ФОТЕҲИ ДУ ВОДӢ

01 август 2025, Ҷумъа
18


Қурбон Муллоев соли 1905 дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) ба дунё омад. Дар нуҳсолагӣ аз падар ва дар ёздаҳсолагӣ аз модараш маҳрум монда, қариб 13 сол дар хонаи яке аз бойҳои зодгоҳаш хидматгор буд. Як хоҳар ва як додар дошт, ки онҳо низ заҳри ятимӣ мечашиданд. Гардиши айём ва санҷишҳои рӯзгор ӯро обутоб дод ва қаҳрамону фотеҳи ду водӣ – Дилварзин ва Вахш гардид.
Вақте нахустин колхозҳо таъсис ёфтанд, аз аввалин ранҷбарони он гардид ва нахуст, узви хоҷагии “Иттифоқи қӯшчӣ” (“Иттифоқи пайван-дӣ”) гардид. То соли 1929 дар ин хоҷагӣ ранҷ бурда, худи ҳамон сол ба водии Вахш кӯч мебандад. 84 хоҷагӣ аз деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич ба водии Вахш кӯч мебандад, ки дар қатори он хонаводаи Қурбон Муллоев ҳам буд.
Ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ашурбӣ Муллоева бо фаъолнокиву пурталошӣ ном бароварда буд ва ин аст, ки дар азхудкунии ду водии бузург – Вахш ва Мирзочӯл сафарбар гардида, сарбаландона меҳнат кард.
Бахусус, дар водии Вахш 6 сол ранҷ бурда, аз коркуни одӣ то дараҷаи ҷонишини раиси колхози “Деҳқонобод”-и ноҳияи Қӯрғонтеппа омада мерасад. Аввали солҳои сиюм роҳбарони колхоз ин оиларо ба азхудкунии водии Дилварзини Ӯзбекистон фиристоданд. Баъди соли 1935 ҷойи зисту фаъолияти Қурбон Муллоев ноҳияи Сирдарёи ҶШС Ӯзбекистон гардид.
Ҳангоме ки ба Сирдарё омад, даставвал ин ҷоро қамишзору ботлоқзор дид. Дар назар чунин метобид, ки гӯё пою қадами одамӣ ба ин макону манзил асло нарасида бошад. Бояд ин ботлоқзори ваҳширо ба чаманистон табдил медоданд. Рӯди Сирро тавассути кандани канал моил намудан ба ин хок ва замини солҳо бекорхобидаро ба пахтазор табдил додан, кори сахту миёншикан мехост. Он замон, замоне буд, ки техника қариб, ки набуд.
Бобои Қурбонро сардори бригадаи чорводорӣ ва дастаи пахтакорон таъин карданд, зеро мавсуф дар Вахш таҷриба ҳосил намуда буду дар ин ҷода чашмикордон. Дар ин вазифа то соли 1944 заҳмат кашид. Ӯ дар колхози “Ҳақиқат” таҷрибаҳои истеҳсолии хуберо роҳандозӣ кард ва ному шуҳраташ рӯзафзун гардид.
То оғози солҳои 50-уми асри ХХ ҳосилнокиро дар ин колхоз ва атрофи он аз ҳар гектар то ба 50 сентнер расонда, 89 ранҷбари фаъол соҳиби ордену медалҳо шуд. Дигар хонаи Қурбон Муллоев ҷои ба ҳам омадани сиёсатмадорони шинохтаи давр, шоирону ҳунарпешагони маъруф шуда буд.
Кори хайру мондагори дигари ин марди наҷиб боз он буд, ки аз шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич даҳҳо хоҷагиро барои ёрмандӣ ба колхози “Ҳақиқат” кӯчонд ва ҳоло авлоди он ҳама ранҷбарони асри рафта, дар вилояти имрӯзаи Сирдарё зиндагиву кор доранд ва чароғи оину фарҳанг ва забони тоҷикиву ӯзбекиро баробар фурӯзон медоранд. Яъне, ӯ бо ин кори хуҷаста дар пойдории дӯстии миллатҳо ҳам хидмат кардааст, ки фаромӯш нахоҳад шуд. Муаллифи ин сатрҳо дар ояндаи наздик ният дорад, ки корномаи бобои Қурбонро дар шакли китоб пешорӯи насли нав бигзорад.
Ранҷҳои ӯро давлату ҳукумати вақт қадр карда, унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро барояш арзонӣ доштанд. Ҳоло дар маркази ноҳияи Деваштич – шаҳраки Ғончӣ нимпайкараи ин марди фозил қомат афрохтааст.
Муҳаммадшарифи САЛИМ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Санаи нашр: 31.07.2025 №: 148