ТАСАРРУФИ 4 386 258 СОМОНӢ
Абдуллозода ғорат кард, агентӣ барқарор намуд
Сардори раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд А. Абдуллозода барои тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар дод, А. Абдуллозода дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси пешбари раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Р. Баротов, шаҳрванд Д. Раҳматуллоев ва 5 роҳбари ширкатҳои хусусӣ амал намуда, қисме аз маблағҳои буҷетиро тасарруф намудаанд. Чунончи, аз маблағи 13 117 560 сомонии барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ ва таъмири пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Спитамен ва Мастчоҳ, ки солҳои 2023-2024 аз ҳисоби буҷет ҷудо шудаанд, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ 4 386 258 сомониашро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонданд.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати А. Абдуллозода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340 қисми 2 бандҳои “а, б” (сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ, бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон) Кодекси ҷиноятӣ оғоз шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти тафтиши пешакӣ бо андешидани чораҳои мурофиавӣ зарари ошкоршуда пурра ба давлат барқарор гардида, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.
КОРМАНДИ ПОРАХӮРИ АНДОЗ
БАРОИ ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ 49572 СОМОНӢ ГИРИФТААСТ
Мутахассиси шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеии нозироти андоз дар ноҳияи Сино У. Латифов барои қатъ кардани фаъолияти соҳибкорӣ аз соҳибкори инфиродӣ П.Н.М. 55000 сомониро ба сифати пора талаб намудааст.
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод, ки У. Латифов дар идомаи кирдори ҷинояткоронаи худ моҳи марти соли ҷорӣ дар чанд маврид аз шаҳрванд П.Н.М. ҷамъ ба маблағи 49572 сомонӣ гирифтааст. Вале баъд аз гирифтани маблағи ниҳоӣ аз тарафи кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе дастгир гардид.
Дар ин робита, нисбати У. Латифов бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳоло бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан дар дасти суд қарор дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 29.07.2025 №: 146
