ВАЗИФАҲОИ МУҚАДДАСАМОНРО ШИНОХТАЕМ?
I
Ҳамаи кӯдакони дунё бо фитрати хосу ягона ба дунё меоянд ва баъдҳо бо таъсиру роҳнамоии волидайну муҳит тағйир меёбанд. Ин ки баъзе аз кӯдакони мо ҷасорати фавқулода надоранд ва, ба қавли Мавлоно, сустӣ мекунанд, худ гунаҳкорем.
Аз хурдсолӣ барои рафоҳиятамон онҳоро метарсонем, мезанем ва ҷасорати табииро дар вуҷудашон маҳв месозем. Кӯдакон бо вожаҳое чун аҷина, одамхор, ки ӯро мекушанду мехӯранд, шинос мешаванд. Дар гӯшу зеҳнашон ин вожаҳо ва дигар вожаҳое монанд ба аҷинаву одамхор барои умре ҷой мегиранд. Дар натиҷа, аз танҳоӣ низ дар ҳарос меафтанд. Мепиндоранд, ки онҳо бо кадом як неруе метавонанд аз раҳи дар ё тиреза ворид бишаванд. Инчунин, агар ба дарде табиӣ рӯ ба рӯ биёянд, волидайну атрофиён дар ҳузури кӯдак мегӯянд, ки ҷин дорад ва ё худ ҷин дарёбаш кардааст. Аз чунин кӯдакон боз интизор мешавем, ки фардо нигаҳбону дастёри мо мегарданд.
II
Чаро бо масъулияти том ҳамчун волидайн дар ин андеша нестем, ки фарзандонамон дар чӣ муҳите ба воя мерасанд? Назорат намекунем, ки онҳо ба чӣ гуна фазоҳои маҷозӣ ворид мешаванд ва соатҳо худашонро аз онҳо раҳоӣ бахшида наметавонанд.
Дар назди ҳавлии биноҳо бо чи гурӯҳҳое дар иртиботанд, бароямон маълум нест ва дар бораи онҳо маълумот ба даст оварданро намехоҳем. Агар ҳам ба буттае оташ биафтаду бисӯзад, бепарвоем, намеандешем, ки ин дуду оташ ба хонаҳои мо низ дар оянда роҳ меёбад.
Замоне ки барои фарзандонамон парвандаи ҷиноӣ мекушоянд, бохабар мешавем, ки ба маводи нашъаовар чандин муддат сару кор гирифтааст: ё мекашад, ё мефурӯшад ва ё ҳар ду. Чунин аъмоли зиштро солҳои сол идома додааст. Ба ҷуз ин, ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастааст.
III
Мепиндорем, ки кӯдаконамон агар дар муассисаҳои таълимии пешрафта таҳсил бикунанд, кофист. Гӯё ба тамоми орзуҳоямон расидаем. Дар ин гуна ҳолатҳо танҳо аз худу фарзандонамон меандешему халос. Ин ҳикмати Имоми Аъзамро фаромӯш мекунем: “Фарзандатро барои худат дӯст бидору барои ҷомеа тарбият намо”. Ҷойи таассуф аст, ки мо фарзандонро барои худ дӯст медорем, аммо барои ҷомеа тарбият карда наметавонем. Бо чунин андеша ва хонондану тарбият кардан, на нафъаш ба худамон мерасаду на ба дигарон.
Биёед, як бор аз рӯйи инсоф биандешем, ки дар як шабонарӯз, ки иборат аз 24 соат аст, чанд дақиқа ё соаташро барои таълиму тарбияи фарзандонамон мебахшем? Ҳамаи ин бори масъулиятро бар дӯши омӯзгор гузоштанӣ мешавем, ҳол он ки дар як синф беш аз 20 хонанда аст.
IV
Пештарҳо ҳамаи ҷо мактаб ва ҳар шахси бузургсолу таҷрибаи рӯзгордошта омӯзгор буд. Намегуфтанд, ки ин кас фарзанди ман нест ва ман масъули тарбияи ӯ нестам. Ҳар кирдори зиште аз кӯдаке ё ҷавоне ба чашмашон менамуд, падарвор насиҳат мекарданд, ба роҳи рост роҳнамоӣ менамуданд. Кӯдакону ҷавонон ҳам саъй мекарданд, то дар ҳузури бузургон сухане берун аз доираи ахлоқ нагӯянд ва ё амали зиште содир нанамоянд. Ҳолиё, агар ба кӯдаке аз рӯйи масъулият ва меҳрубонӣ насиҳат бикунӣ, волидайнаш бо таҳқир изҳор медоранд: “Ту ба фарзанди ман чӣ кор дорӣ? Ҳар гунае, ки рафтор мекунад, озод аст. Ба роҳи худ бирав ва ин суханҳоро ба фарзандонат бигӯ”. Бо чунин фаҳмишу муносибат ҷомеаи солимро интизор мешавем. Дар ҳоле ки ҷомеаи солимро шахсони месозанд, он худ ба худ ва бо фаҳмишҳои нодуруст ба вуҷуд намеояд.
V
Натиҷаи неки ҳамаи донишҳо, амалҳо ахлоқ аст, ахлоқи ҳамида. Шахсиятҳои машҳури олами илму адаби мо ба ин масъала диққати махсус додаанд ва таъкид доштаанд, ки онро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур наандозем. Аз ҷумла, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ гуфтааст:
Надорам он мусалмонзодаро дӯст,
Ки дар дониш фузуду аз адаб кост.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ адабро тоҷе аз нури илоҳӣ донистааст. Ва ҳам:
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад.
Бе адаб, ахлоқи ҳамида дониш самараи нек дода наметавонад. Баръакс, дар бисёр маврид он дониш бар зарари ҷомеа, инсоният ба кор гирифта мешавад.
Идора кардани давлат бе донишу ахлоқи ҳамидаи фарогир на танҳо душвор, балки ғайриимкон аст. Он кишвар ва ҷомеа фасодзада мешавад ва фасод чун саратон ба сарҳади марг меорад.
VI
Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва дигар озмунҳо, ки бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола баргузор ва иштирокчиёну ғолибону омӯзгоронашон бо мукофоти калони пулӣ сарфароз мешаванд, китобхониву китобдӯстдориро дар миёни насли нав эҳё карданд. Ҷойи таассуфу гила он аст, ки барои иҷрои корҳои неку муфиду зарурӣ аз худ ташаббус нишон намедиҳем. Ақаллан, дар муҳити хонавода фарзандонро дар руҳияи китобдӯстдориву китобхонӣ тарбия намекунем. Фарзандон нахуст ба волидайн тақлид менамоянд. Чун мебинанд, ки онҳо ба китоб муҳаббат надоранд, китобхон намешаванд.
Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9-уми марти соли 2024) бо таъкид дар ин маврид чунин изҳор доштанд: “Ба кулли мардуми Тоҷикистон мегӯям: вақте ки мову шумо фарзандро ба дунё меорем, яке аз вазифаҳои муқаддаси падару модар тарбия кардани фарзанд аст. Яъне чӣ? Мо бояд фарзандро босавод кунем, бо одобу ахлоқи ҳамида тарбия кунем, касбу ҳунар гиранд, илм омӯзанд, забон омӯзанд. Замонаро нигоҳ кунем”.
Чаро ҳар рӯз аз худ намепурсем, ки оё вазифаи муқаддасамонро иҷро кардаем ва ё дар андешаи иҷрои он ҳастем?
VII
Албатта, усулҳои пешин тарбия кардани фарзанд дар даврони нав бисёр мушкилиҳо дорад. Хушбахтона, миллати мо олимон, адибон, фарҳангиён, омӯзгорон ва шахсиятҳои маъруфи арсаи меҳнат бисёр дорад. Барои чӣ мумкин нест, ки дар бораи онҳо китобҳои хубу ҷолибу хонданӣ навишта шаванд? Ба ин васила, фарзандон дармеёбанд, ки ин афрод ба осонӣ ба қуллаҳои мақсуд нарасидаанд ва барои мисли онҳо шудан дар баробари донишомӯзӣ, ахлоқи ҳамида доштан бояд меҳнатдӯст низ бошӣ.
Ҳоло ҳам, ки фурсат дорем, пас, дер накунем, вагарна ҷуброни он ё ба мушкилӣ даст медиҳад ва ё умуман даст намедиҳад. Муҳим боз он аст, ки ноумед набошем.
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.07.2025 №: 146
