи он бояд бигӯем: “Умри дурӯғгӯ кӯтоҳтар”.
Вазифаи мост, ки ростиҳоро аз чанголи маргбори дурӯғҳо раҳоӣ бахшем ва нагузорем, ки умрҳо кӯтоҳтар шаванд.
На танҳо мо, балки ҷаҳониён дар сари дуроҳаи дурӯғу ростӣ қарор доранд. Охири яке марг ва дигаре зиндагист. Интихоб дар ихтиёри худи мост.
Воқеан, оё ин хиёнати бузург нест, ки чун бо бародарат суҳбат мекунӣ, ӯ туро тасдиқ мекунад, аммо ту ба ӯ дурӯғ мегӯӣ?
Шояд ин ҳақиқатро тасдиқ кунӣ, агар дилат бар асари дурӯғ онро шунида тавонад: ҳеҷ ҷомеае бо дурӯғ рӯй ба ободӣ наовардааст ва ҳам ҳеҷ кас бар асари бади он ба манзили мақсуд нарасидааст.
Мо ниёз на ба харобӣ, балки ба ободӣ дорем ва низ бояд бидонем, ки манзили мақсуд, агарчи дур аст, зарур мебошад, ки ба он бирасем.
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.07.2025 №: 147