КУРУШИ КАБИР. АЗ ТАЛАБИ ИЛМУ ҲИКМАТ ТО ТАРҒИБИ РОСТИВУ ДУРУСТӢ
Бо таъсиси Созмони Милали Муттаҳид ҳифзи ҳуқуқи инсон яке аз вазифаҳои муҳимтарини ин Созмони бонуфузи ҷаҳон эълон гардид. Ин буд, ки 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки ин санад сарчашмаи аввалини ҳуқуқи байналмилалии муосир ҳисобида мешавад. Вале, агар ба умқи таърих назар андозем, аввалин маротиба чунин санади ҳуқуқӣ дар замони мавҷудияти давлати бузурги Ҳахоманишиён аз ҷониби бунёдгузори ин давлат Куруши Кабир қабул шудааст.
Агар Куруши Кабир дар таърих аз як сӯ асосгузори бузургтарин империяи аҳди қадим эътироф гардад, аз ҷониби дигар ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон бузургтарин чеҳраи таърих эътироф мешавад. Дар “Курушнома”- и Ксенофонт омадааст: “Куруш нобиғаи бузург буд, ки тамоми умр ба ҳадафе муқаддас ва олӣ пайравӣ мекард. Ӯ дӯсти инсонҳо ва толиби илму ҳикмат, ростӣ ва дурустӣ буд”. Эъломияи Куруши Кабир дорои таърихи 2550-сола буда, арзишҳои муҳимтарини инсониро то кунун дар худ ҳифз кардааст. Дар ин санад арзишҳои зерини башарӣ ҷой дода шудаанд: манъ будани ҷабру ситам; барҳам додани ғуломӣ; бе пардохти арзиши воқеӣ нагирифтани моли каси дигар; озодии интихоби дину мазҳаб; фардияти ҷиноят ва ҷазо; озодона интихоб намудани ҷойи зист ва ғайра. Дар Эъломия аз номи Куруши Кабир се арзиши демократӣ, назири озодии интихоби ҷойи зист, озодии дину мазҳаб ва поймол накардани ҳаққу ҳуқуқи шахси дигар инъикос ёфтааст.
Дар фаъолияти давлатдории хеш Куруши Кабир меъёрҳои дар Эъломия зикршударо риоя ва амалӣ намудааст. Аз ҷумла, ҳангоми тасхири Бобул Куруш амнияти мардумро ваъда дода, онро нисбат ба аҳолӣ таъмин менамуд. Бо супориши ӯ маъбади Худои бобулӣ – Мадрук муҳофизат ва аз ғорат шудан эмин нигоҳ дошта шуд. Ҳангоми гирифтани Бобул Куруши Кабир нисбати яҳудиён, ки онҳоро аз зиндагӣ дар Ватани хеш маҳрум намуда буданд, иҷозати баргашт дод. Ин амали Куруш таъмини озодии дину мазҳаб дар қаламрави мамлакаташ ба ҳисоб меравад.
Ҳангоми таъсиси давлати бузурги Ҳахоманишиҳо Куруши Кабир меъёрҳоеро доимо риоя мекард, ки асоси Эъломияи ҳуқуқи башари ӯро ташкил медоданд. Ба лашкараш супориш медод, ки ҳангоми ҷанг набояд кишоварзон ва мардуми ғайрисипоҳӣ зарар бинанд. Шаҳри шикастхӯрдаро набояд ғорат кард. Ақидаеро эътироф ва риоя мекард, ки пирӯзӣ ба ҳеҷ кишваре, ба ҳеҷ миллате ҳуқуқ намедиҳад, ки халқи мағлубро асир кунад. Ҳамин бузургии Куруши Кабир дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мебошад, ки файласуфи бузурги Юнони Қадим Афлотун ба шахсияти вай чунин баҳо додааст. “Куруш сарвари бузург буд. Дар замони ӯ ориёиҳо аз озодӣ бархӯрдор буданд ва бар бисёр миллатҳои дунё фармонравоӣ мекарданд. Ба илова ӯ ба ҳама миллатҳое, ки зери фармонаш буданд, ҳаққу ҳуқуқи озодӣ бахшид, аз ин рӯ, вайро ҳама дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд.”
Воқеан, Эъломияи Куруши Кабир бузургтарин санади меъёрии ҳуқуқии на танҳо мардуми ориёӣ, инчунин, тамоми башарият ба ҳисоб меравад. Дар бастагӣ ба арзиши волои Эъломия, агар он аз як тараф бузургии шахсияти Куруши Кабирро нишон диҳад, аз сӯи дигар дараҷаи баланди мардумсолории аҷдодони халқи тоҷикро ҳангоми давлатдории онҳо исбот мекунад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Ҷашни 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир тадбирҳо андешида, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 зикр намуданд, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Сарвари давлат дар идомаи ҳамин мавзуъ таъкид карданд: “Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Бо ин мақсад, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд».
Басонат НЕЪМАТЗОДА,
хонандаи Муассисаи таълимии
давлатии Мактаби президентӣ
дар ноҳияи Данғара
Санаи нашр: 13.08.2025 №: 156
