ИСТИҚЛОЛ. МО ВА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИИ МО
Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Истиқлол дар маънои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ яке аз арзишҳои олитарини ҳар як миллат ва давлат ба шумор меравад. Ин мафҳум, ки дар ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун ҳуқуқи халқу миллатҳо ба худмуайянкунӣ шинохта шудааст, маънои соҳибихтиёрии комилро дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар дорад. Барои миллати тоҷик, ки дорои таърихи тулонии давлатдорӣ ва фарҳанги ғанӣ аст, истиқлол на танҳо падидаи ҳуқуқӣ, балки рамзи эҳёи миллӣ ва кафолати пойдории давлат аст.
Ба даст овардани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 як марҳалаи нав дар таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар мебошад, зеро кишвари мо баробари соҳибистиқлол гардидан имкони муайян кардани роҳи мустақили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба даст овард. Аммо истиқлол на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки масъулияти бузургест, ки талаб мекунад низоми қонунгузорӣ ва идоракунӣ мувофиқ ба талаботи давлати ҳуқуқбунёд ташаккул ёбад.
Бо қабули Конститутсия бо назардошти чунин як талаботи муҳим соли 1994 Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф гардид. Ин санади олии ҳуқуқӣ низоми тақсимоти ҳокимиятро муайян намуда, се шохаи асосӣ: қонунгузор, иҷроия ва судиро таъсис дод. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати рамзӣ, балки асоси ташаккули тамоми низоми қонунгузории кишвар гардид. Он принсипҳои ҳокимияти мардумӣ, волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дод.
Дар солҳои баъдӣ, яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ таҳкими ҳокимияти қонун ва рушди институтҳои давлатӣ гардид. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии қонунгузорӣ фаъолияташро ба роҳ монд. Мақомоти иҷроия ва судӣ низ дар асоси қонун ташаккул ёфтанд. Дар ин марҳала, қонунгузории миллӣ мутобиқ ба талаботи давлати ҳуқуқбунёд такмил дода шуд. Қонунҳо дар бораи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ, интихобот, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва дигар соҳаҳо қабул гардиданд.
Дар зарфи зиёда аз се даҳсолаи истиқлол, Тоҷикистон тавонист низоми қонунгузории миллии худро ба таври назаррас рушд диҳад. Дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, кишвар ба як қатор шартномаҳои байналмилалӣ ҳамроҳ гардид. Мақоми Суди конститутсионӣ таъсис ёфт, ки ҳифзи Конститутсия ва мутобиқати қонунҳоро ба он таъмин мекунад.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 ҳадафҳои возеҳро барои таҳкими истиқлолият ва рушди давлати ҳуқуқбунёд муайян кардааст. Дар маркази ин стратегия баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, густариши ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун қарор дорад.
Тоҷикистони азизи мо давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае, дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.
Истиқлол барои Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як воқеаи таърихӣ нест, балки асоси пойдории давлат ва кафили рушди сиёсӣ-ҳуқуқӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи арзишҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Бино бар ин, моро зарур аст, дар ҳамбастагӣ, эҳтиром ба қонун ва садоқат ба арзишҳои миллӣ пояҳои истиқлоли давлатиамонро таҳким бахшем.
И.Қ. СОБИРЗОДА,
муовини якуми прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, полковники адлия
Санаи нашр: 21.08.2025 №: 161
