ДАРВОЗ. ОЁ КАРОН ДУБОРА ХОКБАРСАР МЕШАВАД?

25 август 2025, Душанбе
87
Барои муайян кардани тамоми паҳлуҳои меъмориву таърихии қалъаи Карон ва аҳамияти ин ёдгории меъмориву фарҳангӣ ба бостоншиносон ва дигар мутахассисон зарур аст, ки корҳои ҳафриётиву омӯзиширо идома диҳанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Вақте мо – кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” хатти сафар ба ноҳияи Дарвози ВМКБ-ро ба хотири рушди сайёҳии дохилӣ бо шиори “Сафар дар Ватан” кашидем, бо дили пур тамошои қалъа ё шаҳраки таърихии Каронро ба нақша даровардем. Барои ҳамкорон низ шавқовар буд дидани ёдгории таърихие дар оғӯши кӯҳсорон. Чунки ҳафт сол пеш мо ин шаҳракро дидаву дар рӯзнома мақолаи калон ҳам чоп карда будем. Ҳамин тавр, рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ баъди тамошои пурфароғати “Чорчаман”-и Дарвоз хостем даме ба оғӯши таърих низ сафар намоем. Кош намерафтему бо таассуроти пешин мемондем ва то ин ҳад парешонхотир намешудем...
Як гурӯҳ кормандони идораро, ки байни онҳо бонувон ҳам буданд, ба баландии қариб 1700 метр аз сатҳи баҳр пиёда мебурдам. Дар пеши назар Карони соли 2018 дидаам ҷилвагар мешуд: қалъае дар пайи ковишҳои археологӣ бо боми пластикӣ, боҷхона, расадхона, майдони чавгон, амфитеатр, китобмони сангӣ, ҳавз, роҳравҳои ба замони гузашта мувофиқ азнавсозишуда, дегу зарфҳои сангӣ, нуқтаи шаробпазӣ, кӯзаҳои гул, чашмаи об ва як гурӯҳ хориҷиёни ба дидани ин қалъа омада. Он сол мақолае ҳам навишта будем: “Тоҷикистон. Дар ҳар ваҷаб замин таърих нуҳуфтааст”.
Ҳанӯз 8-уми октябри соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз сафар намуда, бо корҳои анҷомдодаи бостоншиносони тоҷик дар қалъаи Карон шинос шудаву гуфта буданд: “Тибқи сарчашмаҳои бостоншиносӣ шаҳри Карон дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон ёдгории камназир ба ҳисоб рафта, бо санъати меъмории махсус дар майдони 32 гектар ҷойгир шудааст. Бинои қалъа аз хишти пухта сохта шуда, лӯлаҳои сафолин ва дигар осори аз он кашфшуда шаҳодат медиҳанд, ки аҷдоди мо ҳанӯз дар замонҳои қадим дар ин минтақаи кӯҳистон дар баробари дигар пешравиҳо аз корезу гармоба ва дигар шабакаҳои обрасонӣ васеъ истифода мекардаанд”.
Ҳампешагонро дилгарм мекардам, ки ин қадар пиёдагардиву ранҷ беҳуда нест ва ҳатто дар боло чашма ҳам ҳаст. Вақте ба Карон расидем, манзараи ҳузнангез ва як вайронаи бесоҳиб моро “пешвоз” гирифту табъи ҳамаро хира намуд. Ҳарчанд такя ба масали “сари кафида зери тоқӣ” ба муаррифии гӯшаву канори шаҳрак талош мекардаму ҳар чи медонистам, бо дигарон ба ҳам медидам, аммо аз ҳолу ҳавои ҳамқаламон, ташнагии онҳо ва бетартибу бенизом афтодани ҳама буду набуди Карон, аз боду борон канда шудани бахше аз боми пластикии қалъа оташи чашму дилҳоро хирасӯз мекард.
Нақли моро рӯзноманигорони кунҷков дар бораи Карон мешуниданду саволҳо дар чашмонашон аён мешуд: ин ҷо аз об нишоне нест, тамаддун аз куҷост? Чаро ин қадар шаҳраки муҳими таърихӣ ба ин ҳол афтодаст? Чаро касе нигоҳубин намекунад? Ман пофишорӣ мекардам, ки ҳар чи мегӯям, аз қавли Юсуфшоҳ Яъқубов, академики АМИТ, бостоншиноси номвари кишвар аст, ки маҳз дар ҳамин ҷо ҳамроҳи ӯ суҳбат доштем.
Ниҳоят ба дари расадхонаи шаҳрак расидем. Дараш боз буду қуфлаш вайрон. Бо умед дар боз кардем. Шукр, ки лӯлаҳои обгузари гилии асрҳои рафта, асбоби ситорашиносии дар шакли хонаи занбӯр сохташуда, зарфҳои сангӣ, чор суфа дар чор кунҷи расадхона, сағонаҳо, ҷӯяҳои сангии шаробпазӣ ва дигар унсурҳои таърихӣ ҳамкоронро ҳам ҳайратзада карду ҳам шод. Ман низ оҳи сабук кашидам, зеро дар чеҳраи аҳли қалам нишонаҳои қаноат дида мешуд. Аз байни онҳо як шавқманди дигар савол дод: “Ин қадар ёдгориҳои таърихиро бенигоҳубин дар ин хонаи вайрона гузошта рафтаанд, ба яғмо баранд, чӣ мешавад?”
Ин савол устухон дар гулу буд. Ба шаҳри Душанбе расидему бо дилсӯзӣ ба сарнавишти Карон ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш занг задем. Сардори шуъбаи бостоншиносии пажӯҳишгоҳ Шуҳрат Мирзоев посух дод, ки имсол дар Карон корҳои ҳафриётӣ нашуд. Маслиҳат дод, ки ба Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоем. Рафтем ба суроғи директори ин Агентӣ. Хушбахтона, Шералӣ Хоҷазода дар суҳбат ба мо ҳама масъалаҳоро рӯшан кард. Бино ба гуфтаи ӯ, аз моҳи феврали соли 2025 азнавбарӯйхатгирии ёдгориҳои таърихӣ оғоз шуда, 3416 ёдгорӣ бояд омӯхта шавад. То ҷое огоҳем, шаҳраки Карон ба ин рӯйхат шомил нашудааст.
Бояд гуфт, ки нигоҳубини ёдгориҳои таърихӣ бар дӯши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар буда, вазъияти қалъаи мазкур аз талоши масъулони ноҳияи Дарвоз вобаста аст. Инро моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” низ тасдиқ мекунад: “Мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд ҳолати объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ воридшударо назорат кунанд ва дар панҷ сол як маротиба бо мақсади таҳияи барномаҳои ҷорӣ ва дурнамои нигаҳдории объектҳои мазкур ҳолати онҳоро таҳқиқ ва муайян намоянд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)”
Ҳамзамон, зикр кард, ки маҳз бо номаи махсуси мақомоти маҳаллӣ мо метавонем ёдгориҳои таърихии онҳоро омӯзем, ба барномаи вижа ворид намоем, то барои нигоҳубину парастории онҳо маблағ ҷудо шавад. Вақте онҳо беэътиноӣ мекунанд, аз кӣ гила бояд кард?
Идома наёфтани ковишҳо, бесоҳибу бепосбонии ин шаҳраки таърихӣ дили касро дар изтироб меандозад, оё ин шаҳри таърихӣ дигарбора харобазор мешавад?
Дар поёни матлаб аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ва АМИТ пурсиданием, ки Карон кай соҳиб пайдо мекунад ё бо ҳамин бори дигар асрҳо ба оғӯши хоку бод меравад?
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”,
Душанбе – Дарвоз – Душанбе
Санаи нашр: 22.08.2025 №: 162