ШОИРОН ПАЙҒОМРАСОНИ ВАҲДАТАНД
Дар арафаи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 21-уми июни соли 2025, дар кохи фарҳанги ноҳияи Ховалинг маҳфили адабӣ бахшида ба 80-солагии шоири ширинкаломи зиндаёд Ҳабибулло Файзулло барпо гардид, ки дар он меҳмонони зиёде аз аҳли зиёи пойтахти Тоҷикистони азиз – Душанбе ва дигар гӯшаву канори мамлакат ширкат варзиданд. Дар ин ҳамоиши фарҳангӣ, ки бо ибтикори фарзандон ва пайвандони ин шоири орзупарвари ормонӣ роҳандозӣ шуда буд, ширкаткунандагон дар баробари роҳи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии адиб тавассути намоиши осорхонаҳо аз таърих, урфу одат ва фарҳанги волои мардуми меҳмоннавозу адабпарвари ноҳияи Ховалинг ошноӣ пайдо карданд.
Воқеан, агар танҳо ба адабиёти давраи нав назар кунем, дар ин гӯшаи зебоманзари Ватан аз устод Сайдалӣ Вализода сар карда, адибону суханварони бисёре аз худ дарак доданд, ки бо осори гаронбаҳои худ дар ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат маълуму машҳур мебошанд. Сокинони ин минтақаи сарсабзу хуррам аз давраҳои пеш дар ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат саҳми муносиб доранд. Бинобар ин, ин диёр ҳамеша таваҷҷуҳи фарзандони варзидаашро ба худ мекашад, онҳо дар куҷое, ки аз дохил ва хориҷи мамлакат бошанд, бо ёди он умр ба сар мебаранд ва ҳамвора дар фикри зиёрати қадамгоҳи ниёгон мебошанд.
Шодравон Ҳабибулло Файзулло ҳам фарзанди ҳамин диёр ва аз ҷумлаи шоироне мебошад, ки умри кӯтоҳ насибаш гашта, вале аз худ мероси бое боқӣ гузоштааст, ки ӯро асрҳо зиндаву ҷовид нигоҳ медорад. Дар адабиёти давраи нави тоҷик номи Ҳабибулло Файзулло дар қатори шоирони барҷастаи солҳои 60 ва минбаъда Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулназар, Алимуҳаммад Муродӣ садо медиҳад. Ба фикрам, Ҳабибулло Файзулло бевафоии умри худро эҳсос мекард, бинобар ин, барқвор корҳоеро анҷом дод, ки Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва Ғоиб Сафарзодаи ормонӣ басо таъҷилӣ ба субут расондаанд. Агар аз Пайрав ҳамагӣ ду маҷмуа ва аз Ҳабиб Юсуфӣ ва Ғоиб Сафарзода таҳо як маҷмуа дар зиндагиашон рӯйи чопро дида бошад, аз Ҳабибулло панҷ маҷмуа – «Қатраи борон», «Дунёи ҷавонӣ», «Афсонаи дарё», «Достони роҳ», «Дидори орзуҳо» ба забони модарӣ ва як маҷмуа – «Яблонка» ба забони русӣ ба чоп расид ва, хушбахтона, бо ибтикори шодравон Шоҳҳайдар Ёдгорӣ ва ҳамсару фарзанди барӯманди шоир – Сафиябону ва Беҳрӯз осори дар бойгонии шоир буда ҳам ба хонандагон пешниҳод гардид.
Шоири воломақом Сайидои Насафӣ фармудааст:
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Хушбахтии Ҳабибуллои ҷавон дар он буд, ки ӯ ду мураббии соҳибтаҷриба ва меҳрубону сахтгир дошт, яке устод Сотим Улуғзода ва дигаре устод Соҳиб Табаров. Ҳабибулло Файзуллои соҳибистеъдод тавассути сарпарастии устод Улуғзода ҳангоми таҳсил дар мактаби олӣ чун шоир шинохта шуд ва баъди хатми донишгоҳ соли 1966 маҷмуаи аввалинаш бо номи «Қатраи борон» чоп гардида, соли 1967 дар синни 22-солагӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР пазируфта шуд. Ва устод Табаров барои сайқал ёфтан ва ба меҳнати эҷодӣ ҷиддан таваҷҷуҳ пайдо кардани ин истеъдоди нодир мусоидат намуд.
Дар аввалҳои маҷмуаи «Ёдномаи Ҳабибулло Файзулло», ки соли 2005 ба муносибати 60-солагии шоир чоп гардидааст, мақолаи устод Табаров бо номи «Меҳнат ва ҷустуҷӯ асоси самарии эҷодист» ҷой дорад. Дар ин мақола, ҳамчунин, баъзе мактубҳои устод ба шогирдаш Ҳабибулло оварда шудааст. Банда аз дафтари «Таассуроти ақлу дил»-и устод Табаров қайдҳои дар солҳои 1968 ва 1969 сабтгардидаро варақ задам ва баъзе мулоҳизаҳои аҷибро дастрас кардам, ки мехоҳам ба хонанда расонам. Ин мулоҳизаҳо аз самимияти устоди ғамхор ба шогирди соҳибистеъдод дарак медиҳанд:
Шанбе, 15-уми апрели 1968. Ҳабибулло шеъри хубе навиштааст. Омада хонда рафт. Ҳабибулло Файзулло шоири хуб мешавад.
22.04.1968, душанбе. Ҳабибулло Файзуллоев, агар вайрон нашавад ва вайронаш накунанд, ояндаи назмамон аст. Аммо ҳоло ҳам ҷои кор надорад.
2. 05. 1968. Умуман, Муъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Ҳабибулло Файзулло баринҳо ояндаи адабиётамонанд. Шоирону мутарҷимони рус паҳнкунанда ва тарғиботчии эҷодиёти онҳоянд. Беҳтарин шеърҳои онҳоро тез-тез дар “Литературная газета,, ва “Дружба народов,, (алалхусус) чоп кардан лозим аст. Афсӯс, ки чандин шеърҳои беҳтарини ин қабил ҷавонон ҳоло тарҷума нашудаанд.
8. 05. 1968. Имрӯз хабари хуше шунидам. Ҳабибулло Файзулло баъд аз беасос аз кори «Ҷавонони (Комсомоли) Тоҷикистон» ронда шуданаш чанд ҳафта бекор гашт ва кор мекофт…, ҳоло дар Тоҷикматлубот Ҳабибулло Файзуллоро ба кор қабул карданд. Акнун дар 23 ҳаст, оянда дорад.
13.05. 1968. Ҳабибулло Файзулло ду шеъри навашро хонд: шеър дар бораи дарёи кӯҳӣ, ки водиҳоро ободу обшор мекунад, хеле хуб аст. Агар ба бадеиёт, санъати шеърӣ андаке зиёдтар аҳамият диҳад, шоири мумтоз хоҳад шуданаш.
Воқеан, ашъори Ҳабибулло Файзулло аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва сабку услуби баён хеле диққатҷалбкунанда ва хотирмон буда, аз фалсафаи зиндагии халқ об мехӯранд ва ашъори классикони барҷастаи адабиётамонро ба хотир меоранд. Чи қадар ҳакимона ва андешабарангез аст абёти гӯшнавози ин шоири ҳамешаҷавони нозукхаёл:
Абр аст чу амвоҷу само баҳри бузурге,
Туфони ҳаводис нашавад садди раҳи мо.
* * *
Ранг дуздад Офтоб аз нақши даври доманат,
Ахтарон бигрифта ҷо дар муҳраҳои гарданат.
* * *
Дардошно нагардад он ки зи дард дур аст,
Бинотар аз нигоҳаш сад бор чашми кӯр аст.
* * *
Ватан дар синаам бо ин бузургӣ
Ба монанди диле маъво гирифтаст.
Руҳаш шод ва хонаи охираш обод бошад, ин суханвари асили майдони ҳунарро.
Аламхон КӮЧАРЗОДА, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои филология
Санаи нашр: 11.08.2025 №: 154