ТАНЗИМ. НАҚШИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ФАРОВОНИИ РӮЗГОРИ МО

11 август 2025, Душанбе
44
Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» мардуми кишвар ба марҳалаи нави рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ворид гардид. Ин Қонун санади ҳуқуқӣ ва заминае барои ислоҳоти ҷиддӣ дар фарҳанги баргузории ҷашну маросим гашт.
Бо мақсади татбиқи Қонун дар ноҳияи Айнӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд. Танзими ҷашну маросим василаи муҳими тарғиби фарҳанги сарфакорӣ, худшиносӣ ва зиндагии шоиста барои ҳар сокини кишвар маҳсуб меёбад.
Дар ноҳияи Айнӣ 9 комиссияи доимӣ ва 59 комиссияи ҷамъиятӣ вобаста ба танзими ҷашну маросим фаъолона кор мебарад. Аъзои комиссияҳо пайваста бо сокинон вохӯриҳо доир намуда, мақсади Қонунро тавзеҳ медиҳанд, хурофоту таассубро маҳкум намуда, мардумро ба фарҳанги асили миллӣ ва сарфакорӣ ҳидоят месозанд.
Бино ба иттилои муовини раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода, дар шаш моҳи аввали соли равон як маҷлиси умумии комиссия, 5 семинару машварат ва 19 мулоқоту вохӯрӣ баргузор шуда, 330 муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон баррасӣ гардидааст.
- Албатта, бо татбиқи Қонун ба таъмини суботи иҷтимоӣ ва фарҳанги сарфакорӣ даст меёбем. Хонаводаҳое, ки пештар бо душворӣ тӯй ё маросиме мегузаронданд, акнун бо харҷи нисбатан кам метавонанд маъракаҳояшонро дар сатҳи арзанда баргузор созанд, - афзуд Фарҳод Мукаррамзода.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.08.2025 №: 154