ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Нафси саркаш боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ шуд
Як корманди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “САРДОР – 2008”-и шаҳри Бохтар бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба маблағи 175 ҳазору 104 сомонии ин коргоҳ дастгир шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбаршаванда ҳамчун намояндаи бахши савдои ҶДММ “САРДОР – 2008” бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ ба тасарруфи молу мулки ғайре, ки ба ӯ вобаста буд, даст задааст, ки миқдори маблағи зикршударо ташкил медиҳад.
Ҳоло дар робита ба ин амал, аз сӯи мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба гумонбар бо моддаи 245 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, ки бо истифода аз ваколати мансабӣ содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Боздошти ноболиғе, ки ба дуздии 2350 доллар гумонбар мешавад
Ноболиғи 17-солае, ки сокини ноҳияи Ашт гуфта мешавад, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб бо ҷурми дуздӣ ба дасти милитсия афтод.
Дар ин бора 12-уми август сомонаи ВКХ хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, ноболиғ ба дуздии 2 ҳазору 350 доллари ИМА аз дохили воситаи нақлиёти марбут ба марди 60-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб қарор дошт, гумонбар мешавад.
Боздошти гумонбар дар пайи муроҷиати соҳиби воситаи нақлиёт ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб сурат гирифта, ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
Милитсия ба дасти ҷавони муштзӯр завлона зад
Кормандони милитсия ба тафтиши аъмоли ҷавони 24-солае (сокини шаҳри Ваҳдат) оғоз кардаанд, ки ба қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар мешавад.
Ин ҷавон, ки аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд, 5-уми августи соли 2025 дар кӯчаи Ҷомии ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Айнӣ муноқиша карда, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расондааст.
Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.08.2025 №: 157
