МУҲОҶИРАТ. ЭҲТИРОМИ МО ДАР ДАСТИ ХУДИ МОСТ
Вақте мо ҳунар дорем ва ҳам чашми кордон, чаро ба кишвари бегона бе суроғаи аниқ, бидуни гузоштани шартҳои худ роҳи сафар пеш мегирем ва худро ба раҳгумию муттаҳамӣ меандозем? Албатта мо ниёзманди ҷойи кори беҳтарему аммо дигарон аз ин даҳчанд зиёд ба кору ҳунари мо эҳтиёҷ доранд. Дигар ҳунар ва заҳмати худро бояд кам нагирем. Дархостҳои ҳамарӯзаи даҳҳо ширкату соҳибкорон аз кишварҳои гуногун, монанди Россия, Англия, Арабистони Саудӣ, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, ба Тоҷикистон барои ҷалби коргарон исботи ҳамин аст. Ҳамзамон, даврони додугирифтҳои электронӣ мебошад, ки дар самти шартномабандиҳои меҳнатӣ бо корфармои хориҷӣ низ аз ин усул кор бояд гирифт.
Замоне фаро расидааст, ки бидуни саргардонӣ дар кӯчаҳои шаҳри бегона аз даруни хона нишаста, мувофиқ ба малакаву қобилияти худ кору музди хости дилро бояд интихоб намоем. Аз тариқи сомонаҳо бо корфармо гуфтугӯи бевосита анҷом дода, бо шароит ва музди кор шинос шавем. Ҳамчунин, метавонем, тавассути дигар манбаъҳо шароиту музди корро дар ширкати интихобкардаамон омӯхта, то куҷо ҳақиқат доштани ваъдаҳои корфарморо дақиқ намоем. Сипас, интихоб кунем, ки ба куҷо бо кадом шарту шароит барои кор сафар намоем. Барои ташкили чунин тарзи муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо ба роҳ мондани шартномаҳои меҳнатии электронии фосилавӣ имконпазир мегардад. Пас, чӣ бояд кард?
Ба гуфтаи Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ба роҳ мондани чунин тарзи шартномабандӣ ё интихоби кор дар хориҷа тавассути сомонаҳои махсус яке аз беҳтарин роҳҳои идора кардани қувваи корӣ аст.
– Бисёре аз шаҳрвандони мо то имрӯз бидуни аниқ намудани ҷойи кор ва шароиту музди он ба хориҷ роҳи сафар пеш мегиранд, ки оқибат боиси сарсонию мушкилиҳои зиёди онҳо мегардад. Албатта, мушкили коргарони тоҷик дар хориҷ боиси ташвиши мо низ хоҳад буд. Ҳолати номуайянӣ дар интихоби ҷойи кору зист ва шароити он сабаби бекор мондан ва ҳам номукаммалии ҳуҷҷатҳои будубош низ мебошад. Агар шаҳрванд пеш аз сафар ҷой, шароит ва музди кор, макони зистро дақиқ карда, сипас, ба он ҷо равад, ба зудтар мутобиқ шудани ӯ ба кору зиндагӣ дар кишвари бегона мусоидат мекунад.
Хушбахтона, қисме аз шаҳрвандони мо, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, сохтмон, роҳсозӣ, хизматрасонӣ, логистика, аллакай, малакаю таҷрибаи воло касб кардаанд, чанд сол боз аз усули шартномабандиҳои электронӣ бархӯрдоранд ва ин тарзи муҳоҷирати меҳнатӣ барояшон нав нест. Масалан, соли чорум аст, ки ширкатҳои бузурги саноатию кишоварзии Британияи Кабир ба таври электронӣ аз Тоҷикистон коргаронро қабул мекунанд. Хоҳишмандони кор дар хориҷа ба сомонаи онҳо ворид шуда, анкетаро пур намуда, бо шароити ҷойи кору макони зист ва музди он шинос мешаванд. Пас аз ин, маълумот дар бораи шахсияти худро бо нусхаи электронии ҳуҷҷатҳо ворид месозанд. Дар ниҳоят корфармо баъди омӯхтани маълумоти шахсӣ коргаронро ба гурӯҳҳо тақсимбандӣ намуда, худаш аз фурудгоҳ қабул мекунад. Бо чунин тарзи кор ҳоло касе он ҷо дучори мушкил нашудааст, ба қавле беруни дар ё бекор намондааст.
Шариф Норзода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ба ин бовар аст, ки вақте ширкат барои қувваи корӣ муроҷиат мекунад, он маҷбур мешавад, ки барои ҳавасмандии коргар музди муносиб, ҷойи хоб ва таъмини хӯрокро ба инобат гирад. Ҳоло муроҷиати ширкатҳо ба Тоҷикистон барои ҷалби қувваи корӣ рӯз ба рӯз меафзояд.
Ба иттилои номбурда, имрӯзҳо корфармоён, аллакай, ҳангоми ҷалби қувваи корӣ аз кишвари мо, ба мисли Россия, Давлати Қатар, Англия, Кореяи Ҷанубӣ, Булғория, Литвия, Арабистони Саудӣ, баробари музди муносиб хароҷоти сафар, таъминот бо ҷойи зисту хӯроки гармро ба уҳда гирифта истодаанд.
– Маоши пешниҳодкардаи ин корфармоён ба ғайр аз ҷои зисту хӯрок, харҷи роҳ, 650-1000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Онҳо, асосан, ба коргарон дар соҳаҳои сохтмон, истеҳсолот, логистика, боркашонӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ ва савдо ниёз доранд. Сафарбарии коргарон ба ин кишварҳо хуб ҷараён дошта, яке аз шартҳои асосии корфармоёни хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои куриёӣ, ҷопонӣ, арабӣ, донистани забони онҳо дар сатҳи муошират мебошад. Барои забономӯзӣ ҳоло дар марказҳои таълимии назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин, муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ шароити зарурӣ муҳаёст, – гуфт Шариф Норзода.
Ин ва далелҳои зиёди дигар гувоҳи онанд, ки дар маҷмуъ, бо шартномаҳои меҳнатии фосилавии басташуда рафтани шаҳрвандон ба хориҷ беҳтару бехавф аст, хусусан барои касоне, ки бори аввал ба кишвари бегона сафар мекунанду аз нозукиҳову хатарҳо огоҳ нестанд. Ҳамзамон, бо роҳи шартномабандии тарафайн сурат гирифтани муҳоҷирати меҳнатӣ сабаб мегардад, ки дар асоси рӯ задани ниёзмандии корфармоёни хориҷӣ дар назди коргарони кишвар мувозинати яксону муносибати боадолат таъмин мешавад ва касе ба муттаҳамсозии миллатгароёна даст зада наметавонад. Ҳоло, ки ба қавли Солеҳа Холмаҳмадзода, дар садди роҳандозии “муҳоҷирати муташаккилона” қарор дорем, дар ин маврид боз ҳам пеша кардани таҳаммул ва корбарии ҳамаҷониба зарур аст, то як механизми мукаммали муҳоҷирати тахассусманду самаранок падид ояд, ки ҳама бесарусомониҳои нофарҷоми кор дар хориҷро барҳам занад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.08.2025 №: 155
