ШОМИ ШАНБЕ

01 август 2025, Ҷумъа
37
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ГРОССМЕЙСТЕР»
Дар ин филворд насаби гроссмейстерони маъруфи олам нуҳуфтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛОҲ
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ТЕННИС»:
1. Ҷокович 2. Надал 3. Федерер 4. Кафелников 5. Сафин 6. Давиденко 7. Серена 8. Шарапова
9. Соболенко 10. Лендл 11. Ҳингис 12. Навратилова 13. Швёнтек 14. Синнер 15. Алкарас
16. Штеффи 17. Эверт 18. Вавринка 19. Сампрас 20.Агасси 21. Макинрой 22. Виландер
ВАҚТ ЁБЕД!
ЧАНД ТАВСИЯИ ЗИНДАГИСОЗ АЗ ПОЛ БРЕГГ
- Барои ҳифзи саломатӣ вақт ёбед, ки дороии асосии ҳаёт аст.
- Барои табассум вақт ёбед, зеро ханда барои рафъи мушкилиҳо ёрӣ мерасонад.
- Барои кор кардан вақт ёбед, он дари муваффақиятро боз мекунад.
- Барои фикр кардан вақт ёбед, ки сарчашмаи неруст.
- Барои муҳаббат вақт ёбед. Он туҳфаи беҳтарини зиндагист.
- Барои варзиш вақт ёбед, ки сирри ҷавонӣ дар он нуҳуфтааст.
Таҳияи Кароматулло АТО
ЧИН
Аввалин Донишкадаи сихкабоб таъсис меёбад
Донишгоҳи Юэйан ва Ассотсиатсияи барбекюи Юэйан бо дастгирии ҳукумати шаҳр дар бораи таъсиси Донишкадаи санъати пухтани сихкабоб ба мувофиқа расиданд.
"Донишкада он чизеро, ки ҳоло иқтисоди дуконҳои сихкабобфурӯшӣ аст, ба як занҷираи сохторӣ ва ҳамгирошудаи саноат табдил медиҳад", - гуфтааст Юэ Янхуа, котиби ҳизбии Донишгоҳи Юэйан.
Пухтупаз дар дуди оташ қисми муҳими иқтисодиёти саноати хӯроквории Юэйан гардидааст. Дар ин ҷо зиёда аз 2000 дукони сихкабобфурӯшӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 50 ҳазор кас кор мекунад. Муомилоти солонаи ин саноат бештар аз 2 миллиард юан (280 миллион доллар) мебошад.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
ГВЕНДАЛЕН
Бешак, вақте сухан дар бораи бузургтарин занҳои разманда меравад, Жанна д'Арк пеши назар меояд. Як духтараки 17-солаи рустоӣ, ки дар муҳимтарин муҳорибаҳо алайҳи артиши бонуфузи англис дастболо шуда буд. Вале таърих занҳои дигари шамшербадастеро ҳам ёд дорад, ки на танҳо мубориза бурдаанд, балки ғолиб омадаву солҳо салтанат доштаанд.
Фарзи мисол, маликаи вақти Британия Гвендален хиёнати шавҳараш – шоҳ Локринро таҳаммул карда натавониста, ӯро бо лашкараш сарнагун месозад ва худаш ба тахти шоҳӣ менишинад. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки вақте шоҳ Локрин зани дигар гирифтаву ӯро малика эълон мекунад, Гвендален худро таҳқиршуда ҳисобида, бар зидди шоҳ лашкар мекашад. Худаш шахсан савори асп ҳамчун сарлашкар то соҳили дарёи Стур расида, ҳамсарашро дар ҳамон ҷой ба қатл мерасонад. Гвендален давоми 15 сол маликаи Британия буда, сипас салтанатро ба писараш Мадан месупорад.
Аз русӣ тарҷумаи С. РАҲМОНЗОДА
«Дузде», ки ҳама ДӮСТАШ МЕДОРАНД
Чашми судя ба наврасе афтод, ки аз дуконе себ дуздида, фирор кардан мехост. Бо амри ӯ кӯдакро боздошта, сабаби даст ба дуздӣ заданашро пурсиданд?
Наврас гириста, посух дод: «Илоҷе надоштам, модарам бемор аст, хостам чизе барояш бубарам то бихӯрад.».
Судя дасти ӯро гирифта ба хонааш рафт. Ҳақиқати ҳолро дида, ҳарфе нагуфт ва бадар шуд. Соате пас бастаи маводи ғизоӣ дар даст баргашт ва бо навиштаҷоте онро ба наврас дод: «Ту дузд нестӣ, ту писаре ҳастӣ, ки ҳама дӯстат медоранд!».
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
«Муъҷиза дар Ҳудзон»
Субҳи 15-уми январи соли 2009 ҳавопаймои мусофирбари ширкати амрикоии “US Airways” аз фурудгоҳи Ла Гуардияи шаҳри Ню-Йорк ба парвоз баромад. Дар дохили он 155 мусофир ва ҳайати сарнишинон қарор доштанд. Баъди чанд дақиқаи парвоз ҳавопаймо ба селаи бузурги парандаҳо бармехӯрад, ки дар натиҷа, ҳар ду муҳаррики он аз кор мемонад. Ин маънои онро дошт, ки ҳавопаймо дигар тавони идомаи парвозро надорад. Капитан Чесли Салленбергер, ки ҳама ӯро “Салли” меномиданд, дар як муддати кӯтоҳ қарор қабул намуда, тасмими сарнавиштсоз мегирад — фуруд омадан ба рӯди Ҳудзон. Ин тасмим хеле хатарнок буд, зеро нишондани ҳавопаймо ба рӯи об хатари фалокатвор дошт. Бо вуҷуди ин, маҳорати олӣ ва ҷасорати капитан имкон дод, ки ҳавопаймо беталаф рӯи об фуруд ояд.
Муъҷизаи ҳақиқӣ он буд, ки ҳамаи 155 мусофир ва сарнишинон наҷот ёфтанд.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
ТАЙГЕР ВУДС
Тайгер Вудс, голфбози амрикоӣ, ғолиби 15-каратаи мусобиқаи “Major” мебошад. Дар маҷмуъ, ӯ дар 82 мусобиқаи “PGA Tour” (силсиламусобиқаҳои асосии касбии голф барои мардон, ки дар Амрикои Шимолӣ баргузор мешаванд) ва 40 мусобиқаи аврупоӣ ғолиб омадааст. Вудс, инчунин, бо устувории худ машҳур буда, 683 ҳафта дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор дошт. Солҳои 2000, 2001 варзишгари сол эътироф гардид. Моҳи майи соли 2019 Тайгер Вудс аз ҷониби Президенти ИМА Доналд Трамп бо медали “Озодӣ” мукофотонда шуд ва чорум голфбозе гардид, ки ин ҷоизаро ба даст овард.
Ӯ аввалин варзишгари миллиарддор аст, аммо қисми зиёди дороиашро (тақрибан 90 дарсад) на дар майдони голф, балки аз реклама ба даст овардааст.
Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО
БАҲСИ ШУВАЛОВ БО ЛОМОНОСОВ
Шувалов боре баъди баҳсу мунозира Ломоносовро таҳдиди карда мегӯяд:
- Мо туро аз академия дур мекунем.
- Не, - ҷавоб медиҳад Ломоносов, - шумо академияро аз ман дур мекунед.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
КАРОМОТ
Ман доим ҳис мекардам, ки бе назари Худо нестам. Шаккокӣ нашавад, каромот дорам. Мана дирӯз аз сари пули нафақа як шишаи кори калон харида, хостам то хона савора биёям. Ногоҳ ким-кадом қуввае маро боздошта гуфт: «Аскар агар рафту дар роҳ ғалтӣ, шиша ҳайф мешавад…». Ҳайратзада ба овози ғайб ихлос кардам ва шишаро пок-покиза нӯшида, баъд ба шайтонароба савор шудам. Бовар намекунед, вале то хона ҳафт маротиба чаппа шуда, афтидам. Агар каромот намедоштам, дар ҳақиқат, шиша шикаста ҳайф мешуд.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
НАБИҶОН
Ҳуҷраи ҷарроҳӣ:
– Натарс Набиҷон, натарс, ҳамаи кор бори якум мушкил метобад.
– Мебахшед духтур, ман Набиҷон не.
– Медонам, Набиҷон ман худам.
Таҳияи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
ИЛМ ва сабзиши себораи дандон
Олимони ҷопонӣ дар таҳияи доруе, ки ба афзоиши дандонҳои нав имкон медиҳад, ба пешрафт ноил шуданд.
Тадқиқот нишон медиҳад, инсон ҳама чизеро, ки барои бори сеюм рушд кардани дандонҳо лозим аст, дорад. Аммо ин раванд тавассути сафедаи муайяне баста мешавад. Олимон тасдиқ мекунанд, ки бастани ин сафеда бо дору афзоиши дигарбораи дандонҳоро ба вуҷуд меорад.
Айни замон озмоишҳои клиникии дору идома доранд ва муҳаққиқон кӯшиш доранд, ки он то соли 2030 бидуни дорухат ба мардум дастрас бошад.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
10 НАФАРЕ, КИ ДАР СОҲАИ ТИБ ТАҲАВВУЛОТ КАРДАНД
Герофил (солҳои 300-250 пеш аз милод)
Анатом ва ҷарроҳи юнонӣ аз шаҳри Вифиния дар ҷаҳон аввалин шахсе буд, ки сарфи назар аз монеаҳои динӣ барои омӯзиши анатомия ҷасади мурдаҳоро чок мекард.
Ҳамватанони хашмгирифта Герофилро «қассоб» номида, аз шаҳр ронданд. Духтур боқии умрро дар Александрия гузаронд, ки он ҷо дар соҳаи анатомия ва усулҳои табобату ҷарроҳии бемориҳо асарҳои зиёде навишт.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ҚИМАТИ ҚИМАТ НАЯФТАД
Вожаи “қимат”-ро бархе афрод дар китобу рӯзномаҳо нодуруст менависанду шарҳ медиҳанд. “Қимат” мисли “зинат” пас аз ҳарфи якум дар хатти форсии арабиасос “й” (йо) мегирад. Мисли “ҳиммат” бо ташдид навишта намешаванд. Ва ҳам шарҳ медиҳанд, ки “қимат” танҳо арзиши чизеро ифода мекунад. Албатта, ин навишта ё худ гуфта нодуруст нест. Масалан:
Ҳар ду олам қимати худ гуфтаӣ,
Нарх боло кун, ки арзонӣ ҳанӯз. (Амир Хусрав)
Маънии “арзишманд” доштани онро, мутаассифона, инкор мекунанд, ҳол он ки ин маънӣ дар адабиёти классикӣ ба чашм мерасад. Аз ҷумла, Умари Хайём менависад:
Эй хок, агар синаи ту бишкофанд,
Бас гавҳари қимате, ки дар синаи туст.
Абдулқодири РАҲИМ
ОШХОНАҲОИ ҶАҲОН
ОШХОНАИ КОРЕЯГӢ
Таомҳои Корея бо гуногунии мазаи тунду шӯру ширин ва турш дар ҷаҳон машҳур гардида, камчи – хӯриши асосӣ, ки аз сабзавот ва караму шалғам иборат мебошад, бо ҳама таомҳо пешкаш карда мешавад. Ҳамчунин, ба ҳар хӯроки асосӣ таомҳои гуногун, ба мисли панчан зам мегардад, ки аз маҳсулоти баҳрӣ, тухм ва лӯбиё пухта мешавад.
Таоми булгоги - гӯшти маринадшуда ва дар оташ пухташуда (грилл) буда, одатан аз гӯшти гов, баъзан гӯшти мурғ ва хук якҷо бо чошнии соя (як навъи лӯбиё), сир тайёр карда мешавад, ки хеле маъмул аст.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ГАРОНАРЗИШТАРИН АСП ДАР ҶАҲОН
Тибқи иттилои сомонаи «horsetimes.ru» аспи зоти англисӣ бо номи Френкел дар ҷаҳон гаронарзиштарин ба ҳисоб рафта, қимати он 200 миллион долари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Тавре иттилоъ дода мешавад, Френкел, инчунин, тезсуръаттарин аспи олам низ мебошад. Он солҳои гуногун, аз ҷумла дар мусобиқаҳои ҷаҳонии «Dewhurst Stakes» (G1, 1400 м), «Guineas S.» (G1, 1600 м), «Queen Elizabeth II Stakes» (G1, 1600м), «Sussex Stakes» (G1, 1600м), «Juddmonte International» (G1, 2000 м) ва амсоли инҳо пирӯз гардида, бо мукофотпулиҳои калон қадр гардидааст.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМЗОДА
ОЗОДИИ МУТЛАҚ?
Ҳини ба кор рафтан ба таксие нишастам. Ронанда бо ҳисси ифтихору қаноатмандӣ мегуфт, ки аз ҳама кори хуб дар дунё рондани таксӣ аст.
– “Худам шоҳу табъам вазир”. Ҳар коре хоҳам мекунам. Хоҳам кор мекунам, нахоҳам не. Касе ба ман супориш дода наметавонад. Ихтиёрам ба дасти худам аст, – гуфта, лаҷоми суҳбатро сахт дошта меистод.
Тоқатам тоқ шуду маънидорона гуфтам:
– Пас аз чароғак ба чап гард.
Аз англисӣ тарҷумаи Шодмон АБДУРАҲИМ
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
* Рожерио Мюкке Сени, дарвозабони бразилии бошгоҳи “Сан-Паулу” (1992-2015), чемпиони ҷаҳон дар соли 2002 бо тими миллии Бразилия, аз ҷониби ФИФА расман ҳамчун дарвозабоне эътироф шудааст, ки дар таърихи футбол аз ҳама бештар – 131 гол задааст. Ӯ соҳиби се рекорд: аз рӯи голҳои зада миёни дарвозабонҳо (131), гол аз зарбаи ҷаримавӣ (61) ва гол аз ҷаримаи 11-метра (69) мебошад.
* Рекорди гол дар ҳайати тими миллӣ бошад, ба Хосе Луис Феликс Чилаверт Гонсалес, дарвозабони тими миллии Парагвай, тааллуқ дорад. Чилаверт дар ҳайати тими миллии кишвараш 9 гол задааст. Ӯ, инчунин, ягона дарвозабонест, ки хет-трик кардааст. Ӯ, дар маҷмуъ, муаллифи 67 гол мебошад.
Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО
ГӮШТИНИ РАВҒАНӢ
Туркия ба ҷаҳониён як намуди нодири гӯштинро дод, ки «ягли гуреш» ё «гӯштини равғанӣ» ном дорад. Ин намуди варзиш дар замони Империяи Усмонӣ дар Балкан инкишоф ёфтааст. Хусусияташ дар он аст, ки паҳлавонон пеш аз задухӯрд ба тани худ равғани зайтун мемоланд.
Мусобиқаҳои ягли гуреш ҳеҷ гуна маҳдудият надоранд ва зӯрозмоиҳо метавонанд дар зери офтоби дурахшон соатҳо давом кунанд. Паҳлавонон, ки дар тан шими чармин доранд, ба нишони эҳтиром даст ба сар гузошта салом мегӯянд ва аз дегҳои маъмулӣ ба тани худ равғани зайтун мемоланд. Зӯрозмоиҳо таҳти садои нақора ва най сурат мегиранд. Мусиқӣ паҳлавононро ба ғалаба руҳбаланд мегардонад.
Имрӯз мусобиқаи гӯштини равғанин дар ҷашнвораҳои маҳаллии Туркия ва, инчунин, дар мусобиқаи ҳарсолаи Киркпинар, як намуд «Олимпиадаи туркӣ» баргузор мешавад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
Санаи нашр: 01.08.2025 №: 149