ДАРСИ ЗИНДАГӢ

05 август 2025, Сешанбе
26


– Мирзо, мебинам, ки чанд рӯз аст, дар хонаӣ, ба дарс намеравӣ? Ё аз донишгоҳ ронда шудӣ?
– Не, муаллим, донишгоҳро хатм кардам.
– Пас, барои чӣ бекор мегардӣ?
– Дар шуъбаи маорифи ноҳия (Восеъ) мудир гуфт, ки бо ҷойи кор таъмин карда наметавонем.
– Зуд бош, либосатро иваз бикун, меравем пеши мудир. Ӯ туро шинохт?
– Чӣ хел намешиносад? Шинохт, аммо...
Дар идораи шуъбаи маориф муаллим рӯ ба фарзандаш (мудир) оварда, мегӯяд: “Сарихон, Мирзоро нашинохтӣ?! Намедонӣ, ки ҳамсояи мо аст?!
– Шинохтам, аммо падараш бо шумо дар ҷанг шуду қаҳрӣ аст-ку?!
– Э, бар падарат..., қариб буд гуфта будам. Падараш бо ман қаҳрӣ аст, бачаи ӯ чӣ гуноҳ дорад?! Зуд ягон ҷойи кораш биёб, донишгоҳро хатм кардааст. Фаромӯш накун, ки ӯ муаллим мешавад, аз мо, рафторамон, муносибатамон чӣ меомӯзад? Фарзандони мардумро чӣ гуна тарбия мекунад? Дар ин бора андешидаӣ? Ба кирдори падараш хурда нагир. Мо ҳамсоягӣ дорем, боз оштӣ мекунад, хатояшро мефаҳмад, узр мепурсад. Одам як умр наметавонад қаҳрӣ бошад. Шояд шарм бидорад, ман пешдастӣ мекунам, мегӯям, ки гузаштаро фаромӯш намоем, ҳамдигарро бубахшем. Савоб насиби касе аст, ки дар ин гуна маврид пешдастӣ мекунад. Ман хостам, ки ӯ соҳиби савоб шавад.
Мирзо, аз он рӯз, ки беш аз 40 сол мегузарад, бо дахолату пешниҳоди ҳамсояи муаллимашон Шералӣ Турахонов омӯзгор таъин мешавад. Ин рухдодро худаш қисса мекунад ва дар ҷамъбаст мегӯяд: “Инсонҳо ҳамин тавр некхоҳ буданд, ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз мекарданд. Ин рухдод, муносибат бароям беҳтарин дарси зиндагӣ буд”.
Шералӣ Турахонов, агар бигӯем, ки ҳамаи неру ва зиндагии худро ба соҳаи маориф бахшид, хато намешавад. Дар синфҳои ибтидоӣ дарс мегуфт. Ҳар падару модар дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ мехост, ки фарзандаш ба синфи ӯ роҳ ёбад.
Ин омӯзгори асил дар деҳа нахустин шуда барои заҳмати муаллимиаш, тарбияи дурусти хонандагон бо автомобили “Москвич” қадр шудааст. Онро ба фарзандаш бахшид. Бахшиду гуфт: “Бояд ту ҳам аз заҳмати омӯзгорӣ соҳиби мошин бишавӣ ва онро чун ман ба фарзандат тақдим бикунӣ”.
Шералӣ Турахонов омӯзгоре буд аз вазъи ҳаррӯзаи ҷаҳон огоҳ. Усулҳои нави таълимро дар мактаб ҷорӣ мекард ва дигаронро талқин менамуд, ки ин касбро такмил бидиҳанд, азбаски он фориғболиро дӯст намедорад.
Бешак, ӯ ҳамчун мутахассиси синфҳои ибтидоӣ дар мактаб ягона буд.
Агар чандин сол пеш аз дунё реҳлат карда бошад ҳам, номаш ба некӣ вирди забонҳост. Мегӯянд, ки дар шахсияти ӯ бештару беҳтар дарёфтем, ки омӯзгорӣ на танҳо касб, балки ҳунар низ будааст, ҳунари худододӣ.
– Ин гуна омӯзгорон дар сад сол як бор ба дунё меоянд.
– Фақат омӯзгори мактаббачагон набуд, омӯзгори тамоми аҳли деҳа маҳсуб мешуд.
– Омӯзгору таълимдиҳандаи ахлоқи ҳамида буд.
– Ҳеҷ як дақиқаи дарсро беҳуда сарф намекард.
– Дар ҳузураш ҳама забонрову дилро нигаҳ медошт. Шералӣ Турахонов аз канори кӯдакону ҷавонон, ки мегузашт, онҳоро насиҳат мекард, раҳнамоӣ менамуд. Насиҳатҳои муфиди ӯро аз ёд карда будем ва баъдҳо он ҳама дар кору рӯзгорамон суд бахшиданд, - мегуфтанд бархе аз сокинони деҳа.
– Шукр, умри дарози бобаракат дид ва файзаш ба ҳама расид, - гуфт мӯйсафеде.
– Ӯ чун омӯзгори асил зода шуд ва ҳамон тавр оламро падруд гуфт, ки ин на ҳар муаллимро насиб мегардад, - мегуфт сарвари таълимгоҳ.
Махсусан, онҳоеро, ки ӯ дарс додаву тарбия кардааст, бо ин устоди забардаст ифтихор доштанду доранд. Албатта, ин барои омӯзгори ҳақиқӣ давлати бузургу ҷовид маҳсуб мешавад.
Чароғеро, ки омӯзгори асил меафрӯзад, ҳеҷ гоҳ хомӯш намешавад. Воқеан:
Аё устод, ҳаргизат фаромӯшат нахоҳам кард,
Чароғӣ дар дили шогирд, хомӯшат нахоҳам кард.

Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.08.2025 №: 151