ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

12 август 2025, Сешанбе
22
Милитсия амалкарди ҷавонони кордбадастро тафтиш мекунад
Кормандони милитсия дар пойтахти мамлакат амали ду ҷавонеро мавриди тафтишот қарор додаанд, ки дар содир намудани ҷинояти авбошӣ гумонбар мешаванд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, 5-уми августи соли ҷорӣ ҷавонони 18 ва 20- сола дар кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур аз ҳиссиёти авбошӣ бо ду ҷавони дигари сокини пойтахт муноқиша кардаанд. Дар пайи ин моҷаро ҷавони 20-сола бо истифода аз корд ба ҷавони 23-сола зарба задааст, ки дар натиҷаи ин амал ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Боздошти марде, ки дар Хуросон дуздӣ кард
Як сокини ноҳияи Хуросон, ки маркази матбуоти ВКД аз ӯ марди 68-сола ном мебарад, ба мақомоти милитсия аз дуздида шудани маблағҳояш аз манзили истиқоматӣ шикоят бурдааст.
Дар хабари сомонаи ВКД гуфта мешавад, ки ба иддаои ин мард 7-уми августи соли 2025 домодаш бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 6 ҳазору 600 сомонӣ ва 20 ҳазору 500 рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар умум, зарари расондашуда 9 ҳазор сомониро ташкил дода, шахси гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ муайян ва тафтишот дар ин самт оғоз шудааст.
Баҳси 300 ҳазор сомоние, ки ба суроғи “Дулан” рафт
Дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солае дастгир шуд, ки дар содир намудани кирдори қаллобӣ айбдор мешавад.
Тавре маркази матбуоти ВКД дар ин бора хабар дод, ин мард моҳи январи соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун даромада, аз ӯ 300 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази ин маблағ як адад воситаи нақлиёти тамғаи “Дулан” оварда медиҳад. Аммо то ҳол аз мошини ваъдашудаи борбар дарак набуда, гумонбаршаванда маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Дар робита ба ин нисбати гумонбар бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.08.2025 №: 155