ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ДАСТАРХОНИ СУРХ”. ДАЪВАТИ РАССОМ БА СУФРАИ ЭҶОД

“ДАСТАРХОНИ СУРХ”. ДАЪВАТИ РАССОМ БА СУФРАИ ЭҶОД

01 май 2023, Душанбе
40
0


Давоми чанд соли фаъолият дар саҳнаи тасвир талош варзидам, то хешро дар олами рангҳо ташаккул диҳам. Хештанро маҳз аз даричаи рангҳо ҷӯям ва маърифат кунам. Дилгармиву дилангезии вуҷудамро бо рангҳо оро диҳам ва парешониву хушҳолӣ ё таскини руҳамро бо рангҳо фалсафасозӣ. Нигораҳоям бо рангҳои сурх таҷаллӣ меёбанду розҳоямро бо рангҳои гарм боз мекушоям. 
Дар санъати тасвирӣ қолабе вуҷуд дорад бо номи системаи даврӣ, ки аз юнониёни қадим сар карда, то ба нобиғаи давраи Эҳё - Леонардо да Винчи, инчунин   дар осори олимон  Нютон, Освалд, Гёте ва ҳамин гуна дар айни ҳол  маъмултарин доираи рангии Иттен  ҷой дорад. Барои зебо ва ҳамоҳанг будани асар, рассомон, тарроҳон ва, умуман, эҷодкороне, ки бо ранг сару кор доранд, аз ин система фаровон истифода мебаранд. Ҳамоҳангии рангҳо низ, табиати инсонро болида ва дилгарм месозад. Андешаҳо  ва розҳои даруниро дар тасвир рассом баъзан ноогоҳона меофаринад, ки ҷойи шигифт ҳам ҳаст.  Агар ташвиш ва шодиҳои зиндагиро сароянда бо садо, мутриб бо наво, шоир бо сухан, меъмор бо фазо, коргардон бо образ кушояд, рассом бо ранг маънӣ мебахшаду асарашро баъдан таърих баҳогузорӣ мекунад. Ин аст, ки яке аз далелҳои  таърихи пайдоиши оламу одамро то ба имрӯз дар осори ҳунармандон, адибон, меъморон ва рассомон дар осорхонаҳо бештар дидан мумкин аст.  
Рангҳо аз зарраҳои нур иборат буда, асосан, тавассути чашм  онро мебинем, аммо намедонем, ки он тавассути пӯст, мушакҳо ва ҳатто устухонҳо дар ҳастии мо ҷо мешавад ва бо ҳиссиёту тафаккур бо он бархӯрд мекунем. Забони ранг байналмилалӣ буда, абзор ва ташвиқоти рангӣ аз чашму ақл ба маркази пешбарандаи системаи асаби мо интиқол мешавад.  
Ранги сурх ба психология ва ҳиссиёти банда низ, сахт алоқамандӣ дорад. Маҳз ранги сурх аст, ки завқамро сахт ба боло бурдаву марзи эҳсосро убур кардааст. Ҷилваи воқеаҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ, ҳолати хастагӣ ва хушҳолиямро маҳз бо ранги сурх баён мекунам. Гоҳо фикр мекунам, ки аксари меваҳо баъди пухтан чаро ранги сурх мегиранд. Ё поёни рӯз домони осмони нилгунро шафақи сурх мегирад. Дар илм радиатсияи дарозии мавҷи сурх аст, ки мо онро нисбат ба дигар рангҳо зуд мушоҳида мекунем. Дар олами наботот, ба гуфтаи Маркварт антотсианинҳо ба меваҳо ранги сурх медиҳанд. Ё бемореро мушоҳида кардам, ки аз ранги сурх ва аз меваҳои ранги сурхдошта парҳрез дорад. Аҷиб дар он аст, ки устодам низ аз ранги сурх парҳез дорад. Хеле мехостам, ки ҳарчи зудтар шифо ёбанду дар намоиши тозаэҷодам дар барам ҳамчун кӯҳ истода бошанд. Беқарории қалбӣ ва роҳеро, ки бароям ҳамвор сохта буданд, бубинанд. 
Ин чи ташвиши ширине аст, ки ман то кунун бо ин эҳсосу андеша рангпардозӣ мекунам. Фикр мекунам, муҳим мазмуну муҳтавои асар ҷолиб ва муассир бошад. Моҳияти рангҳо ва равиши услубҳои асарро дар осори рассомон, санъатшиносон  беҳтару хубтар дарк мекунанд. Имрӯз фурсат ва хоҳиши баланди эҷодӣ маро имкон медиҳад, то мушоҳидаҳоямро рӯи матоъ ё қоб биёрам ва ором бигирам. Аз ранге ба ранг интихоби банда нест, балки ранг аст, ки маро пайгирӣ мекунад. Барои ман низ бозӣ бо ин ранг хушоянд ва ба руҳи ман созгор аст, то бо он ормонҳои ниҳонии худро ифшо созам. Хомаҳоям сурх бошанд ё мӯйқалам ба ранги сурх тар шавад, қалбам таскин меёбад. 
Марҳабо ба меҳмонии ин дастархони рангини кошонаам – дастархони  сурх, то шояд тавонам лаҳзае ба қалбатон оромиву ба руҳатон болидагӣ бахшам ва нигоҳи шуморо ба имрӯзу фардо мунавварру рангин созам!

Далер МИҲТОҶОВ, 
устоди Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов

ЁДДОШТ: Хонандагони рӯзнома огоҳанд, ки Далер Миҳтоҷов аз мусаввирони номвару мониқалами тоҷик буда, асарҳояшро дар дохилу хориҷи кишвар ба намоиш гузоштаанд. Офаридаҳои ӯ бо фалсафаи амиқ ва сабки вижа баҳои баланди мутахассисони соҳаро сазовор шудаанд.  
Намоиши навбатии Далер бо номи “Дастархони сурх” санаи 5 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ошиқони ин навъи санъати нафисаро интизор аст. 

Санаи нашр: 01.05.2023 №: 90
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив